Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷассамаи Рӯдакӣ дубора дар Самарқанд қомат афрохт


Дар шаҳри Самарқанд муҷассамаи Абдуабдуллоҳи Рӯдакӣ, сардафтари адабиёти классики форсӣ, дубора қомат афрохт, аммо на дар ҷойи пешинааш, балки дар хиёбони ҳамноми шоир. Маросим рӯзи 30-юми август баргузор шуд.

Сомонаи "Овози Самарқанд" бо нашри наворе аз лаҳзаи пардабардорӣ аз рӯйи муҷассама навишт, дар маросим ҳокими вилоят ва роҳбарону фаъолон иштирок карданд.

Муҷассамаи пешинаи Рӯдакиро, ки дар аҳди Шӯравӣ сохта ва гузошта шуда буд, соли 2009 бо баҳонаи бозсозӣ канда, ба қавли нависанда, Аслиддин Қамарзода, "дертар дар ҷояш пайкараи Ислом Каримовро гузоштанд".

Дар вилояти Самарқанд тақрибан 300 ҳазор нафар расман тоҷик сабт шудаанд, вале сокинони он мегӯянд, дар асл ин шумора ба маротиб бештар аст.

Мақомоти маҳаллӣ бо таъсиси созмоне ҷомеаи тоҷиконро муттаҳид кардааст. Сокинонаш мегӯянд, ҳоло онҳо дар рӯҳияи ҳамҷавориву дӯстӣ дар ин ҳамсоякишвари Тоҷикистон умр ба сар мебаранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG