Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КДАМ радиои "Зелло"-ро минбари созмонҳои "террористӣ" хонд


Акси ҷангиёни тоҷик дар Ироқ ва Сурия. Аз бойгонӣ.
Акси ҷангиёни тоҷик дар Ироқ ва Сурия. Аз бойгонӣ.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо нашри як филми кӯтоҳмуддати мустанад, ки шаби гузашта ва субҳи 22-юми май тариқи телевизионҳои давлатӣ пахш шуд, шабакаи интернетии "Зелло"-ро аз паёмрасонҳое ном бурд, ки шаҳрвандони кишвар тавассути он ба гурӯҳҳои "террористиву экстремистӣ" шомил мешаванд.

Дар ин мустанади тақрибан 10-дақиқаӣ аз ҷумла гуфта шуд, ки "тақрибан 80 дарсади шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути радиои "Зелло" ва шабакаҳои интернетӣ, ба сафи созмонҳое мамнӯи ҲНИТ, "Давлати

Агар мақомот дар доираи Стратегияи миллии мубориза алайҳи терроризму экстремизм барномаи кумак ба расонаҳои дохилиро новобаста аз шакли моликият роҳандозӣ кунанд, метавонад дар ҷанги иттилоотӣ нақши бориз дошта бошад

исломӣ" ва "Гурӯҳи 24" шомил шудаанд". Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ин гузориш худ "Зелло"-ро яке аз паёмрасонҳои "бадбахтиву касофат" ном бурдааст, ки мубаллиғони созмонҳои терористиву экстремистӣ онро ҳамчун воситаи асосии ҷалби ҷавонон ба сафҳои худ истифода мекунанд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳамзамон бо пахши ин гузориш аз сокинони кишвар даъват кардааст, ки барои пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон тавассути шабакаҳое мисли "Зелло" ба мақомот кӯмак карда, аз ин раванд худдорӣ намоянд.

Бахше аз мубориза бо ифротгароӣ

Таҳлилгарон пахши филми мустанадро идомаи барномаҳои зидди ифрогтгароӣ дар Тоҷикистон медонанд ва мегӯянд, ин аввалин талоши мақомот барои таъмини амният ва ба ҷавобгарӣ кашондани гумонбароне, ки ба гуруҳҳои ифротӣ пайвастаанд, нест. Парвиз Муллоҷонов таҳлилгари тоҷик 22-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, агар дар гузашта ҳукумати Тоҷикистон барои мубориза бо ифротгароӣ манбаъҳои молии созмонҳои террористиро чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷӣ кишвар масдуд ва аз ин роҳ мушкили ифротгароиро дар кишвар назорат мекард, акнун бо роҳи идеологӣ ё таблиғот ин барномаро идома медиҳад.

Аммо Муллоҷонов гуфт дар пайи тасмимҳои мақомоти кишвар эҳтимол назорати сомонаҳои интернетӣ бо ҳар роҳ шадид ва истифодаи он маҳдудтар шавад. Чун ба гуфтаи ӯ аллакай аввалин иқдом дар ин росто амалӣ шудааст: “Аз соли 2016 ҳама намуди иртибот бо хориҷ аз кишвар тавассути Маркази ягонаи коммутатсинӣ ё “мӯрии ягона” сурат мегирад”. Ин сохтори нав ниҳоди зертобеи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аст.

Пойгоҳи интернетии "Зелло” як шабакаи байналмилалии интернетӣ буда, ҳадаф аз таъсиси он фароҳам овардани имкони озоди пахши иттилоот аст. Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, радиои "Зелло” боиси "мағзшӯӣ”-и ҷавонон шуда ба василаи "сиёҳ кардани имиҷи Тоҷикистон” табдил шудааст ва бояд фаълияти он зери назорати шадид қарор бигирад.

Ин “ҳушдор ба сокинони Тоҷикистон” аст

Сайфулло Сафаров, муовини раиси маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ҳадаф аз пахши ин филми мустанадро “ҳушдор ба сокинони Тоҷикистон” медонад ва мегӯяд, бояд ҷавонон таъсири манфӣ ва мусбии шабакаҳои иҷтимоиро хуб дарк кунанд. Ӯ назорати шабакаи интернетро дар роҳи мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ муҳим хонд ва гуфт, баъзан ҷавонон ба ҳадафҳои шабакаи иҷтимоӣ сарфаҳм намераванд ва гумроҳ мешаванд. Аммо ӯ гуфт ин ба он маъно нест, ки мақомот тамоми сарчашмаҳои хабарро масдуд карда муоширати ҷавонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ масдуд мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон борҳо интернет ва бахусус шабакаҳои иҷтимоиро дар паҳн кардани ғояҳои ифротӣ ва аз ин тариқ ҷалб шудани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро муттаҳам карда, хостори назорати ҷиддӣ бар шабакаҳои интернет шуда буданд. Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон гуфт, ҳизбу ҳаракатҳои гуногун аз фазои маҷозӣ барои ҷалб ва мағзшӯии ҷавонон истифода мекунанд.

"Пешгирӣ ё маҳдуд сохтани ин пойгоҳ роҳи ҳал нест"

Аммо ӯ гуфт, “Зелло” танҳо абзори мухолифони Тоҷикистон нест ва аз суи ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ ҳам “хеле моҳирона” истифода мешавад. Қаршибоев мегӯяд, пешгирӣ ё маҳдуд сохтани ин пойгоҳ роҳи ҳал нест ва бояд фазои иттилоотии Тоҷикистонро ғанӣ кард. Вай гуфт, агар мақомот дар доираи Стратегияи миллии мубориза алайҳи терроризму экстремизм барномаи кумак ба расонаҳои дохилиро новобаста аз шакли моликият роҳандозӣ кунанд, метавонад дар ҷанги иттилоотӣ нақши бориз дошта бошад. “Вале, мутаасифона, имруз расонаҳои мустақил дар кишвар дар вазъи буҳронӣ қарор доранд”, гуфт ӯ.

Дар мустанади КДАМ гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон 1,6 миллион нафар ё 19 дарсади аҳолии кишвар ба сомонаҳои интернетӣ дастрасӣ доранд.

Мақомоти расмӣ мегуянд танҳо дар соли 2017 дар Тоҷикистон беш аз 1300 ҷинояти хусусияти ифротиву террористӣ дошта ошкор гардида, беш аз 400 нафар барои аъмоли ифротӣ ва террористӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. КДАМ мегӯяд, аксари ин 400 нафари дастгиршуда низ аз тариқи радиои "Зелло” ба ҳаракатҳои ифротӣ пайваста буданд.

XS
SM
MD
LG