Садриддин Айнӣ, муаллифи образҳои Қорӣ-ишкамбаи судхӯр ва Одинаи мардикор, рӯзи 15-уми апрел 140-сола мешавад. Бо гузашти беш аз сад сол аз замони эҷоди ин асарҳо, ҳанӯз мавзӯи қорӣ-ишкамбаву одинаҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон куҳна нашудааст.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Омӯзиши осори адабии Садриддин Айнӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар заминаи дарёфти ҳуввияти миллӣ зарур астАбдуҷаббор Раҳмонзода
Мақомот низ дар остонаи таҷлил аз 140-солагии Садриддин Айнӣ тасмим гирифтаанд, ки осори сардафтари адабиёти Шӯравии тоҷикро дубора нашр кунанд. Куллиёте, ки шомили "Марги судхӯр"-у "Одина", "Ёддоштҳо"-ву "Ғуломон" буда, таърихи мардуми тоҷикро дар қарни 19 ва аввали асри 20 бозгӯ мекунад.
Омодаги расмӣ ба ҷашни Айнӣ
Рӯзи 10-уми апрел бахшида ба таҷлил аз 140-умин солгарди таваллуди поягузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ дар Душанбе омодагиҳои расмӣ шурӯъ шуд. Дар Иттиҳоди адибони Тоҷикистон бо иштироки пажӯҳигарон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва кишварҳои ғарбӣ нахустин конфоронси илмӣ дар бораи эҷодиёти ин қаҳрамони Тоҷикистон ҷараён гирифт.
Қарор аст, 15-уми апрел – дар рӯзи таваллуди Айнӣ (15 апрели соли 1878 - 15 июли соли 1954) дар донишгоҳҳо ва Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳамоишҳои адабӣ доир шаванд. Моҳи ноябри соли гузашта боғи ба номи Айнии пойтахт, ки макони дафни нависанда аст, пурра навсозӣ шуд.
Яке аз маконҳои муҳими боздиди меҳмонҳои ҷашн хона-музейи Айнӣ дар маркази Душанбе аст. Осорхонае, ки ёде аз шароити кору зиндагии Садриддин Айниро ҳифз кардааст, бозсозӣ ва рӯзи 14-уми апрел дарҳояшро боз мекунад.
Мушовири президент: Саҳми Айнӣ хеле бузург аст
Абдуҷаббор Раҳмонзода, мушовири раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз Садриддин Айнӣ ба унвони мубтакирони аслии истиқлоли кишвар дар қарни гузашта тавсиф кард. Ӯ гуфт, бозсозии осорхона бо дастури президент сурат гирифтааст.
"Саҳми Садриддин Айнӣ дар дастёбии тоҷикон ба истиқлол хеле бузург аст. Зеро маҳз устод Айнӣ ба ҷаҳониён ва раҳбарияти ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравии собиқ тавонист зарурати ташкили ҷумҳурии ҷудогонаи Тоҷикистонро собит созад. Омӯзиши осори адабии устод Айнӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар заминаи дарёфти ҳуввияти миллӣ зарур аст", - афзуд ӯ.
Садриддин Айнӣ дар шаҳри Бухоро таваллуд шуда, бештаре аз ҳаёти худро дар шаҳри Самарқанд гузарондааст ва дар ин шаҳри бостонӣ қисми зиёде аз осори мондагори худро навиштааст. Зимнан, хона-музеи Айнӣ дар Самарқанд ҳам баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар Узбекистон аз нав барқарор мешавад.
"Бойгонӣ то се сол пеш дар дасти Камол Айнӣ буд"
Масъулони Осорхонаи Айнӣ дар шаҳри Душанбе мегӯянд, ба манзури пажӯҳиши дақиқи навиштаҳои устод Айнӣ аз соли ҷорӣ ҳамкорӣ бо ҳамтоёни узбеки худро шурӯъ кардаанд.
Моҳшариф Табарова, сармуҳофизи бойгонии Садриддин Айнӣ, 10-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо аз бойгонии қаҳрамони Тоҷикистон баъзе навиштаҳоро ба забони узбекӣ ва ба хатти форсӣ пайдо кардаанд, ки ҳамакнун пешкаши ҷомеа мешавад.
Табарова гуфт, "се сол боз бойгонии устод Айнӣ дастраси мо шуд. Акнун пажӯҳишгарон имкон доранд, тамоми навиштаҳои устодро мутолиа карда, дастраси ҷомеа созанд. Порчаҳои парокандае аз "Ёддоштҳо", "Одина", "Аҳмади девбанд", "Дохунда" ва "Ғуломон"-ро дидаам. Бештаре аз ин навиштаҳо ба забони узбекӣ, вале бо хатти форсӣ навишта шудаанд. Фикр мекунам, барои пажӯҳишгарон ва ҷомеа мутолиаи ин навиштаҳо хеле ҷолибу муфид хоҳад буд."
Осорхонаро 14-уми апрел фаъол хоҳанд кард
Дар посух ба ин суол, ки чаро бойгонии устод Садриддин Айнӣ танҳо се сол қабл дастраси онҳо шудааст, Моҳшариф Табарова гуфт, аз ин пеш бойгонии Айнӣ дар ихтиёри писараш Камол Айнӣ қарор дошт.
Дар ҳамин ҳол Эраҷ Айнӣ, набераи Садриддин Айнӣ, ки масъулияти ҳифзи ёдгориҳои бобояшро дар хона-музей бар уҳда дорад, гуфт, феълан машғули омодасозии чопи асарҳои бобои худ дар Тоҷикистон ва берун аз кишвар мебошад.
Соли 2017 мақомоти тоҷик ба манзури бузургдошти хотираи Садриддин Айнӣ боғи ба номи Айнӣ ва мақбараи устод дар шаҳри Душанберо бозсозӣ карданд. Ҳамакнун қарор аст осорхонаи Садриддин Айнӣ рӯзи 14-уми апрел, дар остонаи рӯзи таваллуди устод Айнӣ баъд аз бозсозӣ дубора фаъол шавад.