Ин филм аз 16 қисмат иборат буда, идомаи сериёли “Гулчатай” аст, ки соли гузашта яке аз сербинандатарин сериёлҳо дар Русия эътироф шуд.
Сайёра Сафарӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи чаҳоршанбе, 5 март, гуфт, ки “Гулчатай-2” соли гузашта дар Маскав, Абхозистон, атрофи шаҳри Шимкенти Қазоқистон наворбардорӣ шуд. Бар пояи сенария, қаҳрамони асосӣ Гулчатай ҳамроҳ бо тифл ва шавҳари наваш ба Осиёи Марказӣ бармегарданд. Аммо шавҳари пешинаш эҳсос мекунад, ки зиндагӣ бидуни Гулчатай ва тифлаш ғайримумкин аст ва талоши бо ӯ буданро мекунад. Сайёра мегӯяд, ки филм дар бораи имтиҳони сангини ишқ ва аҳду вафост.
Ба гуфтаи Сайёра, барои иҷрои нақшҳо дар “Гулчатай-2” таҳиягарон Роман Просвирнин ва Кира Ангелина ба ҷуз ҳунарнамони маъруфи рус Ирина Розанова, Марина Яковлева, Евгений Пронин, Наталия Солдатова, Иван Жидков, гурӯҳи ҳунармандони синамо аз Узбакистон ва Қазоқистонро ҳам ҷалб кардаанд. Ӯ меафзояд, рӯзҳои наворбардорӣ дар Қазоқистон, ки тақрибан якуним моҳ идома кард, бештар бо Дилбар Икромова унс гирифт. Ин ҳунарманди шинохта дар филм нақши бибии Гулчатайро офаридааст.
Сайёра мегӯяд, ки ин дафъа дар офаридани нақш чун дар филми аввали "Гулчатай" азият накашидааст ва ба назар мерасад, ки таҳиягарон ҳам аз бозияш розӣ буданд.
Сайёра дар сӯҳбат бо мо иқрор кард, ки қариб ҳар шаб Душанберо хоб мебинад ва аз он нороҳат аст, ки чанд сол боз ба хотири ширкат дар филмҳо аз имкони рафтан ба зодгоҳаш маҳрум мондааст. “Аммо меравам, шояд ба зудӣ, вале намегӯям, ки кай, зеро мехоҳам волидайнамро ғофилгир кунам”, механдад Сайёра. Ӯ ба суоли мо дар бораи имкони ширкаташ дар ягон филми истеҳсоли “Тоҷикфилм” мегӯяд, ки агар пешниҳоде дар ин бора шавад, онро қабул хоҳад кард, аммо фақат ба шарте, ки аз сенария хушаш биёяд.
Сайёра Сафарӣ, ки мактаби миёнаро дар шаҳри Душанбе ва донишгоҳи театрии ба номи Шепкини Маскавро хатм кардааст, соли гузашта дар филмҳои “Дар интизории баҳр”-и Бахтиёр Худойназаров ва “Салом, Маскав”-и Павел Бардин ҳам нақш офарида буд. Ӯ мегӯяд, ҳоло барои нақшофарӣ дар филме омодагӣ мегирад, ки барои шабакаи аввали телевизиони Русия таҳия мешавад. Аммо ӯ аз ифшои номи рамзӣ ва мӯҳтавои филм худдорӣ намуд ва фақат гуфт, ки қарор аст наворбардорӣ ҳамин баҳор оғоз ёбад.