Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ҳаёти Сайфуллозода дар хатар аст”


Акс аз соли 2012
Акс аз соли 2012

Дар изҳороти худ созмони байналмилалии “Гузоришгарони бидуни марз”, мустақар дар Париж, менависад, аз Тоҷикистон хабарҳои ташвишомез дастрас кардааст, ки мегӯяд, вазъи сиҳҳатии сардабири собиқи нашрияи "Наҷот" Ҳикматулло Сайфуллозодаи зиндонӣ “рӯз ба рӯз бадтар мешавад”. Ин созмон аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кардааст, ки дастрасии ӯро ба доруву табибон таъмин кунанд.

Ба таъкиди ин созмон, баъди он ки Сайфуллозодаро аз дастрасӣ ба маводи тиббӣ маҳрум карданд, ӯ даст ба гуруснанишинӣ задааст. Йоҳанн Бир, масъули барномаҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар созмони “Гузоришгарони бидуни марз”, дар як мукотибаи имейлӣ бо Радиои Озодӣ рӯзи 12-уми август гуфт, ки хабари даст ба гуруснанишинӣ задани Сайфуллозодаро аз ҲНИТ дарёфт кардааст ва боқӣ маълумоти ин изҳорот аз манобеи қобили эътимоди дигар дастрас шудааст.

Дар навбати худ, дар изҳороти ҲНИТ гуфта мешавад, ки ҳоли вахими Сайфуллозодаро дар боздоштгоҳ “як манбаи онҳо дар боздоштгоҳ” хабар додааст.

Йоҳанн Биҳр
Йоҳанн Биҳр

Ҳикматулло Сайфуллозода рӯзи 2 июни соли ҷорӣ дар як мурофиаи баста, ки дар ҳайати 13-нафараи аъзои баландпояи ҲНИТ ҷараён гирифт, ба 16 соли зиндон маҳкум шуд. Мақомоти ҲНИТ-ро маблағгузори ошӯби мусаллаҳона ва кӯшиши табаддулот давлатии моҳи сентябри соли 2015 меноманд. ҲНИТ аз оғоз ин иддаоҳоро рад кардааст.

Илҳом Маҳмудов, муовини сардори Раёсати ислоҳи маҳбасҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон хабари гуруснанишнии Ҳикматулло Сайфуллозода ва бад шудани аҳволи ӯро рад кард. Илҳом Маҳмудов дар сӯҳбати мухтасари телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳамин субҳ мо дар бинои раёсат будем ва ин хел хабар ва ё ин “ин хел гапҳо” набуд".

Ҳамсари Сайфуллозодахонум Фароғат ҳам дар сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ аз шаҳри Душанбе рӯзи 12 август хабари даст ба гуруснанишинӣ задани ҳамсарашро комилан рад кард ва гуфт, “ин гап дурӯғ аст”. Вай гуфт, ки бо ҳамсараш дар дохили боздоштгоҳ охирин бор ҳафтае пеш мулоқот кард ва дар ин мулоқот ҳамсараш танҳо аз дарди дил шикоят карда хостааст, ки ӯро бо доруҳои зарурӣ таъмин кунанд. Ба гуфтаи хонум Фароғат, бар асоси муқаррарот, феҳрасти доруҳои заруриро барои ҳамсараш духтури боздоштгоҳ навишта тасдиқ мекунад ва баъди овардани доруҳо, бар асоси ҳамин феҳрист ё ретсепти духтур, ин доруҳо ба ҳамсараш дар зиндон дода мешаванд.

Вай гуфт, ки танҳо хоҳиши онҳо ҳоло ҳамин аст, ки Сайфуллозодаро ба зудтарин фурсат аз боздоштгоҳ ба зиндон интиқол диҳанд. Вай гуфтааст, дар дохили ҳуҷраи боздоштгоҳ танҳо ду тирезачаи хурде ҳаст, ки ҳаворо хуб намегузаронад ва ҳамин чиз боиси гоҳо азият шудани дилаш мешавад. “Дигар ҳеҷ шикояте накарданд”, гуфт хонум Фароғат. Ҳикматулло Сайфуллозода дар боздоштгоҳи вазорати адлияи Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешавад.

