Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ин хости ҷомеа нест." Як пешниҳоди дигари зидди хориҷиён дар Русия


Думаи давлатии Русия. Акс аз бойгонӣ
Думаи давлатии Русия. Акс аз бойгонӣ

Шаҳрванди хориҷӣ будан дар Русия шояд ба зудӣ ҳамчун “ҳолати вазнинкунандаи ҷиноят” шинохта шавад. Ин пешниҳодро вакили Думаи давлатӣ Евгений Марченко ироа карда, мақсадашро “пешгирии ҷинояткорӣ” номидааст. Вай гуфтааст, ки дар нимаи аввали соли 2024 ҷинояткории муҳоҷирон 55 дарсад афзуд. 

Дар ҳоли ҳозир дар қонунгузории Русия ҳолатҳои мастӣ, такрори ҷиноят ва бераҳмии махсус ҳамчун “ҳолатҳои вазнинкунанда” шинохта шудаанд. Нашрияи “КоммерсантЪ” рӯзи 8-уми октябр хабар дод, ки ин пешниҳод бештар ба муҳоҷирон нигаронида шудааст.

Темур Умаров, пажӯҳишгари умури Русия ва АвруОсиё дар Маркази Карнегии Берлин, ин тасмимро "як тарҳи зиддиконститутсионӣ” ва “як қадами дигар барои ошкоро қонунӣ кардани табъиз” донист.

Ӯ гуфт: “Агар ин қонун қабул шавад, одамонро дар Русия метавон ба таври автоматӣ барои асли баромадашон табъиз кард.” Умаров афзуд, табъиз кайҳост, ки дар Русия вуҷуд дорад, вале акнун қонунӣ мешавад.

Навор дар Фейсбук:

Валентина Чупик
Валентина Чупик

Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, бовар дорад, ки пешниҳоди Марченко зидди банди 19-уми Қонуни асосии Русия аст: “Ин номумкин аст, зеро баробарии одамонро дар назди қонун баҳам мезанад. Банди 19. Ҳама дар назди қонун ва додгоҳ баробаранд. Дувум, давлат ҳуқуқ, озодиҳо ва баробарии инсон ва шаҳрвандро сарфи назар аз ҷинс, нажод, миллат, забон ва асли баромад, вазъи молӣ ва мансабдорӣ, моликият ва боварҳо ва мансубият ба иттиҳодияҳои иҷтимоиву шароити дигар кафолат медиҳад.”

Ба ақидаи Валентина Чупик, бе ин қонун ҳам нисбат ба муҳоҷирон табъиз ҳаст ва онҳоро танҳо бо маҳкум кардан ҷазо медиҳанд, дар ҳоле ки шаҳрвандони Русия аксар вақт бо ҷарима ё хидмати ҷамъиятӣ ҷазо мебинанд.

Пешниҳоди вакили Дума Евгений Марченко дар худи Русия низ мухолифон пайдо кард. Анна Голуб, коршарики ширкати ҳуқуқии Criminal Defense Firm онро ғайриқонунӣ номид. Юрий Синелшиков, муовини раиси Кумитаи қонунгузории Думаи давлатӣ, низ ба ин назар аст, ки чунин чора метавонад қонуни ҷиноиро бадном кунад, зеро миёни шаҳрвандони хориҷӣ ва русҳо фарқ мегузорад. Дар бораи мавқеи ӯ Gazeta.ru хабар додааст.

Темур Умаров
Темур Умаров

Пас, то куҷо ин тарҳ метавонад аз тарафи Думаи давлатии Русия қабул гардад? Темур Умаров мегӯяд: “Ин аллакай як тамоюли ба андозаи кофӣ пешгӯишаванда аст, зеро талаби дигар кардани мақоми шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия вуҷуд дорад ва ба ин талабот вакилони Думаи давлатӣ ҷавоб медиҳанд.”

Пешнависи нав дар ҳоле ба Думаи давлатӣ ворид шудааст, ки намояндагон панҷ бастаи қонунҳои зидди муҳоҷиронро баррасӣ мекунанд. Вячеслав Володин, раиси Дума гуфтааст, ҳоло пӯрзур кардани назорат бар муҳоҷират бартарии кори палатаи поёнии порлумон мебошад.

Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, бар ин назар аст, ки талаби сахттар кардани сиёсати муҳоҷират хости ҷомеа нест, балки талоши мақомоти Русия аст. “Ин рӯҳияи ҷомеа нест, чунки дар Русия ягон хел ақидаи ҷамъиятӣ ё рӯҳияи ҷамъиятӣ вуҷуд надорад,” – хулоса кард ӯ.

Навор дар Инстаграм:

XS
SM
MD
LG