Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аждаҳо аз Грбавитса" ба 45 соли зиндон маҳкум шуд


Веселин Влаҳович
Веселин Влаҳович
Додгоҳи Боснӣ ва Ҳерсеговина серб Веселин Влаҳовичро барои 45 сол маҳкум ба зиндон кард. Влаҳович серби Боснӣ ва ҷангҷӯи собиқ, ки бо тахаллуси “Аждаҳо аз Грбавитса” маъруф буд, дар қатли бераҳмонаи мардуми ғайрисерб дар ҷанги Боснӣ дар миёнаҳои солҳои 90-ум айбдор шуд.

Додгоҳ ҷиноёти сангини Влаҳович - қатли 31 нафар, таҷовуз ба номуси 13 зан, шиканҷа, ғайриқонунӣ ҳабс кардани одамон, ғорати даҳҳо сокинони Сараево, пойтахти Босниро, собит намуд.

Соли 2001 Влаҳович аз дасти кормандони полиси Черногория, ки мехостанд боздошташ кунанд, фирор кард ва фақат се сол пеш дар Испания дастгир ва ба зодгоҳаш истирдод шуд.
XS
SM
MD
LG