Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тӯрақул Зеҳнӣ. Аз ҷабрдидаи таъқиботи сталинӣ дар Тоҷикистон ёд карданд. ВИДЕО


Тӯрақул Зеҳнӣ
Тӯрақул Зеҳнӣ

Дар шаҳри Душанбе аз Тӯрақул Зеҳнӣ, шоиру забоншинос ва муаллифи "Санъати сухан", ки бархе ӯро "дасти рости Айнӣ" ҳам меноманд, ёд оварданд. Ӯ 130 сол пеш ба дунё омад ва дар солҳои чилуми асри гузашта зери истибдоди сталинӣ ба Сибир бадарға шуд. Бо вуҷуди мушкилҳо, китоберо таҳия кард, ки ҳанӯз дар рӯйи мизи донишҷӯёну адибони тоҷик ҷой дорад.

Баҳс дар мавриди "Санъати сухан"

Абдунабӣ Сатторзода, адабиётшиноси тоҷик, дар маҳфиле, ки ҳафтаи гузашта дар Душанбе баргузор шуд, "Санъати сухан"-ро "муҳимтарин ва машҳуртарин асари Зеҳнӣ" номид. Вай гуфт, "бештари донишмандону адибон ва хабарнигорони тоҷик ҳангоми таҳсил дар донишгоҳҳо ин асарро омӯхтаанд."

"Санъати сухан", ки асосан дар бораи балоғату фасоҳати баён ва вазни арӯз маълумот медиҳад, бори аввал соли 1960 чоп шуд. Онро чанд дафъаи дигар ба нашр расонданд. Шоир Аскар Ҳаким мегӯяд, агар аз ӯ пурсанд, ки дар қарни гузашта чӣ китоби мондагоре хондааст, ҳатман аз китоби Зеҳнӣ ном мебарад. Аммо иддае бар ин назаранд, ки китоби таҳиякардаи Тӯрақул Зеҳнӣ чизи нав набуд.

Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигору таҳлилгари тоҷик, гуфт, "дар бораи китоби "Санъати сухан" бояд бигӯям, ки муҳтавояш чандон тоза нест. Ин китоб бар пояи асарҳои тазкиранависони адабиёти классикии тоҷик таҳия шудааст."

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ёдоварӣ аз Зеҳнӣ ва "Санъати сухан"-аш дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:03 0:00

Бо забон чӣ кард?

Як бахши дигари кори Тӯрақул Зеҳнӣ саҳм гузоштан дар таҳияи "Фарҳанги забони тоҷикӣ" будааст. Ин китобро соли 1969 чоп карданд.

Тӯрақул Зеҳнӣ бо пайвандон
Тӯрақул Зеҳнӣ бо пайвандон

Баъзе аз забоншиносону адабиётшиносони тоҷик бар инанд, ки Тӯрақул Зеҳнӣ ва ҳамфикронаш тавонистаанд, дар гузашта меъёрҳову имлои забони тоҷикии маъқул ба худро ба чаҳорчӯбаи қонунӣ дароваранд. Ин мавзуъ борҳо дар остонаи тағйири имлои забони тоҷикӣ дар гузашта изҳор шуда буд.

Аҳмадшоҳ Комилзода мегӯяд, "Зеҳнӣ шояд дар таҳияи имлои забони тоҷикӣ то андозае таъсир гузошта бошад, вале он замон ҷойгоҳаш чандон бузург набуд. Ман бо ӯ ошноӣ доштам ва борҳо суҳбатҳо мекардем."

Зеҳнӣ: Аз Самарқанд то Сибир

Тӯрақул Зеҳнӣ (Нарзиқулов) соли 1892 дар маҳаллаи Галаосиёи Самарқанд зода шуда, дар мадрасаи Тиллокори ин шаҳр таълим гирифтааст. Солҳо ҳамчун муаллим ва муҳаррири нашриёт фаъолият дошт.

Матлубаи Мирзоюнус
Матлубаи Мирзоюнус

Матлубаи Мирзоюнус, устоди Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд, дар маросими ёдоварӣ аз Зеҳнӣ дар Душанбе гуфт, "ӯ бо тамоми шахсиятҳои мумтози замони худ аз Садри Зиё сар карда, то Нақибхон Туғрал, Садриддин Айнӣ, Лоҳутӣ, Вадуд Маҳмудӣ ошноӣ дошт. Борҳо зикр шудааст, ки Садриддин Айнӣ хидматҳои домулло Зеҳниро хидмати "дасти рост" номидаанд."

Зеҳниро соли 1945 ба Сибир бадарға карданд ва ӯ нӯҳ солро дар минтақаҳои дурдасти Русия ва Қазоқистон гузарондааст. Комиссариати халқии корҳои дохилии Тоҷикистони Шӯравӣ ӯро ба тадриси "Қуръон" дар мактаби давлатӣ гунаҳкор кард.

Тӯрақул Зеҳнӣ соли 1954 аз бадарға баргашт ва то охири умр, яъне то соли 1983 ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ буд. 91 сол умр дид.

XS
SM
MD
LG