Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақшҳои асосии Сайёра дар ду филми нави русӣ


Сайёра Сафарӣ дар филми "Гулчатай"
Сайёра Сафарӣ дар филми "Гулчатай"

Сайёра Сафарӣ, ситораи тоҷики синамои Русия, дар ду филми нав нақшҳои асосиро меофарад.

Сайёра Сафарӣ, ситораи тоҷики синамои Русия дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 18 ноябр гуфт, ки навори филми аввал бо номи рамзии “Отпуск ва декабре” (“Рухсатӣ дар декабр”) дар вилояти Талдиқурғони Қазоқистон шурӯъ шуд: “Мо барои чанд рӯз барои навори идомаи филм ба Маскав омадем ва аввалҳои моҳи декабр ба Қазоқистон бармегардем”.

Ба гуфтаи Сайёра, филми “Рухсатӣ дар декабр”-и таҳиягар Темур Алпатов, ки барои Шабакаи аввали телевизиони Русия таҳия мешавад ва қарор аст ибтидои соли оянда намоиш дода шавад, дар бораи ҷанги Афғонистон аст. Сайёра нақши асосӣ – ҳамшираи шафқатеро меофарад, ки ба майдони ҷанг меуфтад ва маҷрӯҳонро наҷот мебахшад, ҳарчанд филм бештар дар бораи муҳаббати ҳамшираи шафқат бо як афсари баландмақом аст:

Филми "Гулчатай"
Филми "Гулчатай"

“Ман бори аввал дар ин гуна филме, ки пайваста таркишҳо рӯй медиҳанд ва садои тирандозӣ ба гӯш мерасад, нақш меофарам ва дар аввал хело ҳам тарсидам”, иқрор мекунад Сайёра. Ба гуфтаи ӯ, бисёр мехост, ки ин филмро дар Тоҷикистон ба навор бигиранд, зеро манзараҳои Тоҷикистон ва Афғонистон бо ҳам шабоҳат доранд: “Таҳиягар ҳам дудила буд ва оқибат гуфт, ки дар даштҳои Қазоқистон навор гирифтани саҳнаҳои даргириҳо осонтар аст”.

Зимнан, таҳиягари филм Темур Алпатов - писари рассоми шинохтаи тоҷикистонӣ Анатолий Алпатов мебошад ва омӯзишгоҳи рассомии ба номи Олимови шаҳри Душанберо хатм кардааст. Кӯдакиву ҷавонии Темур дар пойтахти Тоҷикистон сипарӣ шуда, ӯ аз соли 1993 то соли 1997 дар шаҳри Душанбе ҳафт намоишгоҳи наққошиву аксҳои бардоштаашро баргузор кардааст. Баъди кӯчидан ба Маскав ба навори филму сериалҳо машғул шуд ва то имрӯз филму сериёлҳои хайёлие, аз ҷумла, “Чудо” (“Мӯъҷиза”),“Глухарь» (“Хурӯси кӯлӣ”) , “Безмолвный свидетель” (“Шоҳиди безабон”),“Под прикрытием” (“Маъмурияти сиррӣ”)-ро навор бардоштааст.

Филми дуввумро, ки Сайёра дар он нақши асосӣ – духтари нобиноро мебозад, таҳиягар Роман Пригунов (писари ҳунарманди маъруфи рус Лев Пригунов) рӯи навор меоварад. Навори ин филм рӯзҳои наздик шурӯъ хоҳад шуд. Ба гуфтаи Сайёра, филм қиссаи духтари нобиноест, ки ҳамроҳи дугонааш ба Маскав меояд ва бо ҷавоне вомехӯрад, ки аввал бо духтар чун бо як маъюб муносибат мекард, вале ошиқаш мешавад ва барои талоши дарку фаҳмиши дунёи як одами оҷизу нобино чашманашро мебандаду асои сафед ба дастмегирад.

Филми "Гулчатай!
Филми "Гулчатай!

Имсол Сайёра Сафарӣ дар сериёли “1001”, ки чун «филми тахайюлӣ» муаррифӣ шудааст, нақши қаҳрамони асосӣ Шаҳрзодаро бозид. Сериёл аз тариқи шабакаи аввали телевизиони Русия пахш шуд. «1001» бар асоси афсонаи машҳури шарқии «Ҳазору як шаб» таҳия шудааст, аммо ҳаводиси филм дар ду «олами шартӣ» сурат мегиранд – дар олами муосир бо биноҳои осмонбӯсу фановариҳои пешрафта ва дар «олами бостон» бо қасрҳои мӯҳташаму ҳарамхонаҳо ва сеҳргариву «нифоқҳо»-и дарборӣ. Таҳиягари филм Александр Котт дар мусоҳиба бо The Hollywood Reporter Russia гуфтааст, ки “1001” - афсонаи “Ҳазору як шаб” дар тафсири духтарест, ки дар рӯъёаш ба он олами бостон афтодааст.

Сайёра Сафарӣ, дастпарвари донишгоҳи театрии ба номи Шепкини шаҳри Маскав, аз ин пеш дар сериёлҳои «Десантура»-и Олег Базилев ва Виталий Воробев, «Гулчатай» ва «Гулчатай-2»-и Роман Просвирнин, «Дар интизори баҳр»-и Бахтиёр Худойназаров ва «Салом, Маскав»-и Павел Бардин нақшҳои асосиро офарида буд. Ҷамшед Усмонов, таҳитягари тоҷики муқими Париж, чанде пеш дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гӯшзад кард, ки мехоҳад Сайёраро барои иҷрои нақш дар филми наваш “Неразлучные” (“Дӯстони ҷудонашуданӣ”) даъват кунад.

Сайид Сафаров, падари Сайёра, дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ вориди олами синамо шудани духтарашро ҳам “мӯъҷиза” ва ҳам “тасодуф” хонда буд. Ба гуфтаи ӯ, Сайёра соли 2008 мактаби рақами 90-и шаҳри Душанберо бо баҳои аъло хатм кард ва волидайн умед доштанд, ки пешаи табибро интихоб мекунад. Худи Сайёра дар сар ҳавои таҳсил дар Амрикоро дошт. Вале сафари як гурӯҳи синамогарони рус ба Душанбе нақшаву барномаҳои зиндагии ӯро тағйир дод. Ин гурӯҳ барои навори филми “Десантура” ба Душанбе омад ва дар театри “Падида” барои нақши як тоҷикдухтар озмун эълон кард. Сайёра ҳамроҳи апааш Ситора ба кастинг рафт ва ғайриинтизор дар нақши асосӣ пазируфта шуд...

XS
SM
MD
LG