Дар маросими кушоиши ботантанаи Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ дар Сочи дар ҳайати варзишии Тоҷикистон Владимир Владимиров, молики шабакаи тарабхонаҳо ва вакили шӯрои шаҳрии Красноярск, ширкат кардааст.
Владимиров ба сомонаи "Деловой портал Красноярска" иброз доштааст, ба вай ҳатто пешниҳод кардаанд, ки парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон шавад, вале ӯ ин корро рад карда, гуфтааст, «ҳамроҳ бо варзишгар қадам мезанам, зеро мураббиаш омада натавонист».
Аз номи Тоҷикистон ширкат кардани як соҳибкор ва он ҳам аз Русия дар маросими ифтитоҳи Олимпиадаи зимистонаи Сочи мояи баҳсҳои зиёде ба хусус дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет шудааст. Як посух дар ин робита ин аст, ки оё Владимиров чигуна ба ҳайати тими олимпии Тоҷикистон роҳ ёфт ва оё иддаои ӯ дар бораи қариб парчамбардори тими ин кишвар шуданаш то куҷо дуруст аст?
Барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала ба Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки дар маросими кушоиши Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ дар Сочи ширкат дошт, муроҷиат кардем.
Ҷаноби Раҷабалиев, ки рӯзи 10 феврал аз Сочи бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, дар посух чунин гуфт: «Дар парад ё намоиши ҳайатҳои варзишии кишварҳои ширкаткунандаи бозиҳо Тоҷикистонро панҷ нафар намояндагӣ кардем. Парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон лижарон Алишер Қудратов буд. Ба ҷуз Алишер ба ин ҳайат лижарон Андрей Дригин бо шарикаш Владимир Владимиров , ман ва Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дохил буданд. Бояд гуфт, ки Кумитаи миллии олимпии кишвар парчамбардори Тоҷикистонро даҳ рӯз пеш аз Бозиҳо муайян кард ва ин вазифаи фахрӣ ба дӯши варзишгари тоҷик Алишер Қудратов гузошта шуда буд. Дар ин бора расонаҳои хабарӣ иттилоъ дода буданд.»
Ба гуфтаи ҷаноби Раҷабалиев, «лижаронҳои мо - Андрей Дригин ва Алишер Қудратов меъёрҳои муқарраршударо барои гирифтани роҳхат ба Олимпиадаи Сочи дар навъҳои гуногуни лижаронии кӯҳӣ ба ҷо оварданд. Ва тасмими охирин - додани роҳхат ба Олимпиадаи зимистона дар намуди лижаронии кӯҳӣ ба варзишгарони Тоҷикистон - дар ҷаласае, ки бо ҳузури намояндагони се ҷониб - Федератсияи байналмилалии лижаронӣ, Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи Сочи-2014 барпо гардид, гирифта шуд. Мо ҳарчанд кӯшиш кардем, ки ҳарду роҳхат бигиранд, вале бар асоси қоидаҳои мавҷуда дар як намуд – лижаронии кӯҳӣ танҳо як роҳхат дода шуд. Дар мувофиқа бо лижарони пуртаҷриба Андрей Дригин, ки Тоҷикистонро се бор дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ намояндагӣ кардааст, мо ба феҳристи иштирокчиёни Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ дар Сочи Алишер Қудратовро, ки барои аввалин бор меъёрҳои олимпиро иҷро кардааст, дохил намудем. Ӯ наздики ду ҳафта аст, ки дар Сочи ҳамроҳи Андрей Дригин машқ мекунад. Бояд гуфт, ки барои аввалин бор дар таърихи варзиши Тоҷикистон варзишгари тоҷик дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ширкат меварзад.”
Дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар мавриди чигуна ба тими олимпии Тоҷикистон роҳ ёфтани Владимир Владимиров гуфт, ки ӯ тавассути Андрей Дригин шомили ҳайат шуда, дар расми ифтитоҳи Бозиҳои Сочи ширкат кардааст: “Андрей Дригин, ки шаҳрвандии ду кишвар – Русия ва Тоҷикистонро дорад, дар Красноярски Русия ба сар мебарад, вале ӯ дар мусобиқоти байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Вай дар оянда ба Тоҷикистон меояд ва ба ҳайси мураббӣ варзишгарони тоҷикро ба мусобиқот омода месозад. Ӯ дар Олимпиадаи Сочи ба ҳайси варзишгаре, ки меъёрҳои олимпиро иҷро кардааст, ширкат дорад, вале дар мусобиқот иштирок намекунад. Вай ҳуқуқ дорад, ки бо худ як нафарро ҳамроҳ бигирад, фарқ надорад, ки ӯ мураббист, узви оилааш ва ё дӯсташ. Ҳамин тариқ, Андрей Дригин ва шарикаш Владимир Владимиров ба ҳайати варзишии мо шомил шуданд. Ин ҷо мо ба ягон иштибоҳ роҳ надодаем. Вале дар мавриди он ки мо ба Владимиров вазифаи парчамбардориро пешниҳод карда бошем, ин суханҳо асос надоранд ва бофтаи худи ӯст.”
Бояд тазаккур дод, Андрей Дригин соли 2002 дар Олимпиадаи Солт-Лейк-Ситии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар як намуд - супергигант ширкат кард, вале, мутаассифона, ба марра нарасид. Вай соли 2006 дар Олимпиадаи Турини Италия дар се намуд иштирок дошт, ки натиҷаҳои ба даст овардааш чунинанд: нишебии босуръат - 1:59,41, ҷойи 51-ум, супергигант – 1:37,85, ҷойи 51-ум, гигантслалом – ба марра нарасид.
Ӯ соли 2010 дар Олимпиадаи Ванкувери Канада низ дар се намуд иштирок дошт, ки натиҷаҳо чунинанд: нишебии босуръат - 2:04,44, ҷойи 59-ум, супергигант – 1:38,03, ҷойи 44-ум, гигантслалом –2:55,29, ҷойи 57-ум.
Дар Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ дар Сочи танҳо як варзишгари тоҷик - Алишер Қудратов - дар мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом, ки рӯзи 22-юми феврал баргузор мешавад, ширкат мекунад.
Алишер Қудратов 11-уми январи соли 1986 дар ноҳияи Варзоби Тоҷикистон ба дунё омадааст. Вай аз солҳои бачагӣ дар зодгоҳаш– Сафеддара , ки дар ин ҷо аз замони шӯравӣ урдугоҳи лижаронӣ мавҷуд аст, тамрин мекунад. Ӯ дар тӯли як моҳи ахир дар чор мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Эрон ва дар ду мусобиқаи интихобӣ дар Туркия иштирок карда, меъёрҳои муқарраршударо дар лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом барои гирифтани роҳхат ба Олимпиадаи Сочи-2014 иҷро кардааст.
Алишер Қудратов бошад, соли 2010 дар Олимпиадаи Ванкувер ба ҳайси таҷрибаомӯз иштирок дошт, вале дар мусобиқот ширкат наварзидааст. Ӯ дар маросими кушоиши Бозиҳо парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон буд.

Ба барномаи Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ 15 намуд дохиланд: биатлон, бобслей, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, лижаронии дуҳарба, пойгаи лижатозӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин, варзиши чанаронӣ, скелетон, дави босуръат бо конки, сноуборд, рақси рӯи ях бо конки, фристайл, хоккейи рӯи ях ва шорт-трек.
Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Сочи то 23-юми феврал идома меёбанд. Дар ин Олимпиада беш аз 2800 варзишгар аз 88 кишвар барои 98 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд.