Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Журналисти фошгӯ соҳиби ҷоиза шуд


Журналисти босниягӣ Миранда Патручич, ки мавориди фасод дар фаъолияти Гулнора Каримоваро фош сохта буд, соҳиби ҷоизаи бонфузи байналмилалӣ шудааст.

Журналисти пажӯҳишгар аз Босния Миранда Патручич, ки аъмоли марбут ба фасоди Гулнора Каримова, духтари раиси ҷумҳури Узбакистон ва хонаводаи раиси ҷумҳури Озарбойҷонро фош сохта буд, бо ҷоизаи бонуфузи байналмилалӣ қадр гардидааст.

Маркази байналмилалии журналистон (ICFJ), мақараш дар шаҳри Вашингтони Амрико ҷоизаи байналмилалии журналистӣ ба номи Найтро барои соли 2016 ба Миранда Патручич ва хабарнигори Мексика Аристегӣ Нотисиасу тақдим кардааст.

Ҷойс Барнатан, раиси Маркази байналмилалии журналистон (ICFJ) гуфтааст, ин хабарнигорони пажӯҳишгар аз тариқи фошсозии амалҳои мақомоти баландпоя ҷаҳонро тағйир додаанд.

Муҳаррир ва хабарнигори Маркази байналмилалӣ оид ба таҳқиқи фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта дар шаҳри Сараево Миранда Патручич пажӯҳиши журналистиро барои фошсозии қазияи ришвагирии Гулнора Каримова, духтари бузурги раиси ҷумҳури Узбакистонраҳбарӣ кард. Хонуми Каримовааз се ширкати бузурги иртибототию мухобиротӣ ҳудуди 1 миллиард доллари амрикоӣ ришва гирифта буд.

Дар пайи нашри матолиби Миранда Патручич дар ИМА ва бархе аз кишварҳои Аврупо дар мавриди ин қазия парвандаҳои ҷинойӣ боз шуда ва ҳисоби бонкии миллионҳо доллар масдуд шуд. Яке аз ширкатҳои иртибототию мухобиротӣ аллакай додани ришва ба Гулнора Каримоваро эътироф карда ва омодагии худро барои пардохти ҷаримаи 800 миллиондолларӣ ба кумитаҳои бозрасони Амрико ва Ҳолланд барои муомилоти ғайриқонунӣ дар Узбакистон иброз доштааст.

Ҳамчунин, Миранда Патручич муаллифи матолибест, ки дар тарҳи "Ҳуҷҷатҳои Панама" чоп шуда ва муассисоти офшорӣ ва ҳисобҳои махфии хонаводаи сарватманди Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷонро фош мекунад.

Ҷоизаи Маркази байналмилалии журналистон (ICFJ) рӯзи 14 ноябр дар маросиме дар шаҳри Вашингтон тақдим мешавад.

XS
SM
MD
LG