Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дӯстони ҷудонашуданӣ" - филми нави Ҷамшед Усмонов


Ҷамшед Усмонов
Ҷамшед Усмонов

Ҷамшед Усмонов, коргардони тоҷики муқими Фаронса ба таҳияи филме шурӯъ кардааст, ки таассуроти як тоҷик аз зиндагӣ дар Аврупоро қисса мекунад.

Ҷамшед Усмонов, таҳиягари тоҷики муқими Фаронса, ба таҳияи филме дар пояи мушоҳидаву андешаҳои як тоҷик аз рӯзгори аврупоиён шурӯъ кард. Баъдан аз пайи ормони деринааш – наворбардории филми “Фариштаи дасти чап” хоҳад шуд.

Ҷамшед Усмонов рӯзи 15 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар филми наваш “Неразлучные” (“Дӯстони ҷудонашуданӣ”) мехоҳад мушоҳидаву андешаҳои худаш - як тоҷики дар Шӯравӣ тарбиядидаро рӯи навор оварад, тоҷикеро, ки ҷаҳонбинияш аз ҷаҳонбинии аврупоиён фарқ дорад. “Мо дар ин ҷо баъзе чизҳоеро мебинем, ки худи аврупоиҳо намебинанд, зеро ба онҳо одат кардаанд ва ин мушоҳидаҳо баъзан хело ҷолибанд,” - мегӯяд таҳиягари маъруф.

Ӯ аз тавзеҳи бештар дар бораи филми нав худдорӣ кард ва фақат гуфт, ки як зумра аз ҳунармандони рус ва шояд актёрҳои тоҷикро ҳам барои офаридани нақшҳо ҷалб кунад, ҳарчанд бештар ба бозии одамони оддӣ дар филмҳояш бартарӣ медиҳад: “Одатан ман бачаҳои кӯча, онҳоеро, ки ҳунарпеша нестанд, пайдо ва бо онҳо кор мекунам, зеро онҳо “тозатар” ҳастанд ва кор бо онҳо осонтар аст.” Ҷамшед Усмонов гӯшзад кард, ки яке аз ҳунарпешаҳои даъватшуда ҳунарпешаи тоҷики муқими Маскав Сайёра Сафарӣ хоҳад буд. Сайёра дар чанд сериали русӣ нақшҳои асосиро офаридааст ва аз ситораҳои ҷавони синамои Русия маҳсуб мешавад.

Сайёра Сафарӣ
Сайёра Сафарӣ

“Дӯстони ҷудонашуданӣ” – дувумин филми “сирф фаронсавӣ”-и Ҷамшед Усмонов хоҳад буд. Се сол пеш “Ишқи ҳамсари ман” – филми детективии коргардони тоҷик аз рӯзгори мардуми Фаронса хуш пазируфта шуд ва баъди ним соли намоиш дар толорҳои синамо аз тарафи бузургтарин шабакаи телевизионии хусусии кишвар “Канал плюс” ҳам намоиш дода шуд.

Ҷамшед мегӯяд, чун ин шабака дар маблағгузории филм саҳм дошт, онро дар ин муддат тақрибан 50 бор ба такрор манзури тамошобинон кард. Баъдан чанд шабакаи телевизионии дигар ҳам филмро пахш карданд.

Зимнан, бар пояи қавонини Фаронса, баъд аз нахустнамоиши филм то чанд муддат аз тариқи интернету телевизион намоиш додани он ва фурӯши дискҳояш қатъӣ манъ аст. Филмҳои Ҷамшед толорҳои синамои Квебеки Канада ва Швейсарияро, ки теъдоди зиёди фаронсавиҳо ба сар мебаранд, сертамошобин кардаанд.

