Лоиқ Шералӣ, шоири халқии Тоҷикистон, 80 сол пеш дар Мазори Шарифи Панҷакент ба дунё омад, 21 сол қабл дар Душанбе даргузашт ва ҳоло дар оромгоҳи Лучоб орамидааст. Мухолифон дар ашъори ӯ танқиди низомро меҷӯянд, корафтодагон – фарёдрасро, ошиқон – изҳори муҳаббат ва муҳоҷирон – ғами ғурбатро.
"Фарёди бефарёдрас"-ро дар ҳар давру замон ҳамчун ҳукмнома болои мизи ҳуқуқдонҳои ҷаҳон гузоштан мумкин аст. Аз ҳар сатраш бармеояд, кӣ кӣ буд, чӣ кор кард ва ё накард. Шоир шоҳиди дарди замон буд.
Шоираи маъруф Гулрухсори Сафӣ мегӯяд, Лоиқ Шералӣ ба рамзи як насли инсонҳо табдил мешавад, ки ормони як миллатро месуруданд.
"Рафтани Лоиқ рафтани як насли ошиқ, як насли бонангу номус, насли қишлоқии шаҳрофар буд. Лоиқ рафт, то шояд қадрашро шиносем, набуданашро эҳсос кунем. Ҷояш хеле холист, ҳарчанд шеъраш ягон дақиқа аз забону баёни мардум нарафтааст", -- мегӯяд Гулрухсор.
Худи шоир ҳанӯз дар зиндагияш фол кушода буд, ки шеър ӯро зинда хоҳад дошт, бо шеъраш миёни мардуми худ хоҳад монд. Инро на танҳо ҳамнаслонаш, балки насли навин низ ба забон меорад. Монанди Шоираи Раҳимҷон, шоир ва оҳангсоз:
"Ман ҳамеша мегӯям, ки ҳеч шоир дар даврони зинда буданаш такаббур накунад, ки як зумра ӯро эътироф кардаанд. Баъд аз як сол, даҳ сол ё сад соли марг бо самимият ёд кунанд, воқеан, ту шоири мондагор ҳастӣ. Воқеият аст, ки шеъри устод Лоиқ Шералӣ ҳаргиз кӯҳна намешавад."
Чаро бо гузашти солҳо шеъри Лоиқ Шералӣ кӯҳна намешавад? Мунтақидон маҳбубияти ӯро дар байни омма бештар ба баёни осону содаи ҳақиқатҳои амиқ пайванд медиҳанд, ҷонибдоронаш ба ошкору самимӣ ва заминиву бодард гуфтанаш, дигарон ба қолабшиканиву нишонрасии сухан ва покию ҷавонмардии қаҳрамони лирикияш.
"Шеъре бо забони зиндаи мардум"
Рустами Ваҳҳоб, сардабири маҷаллаи адабии "Садои Шарқ", рози маҳбубияти шеъри Лоиқ Шералиро бештар ба иҷтимоӣ буданаш пайванд дод. Ӯ рӯзи 20-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "шеъри устод аз саҳифаҳои зиндагӣ ва таърихи мо аст. Шоири фаъол буд, ба масоили зиндагӣ ба сурати фаъол дахолат мекард. Ин навъ шеър ҳамеша тарафдор ва хонанда дорад ва шамъи он ҳеч гоҳ хомӯш намешавад."
Вале дар айни ҳол забону баёни шеъри шоирро сарфи назар намекунад: "Шеърест, ки бо забони бисёр солим, пухта, забони зиндаи мардуми тоҷик ва мутобиқ бо қоидаҳои забони адабиёти классикӣ шакл гирифтааст."
Ба ақидаи бисёриҳо, Лоиқ Шералӣ асолати суханро аз шеъри Рӯдакӣ армуғон овард ва ҷасорати суханро аз таърихи ҳазорсола ва пурдарди халқаш.
"Аз дард ва бодард гуфтааст"
Бисту як сол аст, ки дӯстону ҳаводорони шоир зодрӯзашро бе ӯ ҷашн мегиранд. Гулрухсори Сафӣ, шоири маъруфи тоҷик, мегӯяд, таҳаммули набудани Лоиқ осон нест, вале кам нашудани маҳбубияташ ин холигоҳро ҷуброн мекунад. Бовар дорад, ӯ танҳо шоир набуд:
Лоиқ Шералӣ рӯзи 20-уми майи соли 1941 ба дунё омада, Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент ва риштаи таъриху забону Донишкадаи омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Сипас ҳамчун рӯзноманигор дар расонаҳои ҳамагонӣ кор карда, бо ном бароварданаш ҳамчун шоир сардабири маҷаллаи адабии "Садои Шарқ" ва аз соли 1989 раиси Бунёди забони тоҷикӣ (форсӣ) буд.
Соли 1965, дар 24-солагӣ, ба узвияти Иттиҳоди адибони Тоҷикистон пазируфта шуд.
Наворро дар ин ҷо бинед:
"Ҳама ба ҳар тараф парешон шуд, ӯ дар ватан монд"
Ба эътирофи донишмандони шеъри тоҷикӣ, Лоиқ Шералӣ шӯрангезтарин ғазалҳои ошиқона, самимитарин "Модарнома"-ву "Хайёмнома" ва дилрастарин шеърҳои муосирро суруд.
Маҷмӯаҳои ашъораш – "Сари сабз", "Илҳом", "Нӯшбод", "Соҳилҳо", "Ташнадил", "Хоки ватан", "Марди роҳ", "Торҳои борон", "Хонаи дил", "Хонаи чашм", "Варақи санг" ва "Ману дарё" мавриди истиқболи пуршӯри хонандагонаш шудаанд.
Адабиётшиносон мегӯянд, ҳодисаҳои солҳои 90-ум низ ба андешаву рӯҳияи Лоиқ таъсири амиқ гузошт ва ӯ дар ашъори солҳои охир дардҳову назарҳои худро нисбат ба замон баён кард. Охирин китобе, ки дар зинда буданаш мунташир шуд, "Фарёди бефарёдрас" падидаҳои ваҳшатангези ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро бозтоб додааст.
"Ҷанги шаҳрвандӣ болои дили мо лахча рехту бирён кард, пеш аз ҳама дили Лоиқро. Ҳамаи мо ба ҳар тараф парешон шудем, ӯ дар ватан монд. "Фарёди бефарёдрас"-ро дар ҳар давру замон ҳамчун ҳукмнома болои мизи ҳуқуқдонҳои ҷаҳон гузоштан мумкин аст. Аз ҳар сатраш бармеояд, кӣ кӣ буд, чӣ кор кард ва ё накард. Шоир шоҳиди дарди замон буд", -- нақл кард Гулрухсори Сафӣ.
Диловар Шералӣ, писари Лоиқ Шералӣ, мегӯяд, аз падар шеърҳои зиёде ба ёдгор монд, ки ҳамвора аз он ифтихор мекунанд, вале ҳеч узви дигари оила шоир нашуд: "Табъи шоирӣ фазилату атои худовандӣ аст. Ҳама фарзандон адабдӯстанд, муҳаббат доранд, вале эҷод кардан дигар аст. Ин кор ба фарзандон муяссар нашуд."
Лоиқ Шералӣ 30-юми июни соли 2000, дар 59-солагӣ, аз дунё рафт. Пас аз маргаш, "Куллиёт"-и ӯро чанд дафъа нашру паҳн карданд, аммо баъзе аз огоҳон мегӯянд, ҳанӯз баъзе аз шеърҳои ба истилоҳ "сахту сиёсӣ"-и ӯ чоп нашудаанд.