Хабари бекор шудани маҳдудияти истифодаи силоҳро барои Украина, рӯзи 17-уми ноябр нашрияҳои The New York Times, «Вашингтон Пост», хабаргузориҳои Ассошиейтед Пресс ва Ройтерс бо такя ба манобеи худ нашр карданд.
Кохи Сафед ин хабарро шарҳ надодааст ва ба дархостҳои Радиои Озодӣ низ фавран посух надод. Шӯрои Амнияти Миллӣ низ аз шарҳи ин хабар худдорӣ кард.
Вале агар ин хабар тасдиқ шавад, тағйироти ҷиддие дар сиёсати Амрико хоҳад буд. Ҳукумати Украина чанд моҳ аст, ки аз муттаҳидони ғарбиаш, бахусус Амрико дархост дорад, иҷозат диҳанд бо силоҳҳои гирифтааш ба дохилтари хоки Русия ҳамла кунад. Аммо кишварҳои ғарбӣ барои бадтар нашудани вазъ, ин иҷозаро надода буданд.
Раиси ҷумҳури Украина Владимир Зеленский ин хабарро расман тасдиқ накард, аммо гуфт, яке аз бахшҳои асосии «нақшаи пирӯзи»-и ӯ, ки ба муттаҳидонаш пешниҳод кард, ҳамла ба дохили Русия бо мушакҳои дурпарвоз мебошад.
Дар ҳамин ҳол хабаргузории “Ройтерс” бо такя ба манобеи худ хабар додааст, ки Киев қасд дорад нахустин ҳамларо бо мушакҳои дурпарвоз дар чанд рӯзи оянда анҷом диҳад. Аммо ин хабаргузорӣ ҷузъиёти бештари инро нашр накардааст.
“Ройтерс” бо такя ба се манбаи огоҳ аз ин масъала гуфтааст, ки Украина эҳтимол аз мушакҳои ATACMS истифода хоҳад кард, ки бо он мешавад, ба мавқеи душман дар масофаи то 300 километр ҳамла кард.