Хабари дар ҳолати сангин будан ва эълони гуруснанишинӣ кардани Ҳикматулло Сайфуллозодаро нахуст корбарони шабакаи Фейсбук пахш карданд. Корбарони мухталиф бо такя ба изҳороти ҲНИТ навиштанд, ки гӯё дар паи шиканҷа ва маҳрумият аз дорувор Ҳикматулло Сайфуллозода дар зиндон даст ба гуруснанишинӣ задааст. Рӯзи 12 август раҳбари Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ)

Нуриддин Қаршибоев
Нуриддин Қаршибоев

Нуриддин Қаршибоев дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, мутаассифона, хабари расмие дар ин замина вуҷуд надорад. Вале, ба гуфтаи ӯ, дар сурати эҳтиёҷманди доруву дармон будани боздоштшуда, аз рӯи муқаррароти боздоштгоҳ, ин шахс бояд ҳатман бо ёрии тиббӣ таъмин шавад. Вай гуфт, сардабири “Наҷот” Ҳикматулло Сайфуллозода “як ҳамкори мо буд” ва сарнавишти ӯ бояд мавриди таваҷҷӯҳи журналистон қарор дошта бошад.

Бархе ҳолдонон дар Тоҷикистон мегӯянд, ҳатто дар сурати аз ҷониби хешовандон рад шудани факти азият шудани боздоштшудаҳои ҲНИТ, эҳтимолан онҳо аз тарс ва фишор намехоҳанд ин мавзӯъро бо матбуот матраҳ кунанд. Хешовандон ва ҳам вакилони дифои боздоштшудаҳо дар ҷараёни мурофиаҳо ва ҳам баъди эълони ҳукм борҳо ба журналистон гуфтаанд, ки мақомот матраҳ шудани ин мавзӯъро бо матбуот манъ кардаанд. Далели онҳо махфӣ будани парванда аст. Инро бори охир дар ҷараёни нишастҳои матбуотии моҳи июли худ мақомоти Додгоҳи олӣ ва ҳам Додситонии кулли Тоҷикистон таъкид карданд. Вале маҳз махфӣ эълон шудани ин парванда аз ҷониби мақомот боиси сару садои зиёд мешавад.

Дар як ҳодисаи аз ин пеш, моҳи ноябри соли 2015, баъди ду моҳи боздошти аъзои раёсати ҲНИТ, Комиссиюни байналмилалии озодиҳои мазҳабӣ дар ИМА бо пахши изҳороте аз номи хоҳари Зарафо Раҳмонӣ,

Маҳкумшудаҳои ҲНИТ
Маҳкумшудаҳои ҲНИТ

ҳуқуқшиноси ҲНИТ навишт, ки гӯё дар боздошт ӯ мавриди бадрафторӣ қарор гирифтааст. Мақомот ин иддаоро ба шиддат рад карданд. Баъдан дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Гулдаста Ҷобирова, хоҳари Зарафо Раҳмонии 44-сола гуфт, ки ин хабар ҳақиқат надорад ва хоҳараш танҳо аз дарди қабл шикоят мекунад.

Рӯзи 2 июн додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми 14 узви баландпояи ҲНИТ-ро содир кард. Мурофиае, ки пушти дарҳои баста ҷараён гирифт, ҳукм кард, ки ду муовини раиси ҳизб – Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайит ба ҳукми абади зиндон, 11 нафар ба мӯҳлати аз 14 то 28 сол ва танҳо як нафар – Зарафо Раҳмонӣ ба 2 соли зиндон маҳкум мешавад. Аз рӯи иттилои дарёфтӣ, дар ин мурофиа танҳо Зарафо Раҳмонӣ гуноҳҳоро эътироф карда, ба хотири фарзандон ва ҳам танҳо зан дар миёни айбдоршавандаҳо будааш, ҳукми сабук гирифтааст.

Ҳукми аъзои ҲНИТ мавриди интиқоди ҷомеаи байналмилалӣ шуд. Дар маҷмӯъ, дар иртибот бо ошӯби мусаллаҳонаи 4 сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон 170 нафар ба ҷавобгарӣ ҷалб шуданд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG