Шореҳи шинохтаи шабакаи телевизионии “Россия 1” Дмитрий Губерниев дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Твиттер навишт: “Сокинони азизи Узбакистон! Барои иштибоҳам дар шарҳи кушоиши Бозиҳои олимпӣ маъзарат мепурсам. Ба варзишгарони шумо муваффақият орзу мекунам! Дӯстон, мо ҳама одамизодем ва ҳар одам иштибоҳ мекунад. Аммо ман ҳеҷ гоҳ ягон фикри баде дар бораи Узбакистон надоштаму надорам.“
Дмитрий Губениев шаби 7 феврал, вақте ҷараёни маросими ифтитоҳи Олимпиадаи Сочиро дар шабакаи “Россия1” шарҳ медод, тими Узбакистонро тими олимпии Тоҷикистон номид.
Ин иштибоҳ ба вокуниши тунди расонаҳои Узбакистон ва ҳамин тавр, мухлисони узбак дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ шуд. Расонаҳои узбакӣ навиштанд, ки чаро Губерниев ҳангоми аз майдон гузаштани тимҳои олимпии Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистон ба кӯтоҳие роҳ надод ва ҳам аъзои ин тимҳову ҳам руасои ин ҷумҳуриҳоро дар телевизион намоиш доданд, вале вақте навбат ба Узбакистон расид, на Ислом Каримов дар пардаи телевизион зоҳир шуда на ҳатто исми кишварро дуруст талаффуз карданд?
Ба навиштаи расонаҳои Узбакистон, мухлисони тими олимпии ин кишвар дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук саҳифаи вижаеро таҳти унвони “Флешмоб бар зидди Дмитрий Губерниев” таъсис доданд, ки дар як муддати кӯтоҳ ҳазорон “лайк”, яъне тарафдор, пайдо кардааст.
Амомо Дмитрий Губерниев дар Твиттер навиштааст, ки вокуниши беҳад тунди бархеро ба ин як иштибоҳи маъмулӣ дарк намекунад, вале афзудааст, ки “агар иҷозатам диҳанд, ки дар эфир узр бипурсам, ман ин корро ҳам хоҳам кард.”
Дмитрий Губерниев бо онки аз шореҳони хеле шинохтаи варзиш дар шабакаҳои давлатии телевизионии Русия ба шумор меравад, бо чандин чунин ба истилоҳ “ляп”-ҳояш дар барномаҳои мустақим шӯҳрат дорад.
Дар соли 2012 Губерниев бехабар аз онки микрофонаш хомӯш нест, ҳангоми танаффуси бозии тими футболи “Зенит” бо як ҳамкори дар паҳлуяш нишаста ба хоидани устухонҳои дарвозабони “Зенит” ва тими миллии Русия Вячеслав Малафеев пардохт. Чанде қабл аз он ҳамсари Малафеев дар садамаи нақлиётӣ ҳалок шуда буд ва Губерниев бе ягон андеша Малафеев дар марги ӯ айбдор кард. Бехабар аз онки ин ҳама сӯҳбатҳояш дар эфир рафта истодааст ва миллионҳо нафар ӯро мешунаванд. Ин моҷаро ба як баҳси тӯлонии Губерниев бо Малафеев оғоз гузошт, ки танҳо баъди миёнаравии афроди хеле пурнуфуз дарвозабони “Зенит” розӣ шуд, даъвояшро аз додгоҳ пас бигирад. Вале Дмитрий Губерниев баъди он қазия барои чандин моҳ аз ҳаққи зуҳур дар эфири мустақим маҳрум шуда буд.
Дар Олимпиадаи Сочи, ки аз 7 то 23 феврал идома хоҳад ёфт, Узбакистонро ҳамагӣ 3 варзишгар - раққоси рӯи ях Миша Гё ва лижаронҳо Ксения Григорйева ва Артём Воронов намояндагӣ мекунанд. Парчами тими Узбакистонро дар Сочи Ксения Григорйева бардошт.