Дар давоми як шабонарӯзи охир ҳадди аққал 7 узви фаъол, бо шумули се раҳбари умдаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон - Саидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалии Ҳайит, Воҳидхон Қосиддинов боздошт шудаанд. Ба иттилои хабаргузории "Азия-Плюс" шаби гузашта ҳамчунин Зарафо Раҳмонӣ, яке аз занони фаъоли ҳизб, ки бештар дар қазияҳои алайҳи ҳизб вакили дифоъ будааст, боздошт шудааст. Мақомот то ҳол шарҳеро дар заминаи ин боздоштҳо нашр накардаанд. Аммо бинобар ишораҳое, ки дар ҷараёни таҳаввулоти марбут ба генерал Абдуҳалим Назарзода ҷой доштанд, эҳтимол меравад, ки боздошти ин нафарон ба ҳуҷумҳои мусаллаҳонаи собиқ муовини вазири дифоъ рабт доранд.
Шаби 16 ба 17 сентябр дар Исфара дар манзили зисти худ Воҳидхон Қосиддинов, муовини раиси ҲНИТ ва Фаррух Қосиддинов, писари вай дар зодгоҳашон дар рустои Чоркӯҳи Исфара боздошт шуданд. Дар ин бора ба радиои Озодӣ аъзои хонаводаи Қосиддинов хабар доданд. Ҳикматулло, як писари дигари Воҳидхон Қосиддинов рӯзи панҷшанбеи 17 сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “шаби гузашта соатҳои 11 то 12 шаб афроде вориди манзили Фаррух,бародари калониам шуда, ӯро аз хоб бедор карда бурданд. Баъдан соатҳои 2-и шаб падарам Воҳидхонро боз чанд нафар омада гирифта бурданд”. Дар ҳоле, ки нафарони боздошткарда худро аз ҳеҷ ниҳоде муаррифӣ накардаанд,
дар хонадони Қосиддиновҳо бовар доранд, ки онҳо аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ буданд. Ҳикматулло гуфт, ки нафарони ба хонаи падар омада сабаби боздоштро шарҳ надоданд. Ба гуфтаи ӯ, аз замони боздошт то кунун, раёсати ҲНИТ низ ҳеҷ тамосе бо хонаводаи Воҳидхон Қосиддинов надорад.
Раҳматуллои Раҷаб, узви раёсат ва раҳбари созмони ҲНИТ дар навоҳии атрофи пойтахти Тоҷикистон ҳам боздошт шудааст. Яке аз фарзандони Раҳматуллои Раҷаб зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, “дирӯз баъди шом, 7 нафар ба манзили падарам, дар кӯчаи Фаридаддини Аттори шаҳри Душанбе ворид шуда ва ҳуҷраҳоро таку рӯ карда ва падарамро ҳамроҳ бо 10-15 китоби динӣ бо худ бурданд”. Ба гуфтаи ӯ, яке аз бародаронаш, ки дар хона будааст, ба он афрод муроҷиат карда гуфтааст, ки "шумо кӣ ҳастед? Ҳақ надоред бидуни “ордер” ба манзили мо ворид шавед". Аммо дар посух ба хитоби бародарам, ин афрод гуфтаанд, ки гурӯҳи вижа даъват хоҳем кард.” Баъди ин Раҳматуллои Раҷабро бо худ бурданд ва танҳо гуфтаанд, ки “шояд дар муддати се рӯз ҷавоб хоҳем дод”.
Шаби 16 ба 17 сентябр сухангӯи ҳизб - Ҳикматулло Сайфуллозода ҳам аз манзили зисти худ боздошт шудааст. Тафсилоти дигар феълан дар даст нест. Ин дар ҳолест, ки дар шароити ҳамсон ва бидуни шарҳи расмӣ рӯзи 16 сентябр дар Душанбе ду раҳбари муҳими ҳизб - Саидумар Ҳусайнӣ ва баъди чанд соаташ Муҳаммадалии Ҳайит боздошт шуданд.
