Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи "истон"-ҳои нав, ба ҷуз Тоҷикистон ва Туркманистон


Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ
Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ

Раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) китоби наверо бо номи "Роҳи бунёди Қирғизистони нав" навишта, ба ҳамтоёни худ дар Қазоқистон ва Узбекистон дар кушодани дари "давраҳои тоза” мепайвандад. Низомҳои Осиёи Марказӣ то куҷо воқеан тағйир меёбанд?

УЗБЕКИСТОНИ НАВ, ҚАЗОҚИСТОНИ НАВ, ҚИРҒИЗИСТОНИ НАВ?

Раҳбарон дар Осиёи Марказӣ дар бораи саҳифаҳои нав, фаслҳои нав ва ҳатто кишварҳои нав суҳбат мекунанд. Шавкат Мирзиёев дар кишвараш “Узбекистони нав”-ро баъди 5 соли омадан ба мақоми президентӣ шиор сохта буд.

Ин “вирус” ҳамагӣ баъд аз чанд моҳ ба президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев “сироят” кард. Ӯ “Қазоқистони нав”-ро тақрибан баъд аз се соли интихоб шуданаш ба мақоми президентӣ ва ҳодисаҳои хунини январи соли 2022 шиор кард.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов низ ваъда додани бунёди як давлати навро оғоз кардааст.

Расонаҳои Қирғизистон дар ибтидои моҳи августи имсол хабар доданд, ки китоби нави раисҷумҳури он кишвар ба номи “Роҳи бунёди Қирғизистони нав” ба нашр расидааст. Ҷабборов дидгоҳи худро дар бораи рушди як кишвари фақир баён карда.

ИН "НАВ"-ҲО ТО КУҶО ВОҚЕАН ҲАМ "НАВ" ҲАСТАНД?

Асел Тутумлу, ёвари профессори робитаҳои байнулмилалӣ ва улуми сиёсии Донишгоҳи Ховари Миёнаи Қибриси Шимолӣ мегӯяд, тамоми стратегияҳои панҷ кишвари пешини шӯравии Осиёи Марказӣ ба таври ҳайратовар ба ҳам мувофиқанд.

"Кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле мекӯшанд, суботи низомҳои худро таъмин кунанд. Ҳамзамон "низоми иқтисоди сиёсӣ"-еро, ки дар он қисмати бештари манфиатҳои иқтисодӣ насиби як гуруҳи бисёр хурд мешаванд, ҳифз мекунанд," - изҳор медорад Тутумлу.

Асел Тутумлу
Асел Тутумлу

"Мо ҳамзамон мебинем, ки сокинон ҳам тағйир меёбанд. Барои ман навгонӣ дар Осиёи Марказӣ ҳамин аст," - илова мекунад ӯ.

Бо дарназардошти он ки Қирғизистон дар минтақа кишварест, ки аз ҳама бештар тағйири раҳбаронро дидааст (6 президент иваз шуд), шояд Ҷабборов бар хилофи Мирзиёев ва Тоқаев даъво намекунад, ки қирғизҳо дар давлати нав зиндагӣ мекунанд.

Ӯ баръакс дар китоби нави худ навишта, ки "бунёди Қирғизистони нав 20-30 солро талаб мекунад" ва аз мардуми гуногунмиллати кишвараш даъват кардааст, ки бунёди Қирғизистони навро бо ҳам шуруъ кунанд".

Ин китоби дувуми Ҷабборов аст, ки бо теъдоди беш аз 40 ҳазор ба нашр мерасад. Вай дар китоби нахустини худ, ки соли 2015, замони ҳамчун мухолиф дар зиндон қарор доштанаш нашр шуд, рақибони сиёсии худ, аз ҷумла президенти вақти Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро сахт танқид карда буд.

Китоби нав бештар ба асари як ходими давлатӣ монандӣ дорад ва ба мафҳумҳои муҳиме чун фақр, адолат ва "иқтисоди сабз" рӯшанӣ меандозад. Дастурамали рушди Қирғизистон дар ин бахшҳо, ки аз сӯи Ҷабборов иншо шудаанд, норӯшан аст.

