Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

116 ҳазор доллар куҷо шуд? Э.Раҳмон аз зердастонаш шарҳ хост


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

​Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ниҳодҳои зидахл дар мавриди харҷи 116 ҳазор доллар маблағи грантии Бунёди глобалӣ (Global Fund) барои мубориза алайҳи ВИЧ/СПИД шарҳ хостааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар бораи чигуна масраф шудани 116 ҳазор доллар маблағи грантии Бунёди глобалӣ барои мубориза бо бемории ВИЧ/СПИД ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, гузориши расмӣ фиристодааст. Як мақоми баландпояи ин ниҳод 20 июн ба Озодӣ гуфт, гузориш баъди он навишта шуд, ки оқои Раҳмон дар ҷаласаи ҳукумат аз онҳо дар бораи ба кадом роҳ сарф шудани ин миқдор кумаки билоиваз тавзеҳот хостааст.

Баҳси 116 ҳазор доллар пули Бунёди глобалӣ баъд аз тафтиши иҷрои як тарҳи мубориза бо СПИД, ки онро Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон татбиқ мекард, моҳи гузашта "рӯи об баромад".

Бозрасони Дафтари бозрасии кулли Амрико (Office of Inspector General - OIG) гуфтанд, дар ҷараёни тафтиши иҷрои ин тарҳ аломатҳои тақаллуб ва сохтакориро ошкор кардаанд. Ба қавли онҳо, аз ҳисоби бештар аз 300 000 долларе, ки Бунёди глобалӣ аз тариқи тақсимкунандаи асосии кумакҳо -- Барномаи рушди Созмони Милал ба Кумитаи ҷавонон додааст, дар сарфи 116 726 доллари он сохтакорӣ сурат гирифтааст.

Ин мавзӯъ 24 апрел дар нишасти Кумитаи миллии ҳамоҳангсози барномаҳои пешгирӣ аз бемориҳои СПИД, сил ва табларза дар Тоҷикистон низ баррасӣ шуд. Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар ин нишаст Барномаи рушди Созмони Милал ё UNDP-ро танқид кардааст, ки дар иҷрои ин барнома саҳлангорӣ нишон дода, вазорати беҳдошт ва комиссияи миллиро аз тафтиши аудиторони хориҷӣ огоҳ накардааст.

Як мақоми баландпояи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи шанбе дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ аудити охирро "аз рӯи ғараз анҷомшуда" номид. Ҳамсӯҳбати мо гуфт, "Тоҷикистон ҳоло интизори ду гранти Бунёди глобалӣ аст, ки барои мубориза бо СПИД ва бемории сил равона шуда, аз 34 миллион доллар иборат аст ва ҳадафи ин аудит монеагузорӣ барои дарёфти ҳамин маблағ мебошад."

Ин намояндаи воломақоми Вазорати тандурустӣ гуфт, 17 миллион доллари тарҳи нави Бунёди глобалӣ барои мубориза бо СПИД равона шуда, онро созмонҳои марбутаи Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ва 17 миллион доллари диаграшро созмони HOPE ва Маркази мубориза бо бемориҳои сили Вазорати тандурустӣ барои мубориза бо сил соҳибӣ хоҳанд кард. "Аммо созмонҳои байнулмилалӣ мухолифи ихтисоси нисфи ин грант ба ниҳодҳои давлатии Тоҷикистонанд ва аз ин рӯ дар остонаи тасдиқшавии ин кумакҳо аудитеро ташкил кардаанд, ки иддао дорад маблағҳои грант аз сӯи идораҳои давлат "ғайрмақсаднок" истифода мешаванд," -- таъкид дошт мусоҳиби мо.

Дафтари бозрасии кулли Амрико моҳи майи соли ҷорӣ баъд аз як тафтиш Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистонро ба сохтакорӣ дар ҳисоботи молиявӣ ва эҳтимоли тақаллуб айбдор карда буд. Баъд аз ин ифшои сохтакорӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба ба феҳристи "сиёҳ"-и Бунёди глобалӣ шомил шуд ва дигар ҳаққи гирифтани ёрӣ аз ин бунёдро надорад.

Ин бунёд инчунин аз дафтари UNDP ё Барномаи рушди Созмони Милал дар Тоҷикистон талаб кардааст, маблағҳои тақаллубшударо бозгардонад. Барномаи рушди СММ ба навбати худ аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон тақозо кардааст, маблағҳои бидуни мақсад сарф кардаашро ҷуброн намояд.

XS
SM
MD
LG