Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти раҳбари исёни Андиҷон дар зиндон


"Эътироф"-и Акрам Юлдошев аз тариқи телевизионҳои давлатии Узбакистон нашр шуда буд.
"Эътироф"-и Акрам Юлдошев аз тариқи телевизионҳои давлатии Узбакистон нашр шуда буд.

Раҳбари ҷунбиши мазҳабии "Акрамия" ва аз саркардаҳои исёни Андиҷон Акрам Юлдошев, бино ба хабарҳои дарёфтӣ, ҳанӯз 5 сол пеш дар зиндон даргузаштааст.

Як мансабдори Узбакистон, ки аз овардани номаш худдорӣ кард, ба бахши узбакии Радиои Озодӣ хабар додааст, ки Акрам Юлдошев, раҳбари ҷунбиши мазҳабии “Акрамия” ҳанӯз 5 сол пеш дар ҳуҷраи яккасаи зиндон даргузаштааст. Ин манбаи Озодӣ аз овардани ҷузъиёт худдорӣ кард, вале манбаи дигар дар мақомоти интизомии Узбакистон гуфт, раҳбари “Акрамия” дар зиндон аз бемории сил вафот карда буд.

Ба ҷуз аз ин ду манбаъ, ки рӯзи 11 январ бо бахши узбакии Радиои Озодӣ сӯҳбат кард, як ҳомии ҳуқуқи узбак низ бидуни бурдани ном гуфт, ҳанӯз 5 сол пеш сӯҳбатҳоеро дар бораи даргузашти раҳбари исёни Андиҷон шунида буд.

Акрам Юлдошев ҳанӯз 17 феврали соли 1999 бо иттиҳоми терроризм дастгир ва ба 17 соли зиндон маҳкум шуда буд. Ӯ ин ҳукми худро дар ҳуҷраи яккаса адо мекард.

Яке аз пайравони Акрам Юлдошев, ки ҳоло дар хориҷ аз Узбакистон ба сар мебарад, мегӯяд, аз раҳбари созмони “Акрамия” аз соли 2005 ба ин сӯ дарак нест: “Акрам Юлдошев бори охир дар соли 2005 дар ҷараёни мурофиаи ошӯбгарони Андиҷон дар экран зоҳир шуда буд. Он додгоҳ рӯзи 12 декабр анҷом ёфт. Баъди он касе Акрам Юлдошевро надидааст.”

Дар соли 2006 хоҳари калонии Акрам Юлдошев, ки дар Амрико паноҳгоҳи сиёсӣ ба даст оварда буд, ба Узбакистон баргашт ва дар суроғи бародараш шуд. Аммо ба ӯ гуфтаанд, ки дигар ӯро ҷустуҷӯ накунад. Баъд аз соли 2005 на ба хоҳар, на ба бародари калонӣ ва на ба ҳеҷ кадоми дигар аз хешовандони Акрам Юлдошев муяссар нашуд, ки ӯро дар маҳбас аёдат кунанд ваё ҳадди ақал барояш чизе бирасонанд.

Ҷасадҳои эътирозгарони кушташуда дар Андиҷон
Ҷасадҳои эътирозгарони кушташуда дар Андиҷон

Дар моҳи октябри соли 2005 дар ҷараёни мурофиаи ошӯбгарони Андиҷон Собир Муйдин но яке аз муттаҳамон аз додгоҳ талаб кард, ки Акрам Юлдошевро низ барои додани баёнот ба мурофиа даъват кунанд. Вале қозии парванда гуфт, дар посух ба муроҷиати ӯ дар вазорати умури дохилаи Узбакистон гуфтаанд, ки Акрам Юлдошев гирифтори бемории сил аст ва ба ин далел ба додгоҳ эҳзор карда намешавад.

Дар ниҳоят ҷониби айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиа сабти видеоии баёноти Акрам Юлдошевро, ки ҳанӯз дар ҷараёни тафтиши парванда сабт шуда буд, намоиш доданд. Ба гуфтаи яке аз шоҳидони мурофиа, дар ин видео дида мешуд, ки баёноти раҳбари ҷунбиши “Акрамия” ҳанӯз рӯзи 25 июли соли 2005 сабт шудааст ва дар он Акрам Юлдошев бо як чеҳраи хеле лоғар ва ниқоби тиббие, ки даҳону биниашро мепӯшонд, баёнот медиҳад. Ӯ дар баёноташ иқрор мекард, ки шахсан барои анҷоми ҷиҳод дар Андиҷон фатво додааст.