ЧАРО ҶОНИБЕК БАРОИ "БИҲИШТ..." УЗР ХОСТ

Ҷамшед Усмонов мегӯяд, ки барои ӯ наворбардории филм дар Тоҷикистон хеле роҳаттар аст: “Дар Тоҷикистон ман ҳар рӯз аз ҳама зиёд чаҳор саҳнаро навор мегирам, ин ҷо, вақте филми ахирамро навор мебардоштам, рӯзе чордаҳ-понздаҳ “кадр” мегирифтам. Дар ин ҷо фишор болои коргардон хело шадид аст ва касро маҷбур мекунанд, ки тезтар кор кунад. Дар Тоҷикистон баъзе чизҳо арзонтар, иҷрои баъзе корҳо осонтар аст, ҳунарпешаҳо низ маблағи бузург талаб намекунанд. Аммо дар Фаронса ҳама чиз қимат аст ва ба болои ин гурӯҳи техникӣ аз вақти муқарраршуда бештар кор намекунад. Ҳамчунин бояд техникаи бехатарӣ ҳам риоят шавад ва Худое накарда баъд аз анҷоми наворҳо ҳодисае рӯй диҳад... Яъне ин ҷо наворбардории филм хеле душвортар аст.”

Лаҳзае аз филми «Биҳишт фақат барои мурдагон аст»
Лаҳзае аз филми «Биҳишт фақат барои мурдагон аст»

Ду сол пеш филми Ҷамшед Усмонов – «Биҳишт фақат барои мурдагон аст» - сару садоҳои зиёдеро дар интернет барангехта буд. Ин филм саргузашти ҷавонест, ки пас аз сӯри арӯсӣ наметавонад бо ҳамсари худ хобухез кунад ва роҳи шаҳрро пеш мегирад. Он ҷо аз сари ӯ рӯйдодҳои романтикиву ҷиноие мегузаранд ва ниҳоят аз асрори хобухез огоҳ мешаваду ба деҳа бармегардад. Бархе аз тамошобинон муаллифро дар навори саҳнаҳои фаҳш айбдор карданд, баъзеҳо иддао доранд, ки таҳиягарони бурунмарзие чун Ҷамшед аз решаҳои милливу мазҳабии худ дур шуда, фақат барои ҷашнвораҳо ва тамошобини аврупоӣ филм меофаранд. Баъди ин ҳама таънаву надомат, овозхони шинохта Ҷонибеки Мурод, ки дар филми «Биҳишт...» нақши ҷавони фосиқро офаридааст, узр хост ва онро иштибоҳи ҷавонияш номид.

Ҷамшед Усмонов мегӯяд, ки вокунишҳо ба матлаби Радиои Озодӣ дар бораи он филмро хонда буд. Вале ба ақидаи ӯ, “мо бояд чашмони худро боз кунем ва воқеъиятро бинем... Бисёриҳо менависанд, ки дар Тоҷикистон танфурӯшӣ нест. Аммо дар ҳар кишвари олам фақру бенавоӣ боиси даст ба фоҳишагӣ задани занону духтарон мешавад.”

"ДЕПЛЕШАН ФИЛМАШРО ДАР ТОҶИКИСТОН НАВОР МЕГИРАД"

Таҳиягар меафзояд, ки ахиран як падидаи навро ошкор кард – асарҳояш таваҷҷуҳи коргардонҳои аврупоӣ барои наворбардории филмҳояшон дар Тоҷикистонро ҷалб кардаанд: “Ёвари коргардони маъруфи фаронсавӣ Арно Деплешан ба ман телефон кард ва гуфт, ки Деплешан аз манзараҳои Тоҷикистон ба ваҷд омада гуфтааст, ки бояд филми навашро ҳатман дар Тоҷикистон навор гирад. Як таҳиягари бритониёвӣ ҳам ба ман гуфт, ки мехоҳад ба Тоҷикистон рафта, филме навор гирад... Воқеъан ҳама шаҳрҳои мо – Душанбе, Хуҷанд ё Кӯлоб - барои синамо хеле ҷолибанд, Тоҷикистон табиати нодир дорад, аммо муҳимтар аз ҳама – мардуми тоҷик хеле мардуми ҳунарманд аст. Камераро монед ва камтар фаҳмонед, барои шумо чунон нақш меофаранд, ки ҳайрон мешавед.”

