Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ним сол 86 ҳазор муҳоҷирро аз Русия пеш кардаанд


Дар нимаи аввали соли равон қариб 86 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз Русия ихроҷ шудаанд. Ин оморро сомонаи "Важние истории" баъди омӯзиши маълумоти додгоҳҳои Русия пахш кардааст.

Ба қавли манбаъ, рондани муҳоҷирон аз Русия дар қиёс ба солҳои гузашта ба таври назаррас зиёд шудааст. Барои намуна дар тамоми соли 2022 аз Русия 85 ҳазор муҳоҷир ихроҷ ё депорт шуда буд. Аммо фақат дар нимаи аввали соли равон қариб 86 ҳазор муҳоҷирро аз Русия пеш кардаанд.

Ба навиштаи "Важние истории", бештари шаҳрвандони хориҷӣ барои вайрон кардани қоидаи вуруд ба Русия, нақзи қонунҳои будубош ва фаъолияти кории ғайриқонунӣ ихроҷ шуданд. "Дар нимаи аввали соли равон барои ин намуд қонуншиканиҳо қариб 100 ҳазор парванда боз шудааст,"-навиштааст манбаъ.

Сомонаи "Важние истории" нагуфтааст, ки муҳоҷирони ихроҷшуда шаҳрвандони кадом кишвар ҳастанд. Мақомоти Тоҷикистон қаблан гуфта буданд, дар нимаи аввали соли равон зиёда аз 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро аз Русия ронданд.

Муҳоҷирон мегӯянд, баъди ҳодисаи «Крокус» тафтиши пулис ва таҳқиру азияти мақомот дар Русия зиёд шуд. Баъзе муҳоҷирон шикоят карданд, ки бо вуҷуди дуруст будани санадҳояшон онҳоро аз Русия ронданд.

XS
SM
MD
LG