Танҳо як нукта возеҳ аст, ки президент Ҷабборов дигар ба он фарҳанги эътирозҳои хиёбонии қирғизӣ, ки ӯро ба ҳайси пешвои мухолифон аз зиндон озод ва дар давоми ду ҳафта дар соли 2020 президенти кишвар гардонид, пойбанд нест. Вай дар китобаш гуфта, ки демократия ба "риояи қонунҳо ҳам аз ҷониби шаҳрвандони одӣ, халқ ва ҳам аз тарафи мақомот вобаста аст". Ӯ ҳамзамон ҳушдор дода, ки "демократия набояд ба анархия табдил ёбад."

Содир Ҷабборов
Содир Ҷабборов

Шумори ками одамон инкор мекунанд, ки Ҷабборов Қирғизистонро то андозае тағйир додааст. Конститутсияи Қирғизистон, ки соли 2021 дар пайи як раъйпурсӣ қабул шуд, ваколати ӯро аз ҳисоби порлумон пурзӯр ва бандеро, ки президентҳои феълиро аз ҳаққи ширкат дар даври дувуми интихобот маҳрум мекунанд, бекор кард.

Он дар бештари маврид танҳо низоми сиёсиеро ба Қирғизистон баргардонд, ки дар давраи президенти худкомаи дувуми он кишвар Қурмонбек Боқиев вуҷуд дошту Ҷабборов пеш аз инқилоби соли 2010 Оҷонси мубориза бо фасодро раҳбарӣ мекард. Ҷабборов дар китоби худ эътироф мекунад, ки барои идомаи ин мубориза бояд роҳи дарозро тай кард ва ислоҳоти пулисро дар ин замина мисол меорад.

"Росташро гӯем, шаҳрвандони одӣ дар бисёре аз ҳолатҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пуштибонии дуруст намебинанд. Баръакс, онҳо қурбонии амалҳои намояндагони алоҳидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мешаванд," - навиштааст ӯ.

Оё раиси ҷумҳури Қирғизистон роҳи ҳалли дарозмуддати мушкилот аст ё танҳо як қисми он? Яке аз дастовардҳое, ки Ҷабборов онро ҳамчун роҳи бурунрафти Қирғизистон ба бозсозӣ номбар кардааст, ба ихтиёри давлат гузаштани кони тилои "Қумтор" аст. Ин иқдоме буд, ки маҳбубияти раисиҷумҳури навро дар ибтидои давраи президентияш дод. Аз он замон то ба ҳол, камаш ду чеҳраи саршинос, ки қаблан ҳампаймони президент шумурда мешуданд, дар пайванд ба тарҳҳои эҳтимолии коррупсионии марбут ба конҳо ё барканор ё зиндонӣ шуданд. Мунтақидони президент бо фишорҳо рӯбарӯ мешаванд ва ҳукмҳои тӯлонии зиндон мегиранд.

"МАН НАЗАР БА ТУ НАВТАРАМ"

Ҳар касе, ки фарзияҳои «нав»-и ду кишвари дигари Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон ва Туркманистонро мунтазир аст, хеле мунтазир хоҳад монд. Сабаб бисёр одӣ аст.

Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов
Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов

Раҳбарони собиқадори Тоҷикистон ва Туркманистон -- Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ҳанӯз ҳам дар ҷумҳуриҳои худ намоишҳоро роҳбарӣ мекунанд. Ҳарчанд Бердимуҳаммадов ба писараш Сардор иҷозат дод, ки ба курсии президентӣ такя занад.

Дар ду кишвари бузурги Осиёи Марказӣ (ҳам аз нигоҳи шумори аҳолӣ ва ҳам аз нигоҳи иқтисодӣ) -- Қазоқистон ва Узбекистон, раҳбарони нав муносиб донистанд, то худро аз ҳамтоёни пешинашон, ки ба корҳои ношосита даст зада буданд, дур гиранд. Тоқаев дар як суханронияш дар ибтидои тобистони имсол Қазоқистонро "ягона кишваре дар минтақаи паҳновари мо номид, ки дар муддати кӯтоҳ тавонистааст дар низоми сиёсии худ тағйироти ҷиддиро ворид созад."