Лаҳзае аз филми «Биҳишт фақат барои мурдагон аст»
Лаҳзае аз филми «Биҳишт фақат барои мурдагон аст»

Ҷамшед Усмонов мегӯяд, ки баъд аз хатми навори филми “Дӯстони ҷудонашуданӣ” билохира аз пайи ормони кӯҳнааш - таҳияи филми “Фариштаи дасти чап” хоҳад шуд. Ӯ чандин сол боз мехоҳад ин филмро навор бардорад ва аммо шароиту маблағ имкон намедиҳанд. “Ҳадаф наворбардории дилогия, яъне ду филм буд. “Фариштаи китфи рост” соли 2002 рӯи навор омад, филмномаи “Фариштаи китфи чап” баъд аз чанд соли кор такмил шуд. Ин филм ҳам идома ва ҳам баръакси филми пешин хоҳад буд. Аммо ростӣ намедонам, ки кай барои навори филм ба Тоҷикистон меравам,” - иқрор мекунад таҳиягари маъруф .

Аз Ҷамшед Усмонов суол кардем, ки оё хоҳиши таҳияи филм дар кишварҳои ҳамзабон – Эрону Афғонистонро надорад? Ӯ гуфт: “Чанд сол пеш ба ман пешниҳод шуд, ки барои телевизиони Эрон як сериалро навор гирам. Розӣ шудам ва ба Теҳрон рафтам. Аммо зуд фаҳмидам, ки он ҷо кор карда наметавонам, зеро фазову муҳит касро нафасгир мекунад, тасаввур кардам, ки ба Шӯравӣ баргаштаам.”

СИНАМОИ МИСЛИ МАРДУМАШ САРГАРДОНИ ТОҶИК

Солҳои навадум ду таҳиягари тоҷик – Бахтиёр Худойназаров ва Ҷамшед Усмонов - дар олами синамо ғулғула афканданд. Онҳо дар баробари дигар таҳиягарони маъруф - Валерий Аҳадов, Саидо Қурбонов, Бақо Содиқов, Гулбаҳор Мирзоева, Майя Юсуфова, Меҳмоншо Меҳмоншоев, Фарҳод Абдуллоев ва Марворид Қосимова - бар асари нооромиҳо дар Тоҷикистон муқими Русияву Олмон ва Белорусу Фаронса, Узбакистону кишварҳои дигар шуданд.

Саҳнае аз филми "Дар интизори баҳр"-и Бахтиёр Худойназаров
Саҳнае аз филми "Дар интизори баҳр"-и Бахтиёр Худойназаров

Нахуст филми Бахтиёр Худойназаров «Братан» чанд ҷашнвораи байналмилалиро тасхир кард. Филми дуввуми ӯ «Қош ба қош», қиссаи ишқи ду ҷавон дар шароити ҷангу ҷидол, филме, ки дар он яке аз нақши асосиро ситораи синамои Чилӣ Паулина Галвес бозӣ кардааст, дар ҷашнвораи синамои Венетсия «Шери нуқра»-ро ба даст овард. «Падари моҳтобӣ» бошад, Бахтиёр Худойназаровро ба феҳристи «мэтрҳои синамо» шомил кард.

Асарҳои Ҷамшед Усмонов «Парвози занбӯр» ва «Фариштаи китфи рост» ҳам аз сӯи тамошобинону ҳайати ҳакамони ҷашнвораҳои байналмилалӣ баҳои баланд гирифтанд.

«Парвози занбӯр» беш аз даҳ ҷоиза - ҷоизаи Ҷашнвораи синамои Маскав, ҷоизаи асосии Ҷашнвораи кишварҳои Ҷомеъаи муштаракулманофеъ ва Балтика «Киношок» ва Гран-Прии ҷашнвораи синамои ҷавон дар шаҳри Турини Италияро ба даст овард. Ба Ҷамшед Усмонов барои филми «Фариштаи китфи рост» соли 2002 ҷоизаи миллии синамои Русия «Ника» супурда шуд.

Ҷамшед Усмонов аз соли 2000 ба ин тараф дар Порис, пойтахти Фаронса^ ба сар мебарад.

XS
SM
MD
LG