Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дило, то кай ҳамеҷӯӣ манеро..." Рӯзи гиромидошти Рӯдакӣ дар Тоҷикистон


Муқоваи "Девони Рӯдакӣ"
Муқоваи "Девони Рӯдакӣ"

Ҳар сол 22-юми сентябр дар Тоҷикистон рӯзи гиромидошти Рӯдакӣ, Одамушшуаро ё бунёдгузори шеъри форсӣ, таҷлил мешавад. Аммо маҳфили бахшида ба нақши Рӯдакӣ дар адабиёту таърихи форсизабонон рӯзи бистуми сентябр дар Душанбе бо шумори андаке аз шоирону фарҳангиён баргузор шуд. Ҳунарманди саршиноси тоҷик Далер Назаров танҳо овозхоне буд, ки дар ин маҳфил ҳунарнамоӣ кард.

"Мо ҳатто як толорро пур карда наметавонем. Агар инсонҳои дигар Рӯдакии моро дошта бошанд, тӯшаҳояшонро дар пушташон мебанданд, чанд ҳазор километр ҷамъ мешаванд, ба марказ меоянд, ба кӯчаи Рӯдакӣ, ки хушбахтона ман дар он ҷо зиндагӣ мекунам," – гуфт шоири маъруфи тоҷик Гулрухсори Сафӣ рӯзи 20-уми сентябр дар маҳфил.

Баъзе аз донишмандон ба он таъкид карданд, ки шеъри Рӯдакӣ ҳанӯз дар замони худаш фаротар аз марзҳои Хуросону Мовароуннаҳр рафта буд.

Рустами Ваҳҳоб, сардабири маҷаллаи "Садои Шарқ", гуфт, "ашъори ҳикматомӯзи Одамушшуаро натанҳо дар аҷам, балки дар ҷаҳони араб ҳам шӯҳрату эътибори комил доштааст. Онҳо он қадар ғайрат ва такаббур доштанд, ки ҳаргиз ҳозир намешуданд суханеро дар пояи сухани адаби араб қарор диҳанд. Вале шеъри Рӯдакиро ҳамчун сухани хос тарҷума кардаанд. Дар тарҷумаи арабӣ ҳифз шудааст."

Шуморе аз фарҳангиён ишора ба он карданд, ки зарурате пеш омадааст, ки симои шахсиятҳои бузурги миллат, аз ҷумла Рӯдакӣ дар театри миллӣ аз диди нав офарида шавад.

"Аз мактаби Сотим Улуғзода истифода бурда, як драмае нависанд. Бояд имрӯз дар театрҳои мо чеҳраи устод Рӯдакӣ, Исмоили Сомонӣ, Куруши Кабир ва бузургмардони дигари фарҳангу тамаддуну сиёсат ба тамошо гузошта шаванд. Хориҷиён ҳам меоянд.

Дило, то кай ҳамеҷӯӣ манеро,

Чӣ дорӣ дӯст ҳарза душманеро,

Биё, инак, нигаҳ кун Рӯдакиро

Агар беҷон равон хоҳӣ танеро," – гуфт ҳунарпеша Ортиқи Қодир.

Абдураҳмони Абдуманнон, адабиётшиноси тоҷик, яке аз заруратҳои таҷлили рӯзи Рӯдакиро ин медонад, ки шеъри ӯ маҳдуд ба замони худаш нест ва барои ҳар замоне паём дорад: “Албатта, бо мурури замон ахлоқи ҷомеа дигар мешавад, лекин сутунҳои ахлоқ бояд абадӣ бошад. Бояд барҷо бошад. Шеъри Рӯдакӣ талқини ҳамон сутунҳои ахлоқ аст.”

Рӯзи Рӯдакӣ дар Тоҷикистон аз соли 2002 ба ин сӯ расман таҷлил мешавад. Дар Тоҷикистон ба ифтихори Рӯдакӣ ноҳия ва хиёбону маҳаллаҳои зиёд номгузорӣ шудаанд.

Ҳайкалҳои зиёди бунёдгузори шеъри форсӣ дар гӯшаҳои мухталифи кишвар поягузорӣ шудааст. Оромгоҳи ин шоир дар зодгоҳаш шаҳри Панҷакент дар шимоли Тоҷикистон аст. Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ ҷоизаи давлатӣ дорад ва ҳамчунин акси ӯ рӯйи банкноти 500 сомониро зеб медиҳад.

XS
SM
MD
LG