Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Н.Мансурзода: Ҳеҷ гуна "ғасби амвол" ҷой надорад


Наим Мансурзода.
Наим Мансурзода.

Додгоҳи олии иқтисодӣ мегӯяд, баррасии парвандаҳои пурсару садо дар чаҳорчӯбаи қонун анҷом шуда ва ҳеҷ гуна "ғасб" сурат нагирифтааст.

Раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон мегӯяд, баррасии парвандаҳои пурсару садо, амсоли парвандаҳои соҳибкори шинохта Зайд, Саидов, корхонаи "Тоҷиказот", "Созиданий" ва ғайра "ғасб" ё "рейдерский захват" набуда, балки дар асоси қонун баррасӣ ва ҳаллу фасл шудаанд.

Наим Мансурзода, рӯзи чоршанбеи 16 июл зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Додгоҳи Олии иқтисодии Тоҷикистон дар посух ба суоли хабарнигорон дар робита ба парвандаҳои пурсарусадои иқтисодӣ гуфт, "ин ҷо ҳеҷ гуна "ғасб" ё "рейдерский захват" матраҳ нест, балки парвандаҳо дар чорчӯби қонун баррасӣ ва ҳукм содир шудааст."

Ба гуфтаи ҷаноби Мансурзода, нисбати ҳар парванда, аз ҷумла корхонаи "Тоҷиказот", "Созиданий" ва ғайра шикоятҳо ворид шудааст ва бар асоси қонун, додгоҳҳо онро баррасӣ ва ҳалнома содир кардаанд.

Ҳамзамон раиси Додгоҳи Олии иқтисодии Тоҷикистон дар иртибот ба баҳси корхонаи "Тоҷиказот", ки мутааллиқ ба Фирташ, миллиардери украинӣ буд, гуфт, ки ин баҳс дар сатҳи поёнӣ баррасӣ ва ҳалнома содир гардидааст, аммо ҳоло ба Додгоҳи Олии иқтисодӣ шикояте дар ин замина ворид нашудааст.

Аммо Наим Мансурзода, дар маврид парвандаи бозори "Саховат" -и Турсунзода, ки ба пайвандони Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ мутааллиқ дониста мешуд, изҳори беиттилоӣ кард.

Ҳамзамон раиси Додгоҳии Олии иқтисодии Тоҷикистон дар мавриди баҳси бозори "Ином" -и ноҳияи Шаҳритус гуфт, ки ин баҳс баррасӣ шуда ва саҳмиҳои он 50 ба 50 тақсим карда шудааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки як тарафи баҳс дар бозори "Ином" Муҳибулло Саъдуллоев, додараруси президенти Тоҷикистон мебошад.

XS
SM
MD
LG