Дар ҳама ҳолатҳо маълум нест, ки сабаби боздошт чист ва ҳам ниҳоди масъули боздошткунанда кадом аст. Дигар аъзои фаъол ва узви раёсати олии ҳизб аз субҳи 17 сентябр дастнорасанд. Телефонҳои ҳама хомӯш аст ва ё фаъол бошад ҳам, касе ин телефонҳоро намебардорад. Талошҳо барои пайдо кардани Зарафо Раҳмонӣ, Саидиброҳими Назар, масъулони ҲНИТ дар минтақаҳо - Маҳмадшариф Набиев, Абдусамад Ғайратов, Қамариддин Афзалӣ ва дигарҳо натиҷа надод - телефонҳо аксаран хомӯш ҳастанд. Хабаргузории "Азия-Плюс" дар бораи шабонгоҳ боздошт шудани се фаъоли дигари ҳизб - Зарафо Раҳмонӣ, Зубайдуллоҳи Розиқ ва Абдуқаҳҳори Давлат хабар дод.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар заминаи овозаҳои марбут ба боздошти аъзои фаъоли ҳизб изҳори бехабарӣ мекунанд. Дар ҳоле, ки бархе сомонаҳои оппозитсионӣ дар бораи боздошти даҳҳо аъзои баландпоя ва ҳам фаъоли ин ҳизб аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар додаанд.
Радиои Озодӣ рӯзи 16 сентябр хабар дод, ки нахуст муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Саидумар Ҳусайнӣ ба ҳангоми кӯшиши парвоз ба Алмаато дар дохили ҳавопаймо боздошт шуд. Ин хабарро ба радиои Озодӣ Муҳамадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ тасдиқ кард. Вай гуфт, Саидумар Ҳусайнӣ соати 11 рӯз, ҳангоме, ки мехост ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон парвоз кунад, дар дохили ҳавопаймо аз ҷониби кормандони КДАМ боздошт шуд.
Ӯ гуфт, ҳоло Саидумар Ҳусайнӣ дар боздошт қарор дорад ва то кунун шарҳ дода намешавад, ки чаро ӯ боздошт шудааст. Ҳайит гуфт: "Бояд Саидумар Ҳусайнӣ барои як ҳафта Қазоқистон рафта, пас мегашт, аммо ӯро аз дохили ҳавопаймо қабл аз парвоз боздошт кардаанд". Дар пай ин хабарро Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи ҳизб ва Зарафо Раҳмонӣ, узви раёсати ҲНИТ ҳам тасдиқ карданд. Зарафо Раҳмонӣ гуфт, оқои Ҳусайнӣ бо ҳадафи анҷоми як сафари корӣ озими Алмаато буд. Ба
гуфтаи хонум Раҳмонӣ, раҳбарияти ҲНИТ қазияи боздошти Сайидумар Ҳусайниро баррасӣ дорад ва ояндаи наздик тасиме хоҳанд гирифт.
Чанд соат баъди ин ҳодиса Муҳаммадалӣ Ҳайит ҳам боздошт шуд. Сабаби боздошти ӯ ҳам маълум нест. Касе аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ омода нест дар ин бора бо хабарнигорон сӯҳбат кунад.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо таҳдид манъшавӣ рӯбарӯ шудааст. Вазорати адлияи кишвар дар охири моҳи август аз ҳизб талаб кард, ки баста шавад ва далелаш ҳам ин будааст, ки, ба иддаои мақомот, беш аз 50 бахшу намояндагиҳои ҳизб дар манотиқи кишвар фаъолияти худро расман қатъ кардаанд. Вале бо ин вуҷуд, раҳбарони ҳизб ин талабро хилоф бо қонун арзёбӣ карда гуфтанд, ки анҷумани ҳизбии худро дар мӯҳлати муқарраршуда, яъне 15 сентябр бо ҳадафи интихоби раҳбарияти нави ҳизбӣ барпо хоҳанд кард. Бо шурӯи амалиёти нирӯҳои интизомӣ алайҳи генерал Назарзода, ки дар кӯшиши баҳам задани вазъи амниятии кишвар муттаҳам мешавад, раҳбарони ҳизб тасмим гирифтанд, ки анҷуманро дар таърихи дигар баргузор кунанд.
Дар мусоҳибаи ихтисосии худ бо радиои Озодӣ Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ аз хориҷа гуфт, ки ҳукумат тарҳи бастани ин ҳизбро аз пеш кашида буд ва ҳоло мувофиқи нақшаҳои худ амал мекунад. Кабирӣ бори дигар ҳукумати Тоҷикистонро даъват кард, ки даст аз таъқиби ҳизб ва аъзоёнаш бардошта, бигузоранд, мувофиқи қонун ин ташаккули сиёсӣ фаъолияти худро идома диҳад.