Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Валиаҳди Саудӣ: "Исломи миёнаравро ба кишвар бозмегардонем"


Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ ваъда додааст, ки "исломи миёнарав"-ро ба кишвараш боз мегардонад ва барои интиқоли ин кишвар ба як ҷомеаи боз, ки ба шаҳрвандон имконияти бештар дода ва сармоягузории хориҷиро ҷалб кунад, хостори ҳимояти байналмилалӣ шуд.

Вокуниш ба Инқилоби исломии Эрон

Валиаҳди Саудӣ дар мусоҳибае бо рӯзномаи "Guardian", ки рӯзи сешанбеи 24-уми октябр нашр шуд, гуфт, ки ҳокимият дар ин кишвар давоми 30 соли гузашта як вазъияти оддӣ набуд ва онро вокунише ба Инқилоби исломӣ дар Эрон донист, ки раҳбарони Арабистони Саудӣ намедонистанд чигуна бо он бархӯрд кунанд.

Валиаҳди Саудӣ гуфт, иҷрои тарҳҳои иқтисодии калон дар тағйироти фарҳангӣ низ кӯмак хоҳад кард ва боис хоҳад шуд, ки Арабистони Саудӣ дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон, ба пешрафти худ идома диҳад.

Муҳаммад бин Салмон афзуд, "мо ҷузъи кишварҳои Гурӯҳи 20 ҳастем. Яке аз бузургтарин иқтисодҳои ҷаҳон ҳастем. Мо дар маҳали пайванди се қора ҳастем. Беҳбуди вазъи Арабистони Саудӣ ба маънои кӯмак ба минтақа ва ҷаҳон хоҳад буд. Ҳадафи мо амалӣ кардани чунин чизе аст ва умедворем аз ҳимояти ҳама бархӯрдор шавем."

Вай дар идома гуфтааст, "ончи дар 30 соли гузашта рӯй дод, ҳақиқати Арабистони Саудӣ нест. Ончи тайи 30 соли гузашта дар минтақа иттифоқ афтод, Ховари Миёнаи воқеӣ нест. Пас аз Инқилоби исломии Эрон дар соли 1979, мардум талош карданд ин моделро дар кишварҳои мухталиф пиёда кунанд ва яке аз онҳо Арабистони Саудӣ аст. Мо намедонистем бо ин падида чигуна бархӯрд кунем ва мушкил дар саросари ҷаҳон густариш ёфт. Акнун вақти он расидааст, ки аз он халос шавем."

Мухолифони "ислоҳот" кӣ ҳастанд?

Ин возеҳтарин суханони валиаҳди Арабистони Саудӣ аз замони оғози тарҳи ислоҳоти фарҳангӣ ва иқтисодӣ дар ин кишвар аст. Ин изҳороти валиаҳди Саудӣ ҳамзамон талошҳои вай барои мустаҳкам кардани мавқеияти худ аст. Рӯҳониён дар Арабистони Саудӣ то ба ҳол аз тарҳи ислоҳот ҳимоят накардаанд.

Яке аз меҳварҳои аслии ислоҳоте, ки ҳамакнун Арабистони Саудӣ пеш гирифтааст, шикастани пайванд байни идораи умури кишвар ва рӯҳониёне аст, ки дар даҳаҳои гузашта чеҳраи миллии ин кишвар ва ҳатто сиёсати хонадони Оли Саъудро таъйин мекарданд. Ин ислоҳот мамнуияти ронандагии занон, коҳиши иҷрои қонунҳое, ки ҳуқуқи занонро маҳдуд мекунад ва таъсиси як маркази исломӣ, ки вазифаи он таъйиди ҳадисҳо ва омӯзаҳои паёмбари ислом астро, дар бар мегирад.

Рӯзномаи "Guardian" ёдоварӣ мекунад, ки паҳлӯҳои ин ислоҳот дар таърихи Арабистони Саудӣ бесобиқа аст ва ин нигаронӣ ҳанӯз вуҷуд дорад, ки гурӯҳҳои амиқан муҳофизакори ҷомеа бо ин ислоҳот, ки дар воқеъ як инқилоби фарҳангӣ аст, мухолифат кунанд.

