Бо вуҷуди ин ки хабарҳо дар бораи ҳамватанони мо аз хориҷ бештар бо лаҳни манфиву шигифтангезе мерасанд, чанд рӯйдод, шахсият ва корномаҳои ҷолиб дар берун аз ватан дар соли 2013 исми тоҷиконро ба гунаи дигаре вирди забонҳо кард.
Дар остонаи ҷашни Наврӯз дар Амрико бо заҳмати ҷавонони тоҷик нахустин радиои тоҷикии Diyor FM арзи ҳастӣ кард, ки хабарҳои охирин, мусиқии дилангези тоҷикиро аз як студияи радиоии Вашингтон пахш мекунад. Ин пойгоҳ ҳамчунин нахустин радиои интернетие шуд, ки барои ҳаводорони созу навои тоҷикӣ дар саросари ҷаҳон тавассути шабакаи интернет дастрас аст.
Чанд моҳ баъди ин, дар шаҳри Маскав нахустин телевизиони маҳвораии тоҷикии ТВ Сафо ба фаъолият шурӯъ кард, ки роҷеъ ба рӯйдодҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва мушкилоти муҳоҷирон дар Русия ба забонҳои русиву тоҷикӣ барномаҳо таҳия мекунад. Баъди чанд моҳи фаъолияташ ин телевизион бо мушкилоти фаннӣ дучор ва аз пахши барномаҳо бенасиб шуд.
Вале тавре яке аз дастандаркорони он, журналисти маъруф Темури Варқӣ мегӯяд, соли 2013 барои ТВ Сафо як марҳилаи таҷрибаомӯзӣ, чолишҳо ва ҳам оғози наве будааст. Ба гуфтаи Темури Варқӣ, аз оғози соли нави 2014 телевизиони ТВ Сафо фаъолияти худро аз сар мегирад.
Тобистони соли 2013 аз Бишкек хушхабаре расид, ки ҳунарманди маъруфи тоҷик Барзу Абдураззоқов “Коргардони сол дар Қирғизистон” унвон шуд. Барзу Абдураззоқов дар Қирғизистон чандин намоишномаи хуби худ, аз ҷумла, “Қиёмат”-ро аз рӯи асари Чингиз Айтматов ба саҳна гузоштааст.
Дар соли 2013, дар баробари Барзу Абдураззоқов, чанд тоҷикистонии дигар низ дар синамои хориҷӣ аз худ дарак доданд. Аз ҷумла, ҳунарпешаи 21-сола Сайёра Сафарӣ нақши асосиро дар филми бисёрсериягии “Гулчатай” (сохтаи коргардони рус Роман Просвирин) бозӣ кард. Сайёра Сафарӣ дар синамои русӣ қадамҳои аввалашро мегузорад ва мехоҳад, як ҳунарпешаи муваффақ ва номдоре шавад, ки кори ӯро ҷиддӣ бигиранд.
Охири сол ҳунарпешаи ҷавон Таҳмина Раҷабова барои нақшаш дар филми афғонии “Марде дар орзуи зани панҷум” ҷоизаи беҳтарин нақши занро дар Ҷашнвораи синамои Ҳинд ба даст овард. Ин филм дар бораи хушунати занон дар хонаводаҳои афғон сӯҳбат мекунад.
Вале соли 2013 тоҷикистониҳо на танҳо ба ҳайси ҳунарпешаву коргардон, балки ба ҳайси тарроҳи фанновариҳои навин дар филмҳои ғарбӣ аз худ дарак доданд. Рассоми тоҷик Ҷамшед Ҷӯрабоев аз аввалин тоҷиконест, ки ба синамои ғарбӣ ба ҳайси дизайнери фанновариҳои 2D роҳ ёфт ва бар асоси корҳои ӯ рекламаву филмҳои бадеӣ ба навор гирифта мешаванд. Ҷамшед Ҷӯрабоев 33 сол дошта, худро як рассоми консептуалӣ меномад ва аз Лондон истода бо ширкатҳои синамогарии ҷаҳон, аз ҷумла Амрикову Русия кор мекунад.
Соли 2013 барои баъзе адибони тоҷик ҳам марҳилаи муваффақиятомезе будааст. Дар Амстердам нависандаи тоҷик Шаҳзодаи Самарқандӣ романи нави худро бо номи “Замини модарон” ба ҳуруфи ҳам кирилливу ҳам форсӣ нашр кард. Ин асар тавассути сайти китобфурӯшии amazon.com қобили дарёфт аст. Худи муаллиф дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ дар бораи ин китоб чунин нақл кард: “Замини модарон” ривоятгари зиндагии се насли занони тоҷик аст – насли модарбузургҳои мо, насли модарони мо, ки дар даврони шӯравӣ ва насли ҷавонтар, ки баъди Шӯравӣ зиндагӣ кардаанд. То ҳадде талош кардам нақши ин се насл занон дар кори мазраа, ба вижа дар панбачинӣ, дар нигаҳ доштани хонаводаи бузургро биёрам.”
