Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардуми Боснӣ ва сербҳо аз куштори Франс Фердинанд ёд карданд


Дар Боснӣ маросимҳо дар робита ба садсолагии ҳодисае баргузор шуданд, ки ба думболи он ҷанги якуми ҷаҳон сар зад. 28 июни соли 1914 Франс Фердинанд, вориси тахти салтанати Австровенгерӣ ва хонумаш Софӣ дар шаҳри Сараево аз тири серби боснягӣ Гаврило Принсип кушта шуданд.

Ин куштор баҳонае барои оғои ҷанги якуми ҷаҳон шуд ва миёни мусалмонҳои Боснӣ ва сербҳову хорватҳо низ тухми нифоқро кошт, аз ин рӯ онҳо аз ин ҳодиса алоҳида ва бо ангезаи мухолифи ҳам ёд оварданд.

Дар Сарево консерти бошукӯҳи Филармонияи Вена баргузор шуд, ки дар он раисиҷумҳури Австрия Ҳайнс Фишер ҳузур дошт. Шоми шанбе дар маркази шаҳр ҳазорон нафар намоишнома бахшида ба ин ҳодисаро тамошо карданд.

Раҳбарони Сербия ва сербҳои Боснӣ, ки Гаврило Принсипро қаҳрамони мубориза барои озодии славянҳо мехонанд, ин маросимҳоро таҳрим карданд.

Рӯзи 27 июн дар Сараевои шарқӣ, ки бештари аҳолияш сербҳоянд, муҷассамаи биринҷии думетрии Гаврило Принсип ифтитоҳ шуда буд.

XS
SM
MD
LG