Рӯзи 13 майи соли 2005 нирӯҳои давлатии Узбакистон эътирозгарони ҷамъшуда дар шаҳри Андиҷонро бо истифода аз нирӯву силоҳ саркӯб карданд. Дар натиҷаи тирборони мардуми бесилоҳ, бино ба ҳисоби созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, ҳудуди 1000 нафар кушта шуданд. Аммо мақомоти расмии Узбакистон ҳалокати танҳо 187 нафар дар “бетартибӣ”-ҳои Андиҷонро эътироф карда, гуфтанд, ки аксари кушташудаҳо “террористҳои мусаллаҳ” буданд.

Акрам Юлдошев соли 1963 дар Андиҷон ба дунё омада, баъди хидмат дар Артиши Шӯравӣ муддате дар корхонаи нассоҷӣ кор кардааст. Ӯ баъдан донишкадаи пахтакории Андиҷонро хатм кард ва дар як мактаби миёна аз физикаву математика дарс медод.

Акрам Юлдошев, ки дар замони Шӯравӣ барои узвият дар ҳизби ҳокими коммунист (КПСС) низ ариза дода буд, соли 1992 ба гурӯҳи мазҳабии Ҳизб-ут-Таҳрир пайваст, вале баъди чанде аз ин ҳизб канор рафт ва китоберо бо номи “Иймонга йӯл” (“Роҳи имон”) навишт. Ӯ дар ин китоб ақидаҳои мазҳабиву фалсафиашро баён кардааст. Баъдан як теъдод аз соҳибкорону тоҷирон дар атрофи ақидаҳои Акрам Юлдошев ҷамъ шуда, даҳҳо ширкату корхона таъсис доданд, ки ба гуфтаи худи онҳо, бар асоси меъёрҳои “адолати исломӣ” фаъолият мекарданд.

Дар соли 1998 мақомоти Узбакистон Акрам Юлдошевро дастгир карданд, вале ӯ дар моҳи январи соли 1999 бар асоси қонуни афв озод шуд. Аммо рӯзи 17 феврали соли 1999, ҳамагӣ як рӯз баъд аз таркишҳои Тошканд Акрам Юлдошевро аз нав дастгир карданд ва ин бор бо ҷурми терроризм ба 17 соли зиндон маҳкум карданд.

Нирӯҳои давлатии Узбакистон дар рӯзҳои саркӯби эътирозҳои Андиҷон
Нирӯҳои давлатии Узбакистон дар рӯзҳои саркӯби эътирозҳои Андиҷон

Дар соли 2004 мақомоти Узбакистон чандин корхонаву ширкатҳои марбут ба ҷунбиши “Акрамия”-ро баст ва раҳбаронашонро ба ҳабс кашид.

Дар моҳи майи соли 2005 тарафдорони “Акрамия” бо талаби озод кардани Акрам Юлдошев ва дигар соҳибкорони боздоштшуда аз ҷумла пайравони ин ҷунбиши мазҳабӣ ба кӯчаҳои Андиҷон рехтанд. Аммо нирӯҳои давлатӣ бераҳмона ин эътирозҳоро саркӯб кард – садҳо нафар кушта шуданд ва садҳо нафари дигар аз сокинони Андиҷон аз тарси таъқиб ба кишварҳои дигар паноҳ оварданд.

Дар пайи саркӯби хунини эътирозҳои Андиҷон кишварҳои Ғарб алайҳи Узбакистон як силсила таҳримот ҷорӣ карданд, ки боиси як муддат ба Ғарб пушт гардондану рӯ ба Маскав овардани ҳукумати президенти Узбакистон Ислом Каримов шуд. Тошканд аз ҷумла баъди ҳамон ҳаводис аз Амрико талаб кард, ки нирӯҳояшро аз пойгоҳи ҳавоии Хонобод дар вилояти Қаршӣ, ки як нуқтаи муҳим дар амри таъмини нирӯҳои эътилоф дар Афғонистон буд, берун бикашад. Иттиҳодияи Аврупо охирин таҳримоти алайҳи Узбакистон ҷорикардааш дар робита ба саркӯби эътирозҳои Андиҷонро соли 2009 лағв кард.

XS
SM
MD
LG