Дар ҳоле ки хонум Шаҳзода ба мақоми зан дар хонавода ва ҷомеаи имрӯз рӯ овардааст, нависандаи тоҷикистониасл дар Маскав Андрей Волос бештар ба рӯйдодҳои гузаштаи дур - сарнавишти фоҷеабори сардафтари адабиёти тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ муроҷиат мекунад. “Бозгашт ба Панҷрӯд” , асаре, ки маҳсули андешаҳои 27 соли умри Андрей Волос будааст, дар соли 2013 ба муаллифаш ҷоизаи мӯътабари “Русский букер”-ро овард. Андрей Волос, ки дар Душанбе ба дунё омадаву ба воя расидааст, мегӯяд, романи “Бозгашт ба Панҷрӯд” дар асл як асари замонавӣ аст, ки ба саволҳои хеле муҳими рӯз посух меҷӯяд.
Соли 2013 илми сиёсатшиносии ҷаҳон бо як таҳқиқоти донишманди ҷавони тоҷик роҷеъ ба низоми сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ шинос шуд. Дагихудо Дагиев дар Лондон ба забони англисӣ таҳқиқоти нави худро зери унвони “Интиқоли қудрат дар Осиёи Марказӣ. Миллатгароии сиёсӣ ва тағйирот дар Тоҷикистону Ӯзбакистон” (Regime Transition in Central Asia: Stateness, Nationalism and Political Change in Tajikistan and Uzbekistan) ба нашр расонд.
Соле, ки гузашт, барои баъзе эҷодкорони тоҷик ҳам бомуваффақият будааст. Оҳангсози маъруф Толиб Шаҳидӣ дар толори консертии ба номи Чайковскии Маскав намунаҳои эҷодиёти худро муаррифӣ кард, дар Маскав, дар донишгоҳи Дӯстии халқҳои ба номи Патрис Лумумба рассоми тоҷик Қодир Раҳимов намоишгоҳи наққошиҳои худро зери унвони “Роҳи бузурги абрешим” барпо намуд.
Ҳарчанд аз нигоҳи мутахассисони варзиш, соли 2013 барои варзишкорони тоҷик чандон муваффақиятомез набуд, вале дастовардҳои баъзе аз онҳо қобили таҳсин аст. Бар асоси назархоҳии шореҳони варзиши Тоҷикистон гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров беҳтарин варзишгари соли 2013 гардид. Дастоварди муҳими ӯ – 78 метру 31 сантиметр ва ҷои панҷум дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон аст, ки дар Маскави Русия барпо шуд. Дилшод ягона варзишгари Тоҷикистон аст, ки соли 2013 дар чемпионати Осиё дар намуди олимпии варзиш медали тилло ба даст овардааст.
Баъди Дилшод Назаров ба рӯйхати варзишгарони беҳтарини сол Комроншоҳи Устопириён ва Алишер Аҳмадов дохил шуданд. Комроншоҳи 20-сола имсол дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбои варзишӣ байни мардон дар вазни то 90 кг дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Алишер Аҳмадови 18-сола бошад, дар мусобиқаи қаҳрамонии кикбоксинги ҷаҳон (WAKO) дар шаҳри Анталияи Туркия дар намуди лайт- контакт дар вазни то 57 кило бар ҳамаи рақибонаш дастболо шуда, мақоми аввалро касб кард. Ӯ барои аввалин бор дар мусобиқаи бузургсолон ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шуд.
Соли 2013 ҳамватанони мо дар озмунҳои зебоӣ ҳам ба мақомҳои баланд даст ёфтанд. Аз назари Ғуфрон Ваҳҳобов, хабарнигор ва раҳбари медиа-ҳолдинги “Tajinfo” дар Маскав, пирӯзии Мадина Олимшоева, зодаи Бадахшон дар як чунин озмун барои ӯ ҳодисаи хуби хотирмон будааст.
Айни замон, соли 2013 дар арсаи илму ҳунари тоҷик соли маҳрумиятҳо ҳам буд. Дар арафаи ҷашни Наврӯз дар шаҳри Маскав дар синни 87-солагӣ наққоши маъруфи тоҷик Хушвақт Хушвақтов даргузашт. Ин устоди ҳунари манзаранигорӣ яке аз беҳтарин вассофони табиати нотакрори кӯҳҳои Помир эътироф шудааст.
Моҳи май дар шаҳри Санкт-Петербург донишманди мардумшинос Раҳмат Раҳимов дар синни 75-солагӣ даргузашт. Ӯ то охирин лаҳзаи умраш дар бахши Осиёи Миёна ва фарҳанги динии мардуми тоҷик дар Осорхонаи антропологӣ ва этнографии ба номи Пётри Кабир кор карда, дар ҳамин ҷо аз як ходими хурди илмӣ то мақоми ходими аршади илмӣ расидааст.