"Мо шакли босифат ва фарқкунандаи институтҳои асосии ҳокимиятро ташаккул додем, иштироки шаҳрвандонро дар қабули қарорҳо ба таври назаррас тавсеа бахшидем, низоми ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ҳамаҷониба пурзӯр намудем," - изҳор дошт ӯ. Тоқаев низоми кунунии Қазоқистонро "одилонатар, ошкоро ва рақобатпазир" номид.

Қосимҷомарт Тоқаев
Қосимҷомарт Тоқаев

Бисёриҳо дар Қазоқистон ба ин шубҳа доранд. Номзадҳои мухолифон дар интихоботи порлумонии имсол дар Қазоқистон тавонистанд иштирок кунанд, вале ягон нафари онҳо курсиеро дар ниҳоди қонунгузори он кишвар соҳиб нашуд.

Узбекистон барои иддао дар мавриди қисман иҷро кардани нақшаҳои бозсозӣ ва озод кардани кишвар аз маҳдудиятҳои ҷорӣ дар давраи президенти худкомаи нахустини Узбекистон Ислом Каримов ҳаққи бештар дорад. Александр Кулӣ, пажӯҳишгари Донишгоҳи Колумбия ва сиёсатшинос мегӯяд, ҳукумати Каримов "парво надошт, ки Узбекистон дар арсаи байнулмилалӣ чи имиҷ дорад".

"Маъмурияти Мирзиёев собит кард, ки назар ба қарзу сармоя ба бардоштҳои берунӣ дар бораи худ ҳассостар аст. Давраи аввали раёсатҷумҳурии Мирзиёев ба Узбекистон ситоишҳои зиёд овард. Зеро ҳукумати ӯ мушкили кори маҷбуриро ҳал кард, ба озодии баён иҷозат дод ва пули миллиро комилан табодулшаванда гардонид," – мегӯяд ӯ.

Шавкат Мирзиёев
Шавкат Мирзиёев

Ислоҳоте, ки тибқи раддабандии маҷаллаи «Economist» дар соли 2019 ба Узбекистон унвони "Кишвари сол"-ро овард, аз он замон ба ин сӯ суръаташро аз даст додааст. Аммо бунёди империяҳои тиҷорӣ аз ҷониби аъзои калидии хонаводаи ҳоким, ки тақрибан дар замони истиқлоли кишварҳои Осиёи Марказӣ як анъанаи минтақаӣ шудааст, суръатро гум накардааст.

Ҷеннифер Брик Муртазашвилӣ, муассиси Маркази идоракунӣ ва бозорҳо дар Донишгоҳи Питсбург мегӯяд, дар муқоиса бо баъзе аз брендҳои аҷобатангези сиёсие, ки дар бисёре аз демократияҳои ғарбӣ дида мешавад, "Қирғизистони нав" ва "Узбекистони нав" “хеле хоксорона” садо медиҳанд.

"Истифодаи номи «нав» оқилона аст, зеро он чизи дигарро дар назар дорад, аммо мафҳум он қадар васеъ нест, ки нишон диҳад ин кишварҳо ба кадом самт ҳаркат мекунанд. Зоҳиран ин қасдан карда шудааст”, - мегӯяд Муртазашвилӣ.

Раҳбарони Осиёи Марказӣ бо роҳандозии маъракаҳои ислоҳоти конститутсионӣ мехоҳанд ба одамон мафҳуми таъсири тағйиротро тавассути бренди худ фаҳмонанд". "Ин бозгӯи он аст, ки ҳатто дар кишварҳои худкома раҳбарон бо маҳдуд шудани қудратҳояшон аз сӯи ҷомеа рӯбарӯ хоҳанд шуд,” - илова кард ӯ.

  • Крис РИКЛТОН, Радиои Озодӣ

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG