Бо кӯмаки сафорати Тоҷикистон дар Маскав, чаҳор муҳоҷири тоҷик, ки дар Украина дармонда буданд, ба ватан баргаштанд. Ин шаҳрвандони Тоҷикистон бинобар баста будани сарҳади Русия, аз чанд моҳ ба ин тараф наметавонистанд ба қаламрави ин кишвар гузаранд. Муҳаммад Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ин чаҳор муҳоҷири корӣ дар пайи талошҳои консулгариҳои Тоҷикистон тавассути долони муваққатӣ ба шаҳри Ростови лаби Дон дар ҷануби Русия интиқол дода шуда, аз он ҷо тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон баргаштаанд. Ба гуфтаи вай, ин чаҳор нафар Абдулазиз Холови 56-сола, Қаҳрамон Атохӯҷаеви 37-сола, Фирдавс Абдуалимов ва Азизшоҳ Холназарови 22-сола мебошанд.
Ин муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар вилоятҳои бо Украина ҳаммарзи Русия кор мекардаанд, барои тамдиди мӯҳлати будубош дар Русия, бидуни мувофиқа бо сафорат ё консулгарӣ, муваққатан ба қаламрави Украина ворид шуда буданд, чунки омаду рафт ба Тоҷикистон вақту маблағи зиёдро мегирад
Охонҷон Дадобоев, сокини 23-солаи ҷамоати Шарифови шаҳри Конибодом яке аз нафаронест, ки баъди банд мондан ва азобҳои беш аз 1-моҳа дар сарҳади Украинаву Русия, ба қаламрави Русия гузашта, чанде пеш ба Тоҷикистон баргаштааст. Вай дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, азобу машаққатҳо дар сарҳад, ки гоҳе ҳатто ҷойи хобу хӯроки серӣ надошт, дар зимистони сард ба саломатии ӯ таъсир расонид ва ӯро гирифтори бемории сил кард:
“Баъди бозгашт чанд рӯз дар беморхонаи сил дар мавзеи Деҳмой табобат гирифтам. Аммо нахостам зиёд бистарӣ бошам ва бо маслиҳати табибон муолиҷароро дар хона давом медиҳам. Ҳозир ҳар рӯз назди духтурон мераваму дору мегирам ва ҳолам беҳтар шуд.” – мегӯяд вай.
Мусоҳибам афзуд, вай бо ёрии як рафиқи арманаш “бо роҳи пинҳонӣ” аз хоки Украина ба қаламрави Русия гузаштааст. Охонҷон мегӯяд, аз сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо вай тамос мегирифтанд ва дилпур мекарданд, ки ба зудӣ дар марз “долон”-е кушода мешаваду онҳо ба Тоҷикистон боз мегарданд. Ҳоло паёми боз шудани долони деринтизорро дар ватан шунида, аз бозгашти мисли худаш муҳоҷирони бандмонда, хушҳол аст.
Охонҷон моҳи сентябри соли 2013 барои кор ба вилояти Ростови лаби Дони Русия рафтааст. Вай рӯзи 26 январи соли равон ба хотири дароз кардани мӯҳлати будубоши муваққатиаш дар Русия, тавассути автомобил ба вилояти Донетски Украина мегузарад. Аммо дар бозгашт марзбонони Русия дар гузаргоҳи марзии “Новоазовск” намегузоранд, ки ба қаламрави ин кишвар гузарад. Ин гузаргоҳ дар 55-километрии шарқи минтақаи ҷангзадаи Мариуполи Укрина ҷойгир аст:
“Ман барои дароз кардани муҳлати будубошам дар Русия ва гирифтани патенти нав, ба Украина гузашт будам. Дар қаламрави Украина як рӯз будам, вақте баргаштам, сарҳадбонҳои рус гуфтанд, ки дигар барои гузаштан ба қаламрави ин кишвар иҷозат надорам. Гуфтанд, ки гӯё шиносномаи ман беэътибор шудааст ва сабабашро дар Тоҷикистон ба ман мегӯянд. Ин ба фикрам, як баҳона буд, чунки шиносномаи ман камбудие надорад.”
Ҳоло маълум нест, ки боз чӣ теъдод аз муҳоҷирони кории тоҷик дар марзи Украинаву Русия дармондаанд. Хадамоти муҳоҷирати Суғд мегӯяд, дар ин бора маълумоте надорад ва ягон муҳоҷири корӣ дар ин робита ба онҳо муроҷиат накардааст. Маркази ёриҳои ҳуқуқӣ дар Хуҷанд мегӯяд, танҳо модари Охонҷон Дадобоев аз онҳо хоста буд, ки дар берун овардани писараш аз марзи Украинаву Русия, мадад расонанд. Вале худи Охонҷон мегӯяд, эҳтимолан ҳоло ҳам дар он ҷо муҳоҷироне, ки банд мондаанд, вуҷуд доранд.
Дар ҳамин ҳол Муҳаммад Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, сафорат ва консулгариҳо дар Русия ҷиҳати берун кардани шаҳрвандони дар марзи ин кишвар бо Украина бандмондаи тоҷик талош дорад. Ашраф Гулов, раҳбари консулгарӣ низ гуфтааст, дар айни ҳол ҷиҳати ҳалли ин мушкил ва берун кардани шаҳрвандони дар марзи Украинаву Русия бандмондаи Тоҷикистон, кор мебаранд.