Ваъдаи маҳви "идеологияи ифротӣ"

Валиаҳди Саудӣ рӯзи сешанбе низ дар суханронии худ дар нишасти тарҳҳои сармоягузории оянда, ки дар Риёз баргузор шуд, ваъда додааст, ки "идеологияи ифротӣ"-ро нобуд карда ва талош хоҳад кард "исломи миёнарав"-ро ба Арабистони Саудӣ бозгардонад.

Валиаҳди Саудӣ гуфт, иҷрои тарҳҳои иқтисодии калон дар тағйироти фарҳангӣ низ кӯмак хоҳад кард ва боис хоҳад шуд, ки Арабистони Саудӣ дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон, ба пешрафти худ идома диҳад. Вай дар бахше аз суханрониаш гуфт: "Мо мехоҳем як зиндагии маъмулӣ дошта бошем ва битавонем бо бақияи ҷаҳон ҳамзистӣ дошта бошем."

Ин суханони ва мавзеъгириҳои валиаҳди Саудӣ ҳарчанд ба мухолифати муҳофизакорон рӯбарӯ хоҳад шуд, аммо ҳамзамон ҷавонон, ки қисмати зиёди аҳолии Арабистони Саудиро ташкил медиҳанд, аз он истиқбол хоҳанд кард. Муҳаммад бин Салмон афзуд, "70 дарсади аҳолии Арабистони Саудӣ зери 30-сола аст. Содиқона мегӯям, мо 30 сол аз умри худро сарфи мубориза бо идеологияи ифротӣ нахоҳем кард. Мо онҳоро имрӯз ва ба суръат нобуд хоҳем кард."

Ӯ гуфт, "Арабистони Саудӣ мисли даврони қабл аз соли 1979 нест. Арабистони Саудӣ ва ҳама минтақа пас аз соли 1979 (Инқилоби исломии Эрон) дучори як тағйир ва бозгашт ба ақиб шуд. Ончӣ, ки мо имрӯз мехоҳем анҷом диҳем, бозгашт ба даврони қабл аз соли 1979 аст. Исломи миёнараве, ки ба ҳама мазҳабҳо ва ҳама ҷаҳон, суннатҳо ва мардуми гуногун бо чеҳраи боз бархӯрд мекунад."

Шабакаи хабарии CNN ёдоварӣ мекунад, ки ҳукумати Арабистони Саудӣ дар вокуниш ба Инқилоби исломии Эрон ва фаъолияти шиаиён дар ин кишвар ва ҳама минтақа, пайвандҳои худ бо ваҳҳобият ва исломгароии тундравро тақвият кард ва мавзеи ифротӣ гирифт. Дар ҳамон замони кӯтоҳ, толорҳои синамо ҳам баста шуданд.

Нуфзуи рӯҳониён дар идораи ҳукумат

Нуфузи рӯҳониёни пайрави мактаби ваҳҳобият (Муҳаммад бин Абдулваҳҳоб) ба гузашти замон дар арсаҳои мухталифи зиндагии фарҳангӣ ва сиёсии Арабистони Саудӣ афзоиш ёфт ва дар солҳои гузашта подшоҳони куҳансол, ки бо ниҳодҳои мазҳабии муҳофизакор муносибатҳои наздике доштанд, дар ин кишвар ҳукумат кардаанд.

Дар соли 2015 Салмон бин Абдулазиз ба подшоҳии Арабистони Саудӣ расид ва сиёсатҳои ин кишвар тағйир ёфт. Дар моҳи январи соли ҷорӣ подшоҳи Арабистони Саудӣ писари ҷавонаш Муҳаммад бин Салмонро валиаҳд ва ҷонишини худ таъйин кард. Дар даврони ҳукумати Салмон бин Абдулазиз салоҳиятҳои пулиси мазҳабӣ маҳдуд шуд, иҷозаи баргузории консертҳои мусиқӣ барои аввалин бор пас аз чанд даҳа содир шуд, бахше аз ҳуқуқи занон аз ҷумла ҳаққи ронандагӣ ба расмият шинохта шуд.

XS
SM
MD
LG