Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия 17 зани гирифтори силро ба Тоҷикистон депорт кард


Муддати як соли ахир 17 зани гирифтори бемории сил, ки аз Русия ихроҷ шудаанд, барои идомаи зиндагӣ ба вилояти Хатлон баргаштанд. Бархе аз онҳо дар бораи вуҷуди беморӣ дар баданашон хабар надоштанд, вале ҳама бо як овоз мегӯянд, ки агар зиндагӣ маҷбур намекард, ҳеҷ гоҳ дунболи кору маблағ ба кишвари дур намерафтанд.

Муддати як соли ахир 17 зани гирифтори бемории сил, ки аз Русия ихроҷ шудаанд, барои идомаи зиндагӣ ба вилояти Хатлон баргаштанд. Бархе аз онҳо дар бораи вуҷуди беморӣ дар баданашон хабар надоштанд, вале ҳама бо як овоз мегӯянд, ки агар зиндагӣ маҷбур намекард, ҳеҷ гоҳ дунболи кору маблағ ба кишвари дур намерафтанд.

Русия хориҷиҳои беморро ҳанӯз ихроҷ мекунад

Ҳарчанд қонуни ихроҷи хориҷиҳо бо далели гирифторӣ ба бемории сангинро созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар ҳамчун як муқаррароти табъизомез маҳкум кардаанд, мақомоти Русия ин қонунро бекор намекунанд ва дар сурати ошкор шудани нишонаҳои беморӣ, аз ҷумла сил ва СПИД, ҳатман хориҷиҳоро ба ватанаш истирдод мекунанд.

Яке аз онҳо Гулнораи 40-сола аз ноҳияи Вахши вилояти Хатлон аст, ки панҷ соли ахир аз роҳи муҳоҷират зиндагиашро таъмин кардааст. Ӯ мегӯяд, баъди бозгашташ дар баробари муолиҷаи беморӣ, фикри бозгашти дубора барои кор ба кишвареро дар сар мепарварад, ки рӯзгори ӯву фарзандонашро таъмин мекард.

Гулнора дар як ширкати қаннодии Маскав кор мекард. Се моҳ пеш ба Тоҷикистон ихроҷ шуд ва акнун то 10 соли оянда ҳаққи вуруд ба он кишварро надорад: “Кам-кам бемадор шудам. Ба духтур рафтам, гуфтанд, ки бемори сил шудаӣ. Дар аввал шароити зиндагӣ хуб буд. Дар як хона 5 нафар будем, ҳама сиҳат буданд. Вале рӯзҳои охир сарфа карда, онҷо зиндагӣ мекардем. Нав ҳама ҳуҷҷатҳоямро дуруст кардам, ки бемор шудам. Намедонам оянда чӣ мешавад.”

Ихроҷи 225 сокини Хатлон аз Русия дар як сол барои сил

​Дар як соли ахир 225 сокини вилояти Хатлон ба сабаби мубтало шудан ба бемории сил аз Русия ба ватан фиристода шуданд ва беш аз 90 дар сади онҳо мардонанд. Искандари 38-сола, як сокини дигари вилояти Хатлон гуфт, баъди ошкор шудани нишонаҳои бемории сил дар шушаш, аз ҳаққи кор дар як фурӯшгоҳи Санкт-Петербург маҳрум ва баъдан аз кишвар ҳам хориҷ шуд. Искандар мегӯяд, ки қабл аз сафар сиҳат буд ва дар Русия гирифтори ин беморӣ гардид.

Созмонҳои иҷтимоӣ, ки бо муҳоҷирон кор мекунанд, мегӯяд, ки Русия муҳоҷирони гирифтор ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла силро, ҳатто баъди сиҳат шуданашон то 10 сол барои кор ба ин кишвар қабул намекунад. Ин муҳоҷирон гӯё дар инзиво мемонанд ва маҷбур мешавад, ки зиндагиро дар ватани худ идома диҳанд.

Чӣ гуна сил "ёр"-и муҳоҷирон мешавад?

Шамсулло Олимов, сардухтури бемориҳои сили вилояти Хатлон мегӯяд, бемории сил асосан ба шуш осеб расонида, баъзан ба узвҳо ва системаҳои дигар низ асар мегузорад. Дар ҳолати сари вақт огоҳ нашудан аз ин беморӣ, он метавонад инсонро аз по афтонад ва муолиҷааш ҳам солҳои дароз тӯл кашад.

Маркази ҷумҳуриявии муолиҷаи сил. Акс аз бойгонӣ.
Маркази ҷумҳуриявии муолиҷаи сил. Акс аз бойгонӣ.

Вай мегӯяд, бисёре аз муҳоҷирон бахусус дар солҳои аввали зиндагӣ дар кишвари бегона маҷбур мешаванд бо пули андак дар шароити номуносиб, гоҳо дар таҳхона ва утоқҳои серодаму беҳаво шабро рӯз кунанд. Дар натиҷаи набуди дастрасӣ ба ғизои гарму солим, хадамоти тиббӣ, ҳолати сангини равониву стресс иммунитет ва ё масуниятро худро аз даст медиҳанд ва ба вируси бемории сил гирифтор мешаванд.

1900 силкасал дар Хатлон

Тибқи иттилои расмӣ, дар вилояти Хатлон 1900 нафар дар маҷмӯъ гирифтори бемории сил таҳти назорати пизишкон қарор доранд. Силро як бемории иҷтимоӣ ҳам меноманд, чунки маъмулан аз шароити номусоиди зиндагӣ пайдо мешавад ва дар сурати набуди маблағи кофӣ барои муолиҷа, шахс комилан табобат намешавад.

Сӯҳроб Камолов, як табиби силшиноси дигар ба ҳама шаҳрвандоне, ки рахти сафар ба Русия бастаанд, машварат медиҳад, ки қабл аз муҳоҷират худро ташхис кунанд ва баъдан ба роҳ бароянд.

XS
SM
MD
LG