Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рӯйхати шахсони таҳти назорат" дар Русия. 120 ҳазор кас аз Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Тоҷикистон аз бештар аз 120 ҳазор шаҳрванди кишвар хостаанд, ки то 3 моҳи дигар санадҳояшонро дар Русия дуруст кунанд. Дар акси ҳол, ба гуфтаи мақомот, ба феҳрасти онҳое меафтанд, ки бояд аз Русия бечунучаро ронда шаванд.

Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон бо нашри баёнияи расмӣ рӯзи 22-юми октябр гуфт, аз рӯзи 5-уми феврали соли 2025 дар Русия қонуни нав дар бораи иқомати хориҷиён ҳукми иҷро мегирад ва мумкин аст, аҳволи даҳҳо ҳазор муҳоҷири тоҷикро бад кунад.

Дар баёния омадааст, бар асоси санадҳои нав дар бораи иқомати хориҷиён, Вазорати корҳои дохилии Русия низоми махсуси ихроҷ ё депортатсияро ба роҳ меандозад ва “рӯйхати шахсони таҳти назорат”-ро таҳия кардааст. Он номи зиёда аз 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро ҳамчун афроди қонуншикан дарбар мегирад.

Яъне, баъди рӯзи 5-уми феврал ҳамаи ин мардум якбора ба феҳрасти онҳое ворид мешаванд, ки дар сурати афтодан ба дасти маъмурони пулис, бе ягон суолу ҷавоб ба Тоҷикистон ихроҷ карда мешаванд.

Дар “рӯйхати шахсони таҳти назорат” дар Русия онҳое сабт шудаанд, ки дар қаламрави ин кишвар ягон қонуншиканӣ кардаанд. Фарқ надорад, қарздорӣ аз пули телефон, напардохтани ҳаққи обу барқ барои муддати тӯлонӣ, риоят накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳозир нашудан ба идораҳои давлатӣ бо вуҷуди даъватҳои батакрор ва ё қонуншиканҳои сахти дигар ба мисли ҷиноят.

Вазорати меҳнати Тоҷикистон гуфтааст, шаҳрвандоне, ки дар ин рӯйхат ҳастанд, бояд то рӯзи 5-уми феврал ба мақомоти Русия муроҷиат кунанд ва агар мушкили қонуние дошта бошанд, ҳал намоянд ва ё умуман қаламрави Русияро тарк кунанд.

Ҳушдори Вазорати меҳнат дар бораи "рӯйхати сиёҳ"-и Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:33 0:00

Онҳое, ки мехоҳанд, бидонанд, ки воқеан дар он рӯйхат ҳастанд ё не, метавонанд, дар вебсайти Вазорати меҳнат бинанд. Зоҳиран дар ин рӯйхат онҳое ҳам ҳастанд, ки аз Русия ихроҷ шудаанд ва ё он кишварро тарк кардаанд.

Вазорати меҳнат ба ин мардум тавсия додааст, ки агар дар Тоҷикистон ё кишвари дигаре ҳастанд, барои берун кардани номашон аз феҳраст нусхаи шиносномаи хориҷии худро бо нишон додани мӯҳри убури сарҳад пешниҳод кунанд.

Ҳамзамон аз онҳое, ки ҳам шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳам Русия ҳастанд, дар ин кишвар қонунӣ кор мекунанд ва ба феҳрасти “афроди таҳти назорати Русия” афтодаанд, хоста шудааст, ки нусхаи шиносномаи худро ба намояндагии Вазорати кори Тоҷикистон дар Русия нишон диҳанд.

Мақомоти Тоҷикистон имсол бо мақомоти Русия дар бораи муҳоҷирати корӣ ва озору азияти тоҷикон радду бадалҳои зиёд доштанд. Ба назар мерасад, ҳоло метарсанд, ки баъди моҳи феврал ихроҷ ва ё мушкилоти қонунии муҳоҷирони тоҷик зиёд мешавад.

Вазъи муҳоҷирони корӣ дар Русия пас аз ҳамлаи маргбор ба толори консертии "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав бад шуд. Мақомоти Русия дар ин ҳодиса чанд шаҳрванди Тоҷикистонро муттаҳами аслӣ номбар кардаанд. Тафтиши ҳодиса ҳафт моҳ боз ҷараён дорад, вале азбаски мурофиаҳо паси дарҳои баста мегузаранду гумонзадҳо дар аввал шиканҷа шуда буданд, шубҳаҳо ба мунсифона будани таҳқиқ ҳамчунон боқист.

XS
SM
MD
LG