Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони Каромат Шарифов аз об “хушк” баромад


Каромат Шарифов, раҳбари ҷамъияти умумирусиягии "Муҳоҷирони кории тоҷик".
Каромат Шарифов, раҳбари ҷамъияти умумирусиягии "Муҳоҷирони кории тоҷик".

Додгоҳи олии Русия натавонистааст ҳукми ниҳоии худ дар нисбати Ҷунбиши ҷамъиятии умумирусиягии "Муҳоҷирони кории тоҷик"-ро содир кунад ва мурофиаи баъдиро то 9 августи соли ҷорӣ ба таъхир гузоштааст.

Рӯзи 2-юми июн дар Маскав дар Додгоҳи Олии Русия бо пешниҳоди вазорати адлияи ин кишвар мурофиаи додгоҳии Ҷунбиши ҷамъиятии умумирусиягии “Муҳоҷирони кории тоҷик” баргузор шуд. Вазорати адлия ба додгоҳ шикоят бурдааст, ки ин созмон ба раҳбарии Каромат Шарифов берун аз нишондодҳои оинномаи худ фаъолият кардааст ва бояд ин ҷунбиш ё созмон барои вайрон кардани муқаррарот дар Русия баста ва фаъолияти он мамнуъ эълон шавад.

Мурофиаи додгоҳие, ки барои содир кардани ҳукм дар оғоз барои як соат пешбинӣ шуда буд, то панҷ соат давом кард. Каромат Шарипов, раҳбари ин созмони ҷамъиятӣ баъд аз берун омадан аз мурофиа ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳ натавонистааст ҳукми ниҳоии худро содир кунад ва мурофиаи баъдиро то 9 августи соли ҷорӣ мавқуф гузоштаанд.

Ба гуфтаи Шарипов, “дар оинномаи ҷунбиш 8 моддаи фаъолият дарҷ шудааст, вале ҳангоми тафтиш комиссия муайян кардааст, ки дар оиннома дар бораи рамзи расмии ҷунбиш ё символ ва дар бораи доштани ҷой барои қабули муҳоҷирон, яъне қабулгоҳ чизе гуфта нашудааст”.

Вале дар асл ин созмон қабулгоҳ дорад ва муҳоҷиронро қабул мекунад, ки берун аз фаъолияти қонунии он дониста шудааст. Рамзи ҷунбиш ҳам дар ҳуҷҷатҳо ё бланкаҳо вуҷуд дорад, ки он ҳам қонунӣ аст. Гузашта аз ин, вазорати адлия ин созмонро ба он гунаҳгор медонад, ки тибқи қонун ҳар шаш моҳ дар бораи фаъолияти худ мунтазам ба вазорат гузориш надодааст.

Дар мурофиаи 2 июн Додгоҳи Олӣ пешниҳод кардаст, ки то мурофиаи баъдӣ дар 9 август бояд ин созмон анҷумани худро баргузор ва ин камбудиҳоро бартараф кунад. Вале Каромат Шарипов мегӯяд, ки боз кардани парванда бар зидди созмони “Муҳоҷирони кории тоҷик” ангезаи дигар дорад. Ошкоро сухан гуфтан ва танқид аз баъзе ниҳодҳои Русия шояд ба ҳукумати имрӯза дар Маскав хуш наомадааст ва мухолифат бо созмони вай ҳанӯз дар соли 2014 шурӯъ шудааст, вақте ки гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ дар бозори Садовод ва Люблинои Маскав тоҷиконро истисмор мекарданд ва пули кори онҳоро намедоданд.

Каромат Шарифов мегӯяд, ки “соли 2014 муҳоҷирони тоҷикро дар бозори Садовод мисли ғулом кор мефармуданд. Аз онҳо ба қавле “доля” мегирифтанд ва ё маошашонро пардохт намекарданд. Ҳатто вақте, ки тоҷикон даъвои маош кардаанд, ин гурӯҳҳои ҷиноӣ ба сари онҳо тирпарронӣ карда буданд:

"Мо ба додситонии Русия пешниҳод кардем, ки ин ҳодисаро дида бароянд. Ин гурӯҳҳои ҷиноӣ аз солҳои 1990-ум монда буданд. Ҳозир онҳо ин бозорҳоро соҳиб шудаанд. Сохтмони бозорҳо ҳам калон шудааст. Тоҷиконро чун ғулом кор мефармуданд. Ман дар сайти “Tajmigrant”-у дар

Муҳоҷирони тоҷик. Акс аз бойгонӣ.
Муҳоҷирони тоҷик. Акс аз бойгонӣ.

рӯзномаи “Овози Тоҷикистон” ва телевизионҳои дигар ошкор гуфтам, ки муҳоҷирони мо ба ғуломӣ афтодаанд. Корфармоён миллионҳо рубли муҳоҷиронро намедиҳанд. Баъд аз ин баъзе дуздон, ки худро корфармо мегӯянд, ба ҳукумат шикоят карданд. Онҳо пешниҳод карданд, ки агар созмони Кароматро набандед, мо ба шумо “музд” дода наметавонем. Онҳо баъзе шахсонро дар ФМС ва дар вазорати дохила дар назар доштанд. Онҳо фаҳмиданд, ки дигар чун пештара муҳоҷиронро ғорат карда наметавонанд”.

Тафтиши созмони Каромат Шарипов баъд аз ҳамин гуна баёнияҳои ошкорои вай шурӯъ шудааст ва ҳадафи асосии тафтиш, бастани он аст. Шарипов мегӯяд, вайрон кардани асоснома баҳона аст ва онҳо “нимкосаи зери коса”-ро пинҳон медоранд. Дар сурати бастани ин созмон, ҳисоби бонкии онро низ мебанданд ва он наметавонад амалиёти бонкӣ анҷом диҳад.

Каримҷон Ёров
Каримҷон Ёров

Аммо Каримҷон Ёров, раҳбари ҷамъияти “ЭтМос” мушкилиҳои имрӯзии раиси созмони “Муҳоҷирони кории тоҷик”-ро бо масъалаҳои пулӣ ва муноқиша бо бригадирони бозорҳо вобаста медонад. Баъди моҷарои бозори Садовод, хона ва бӯстонсарои Каромат Шариповро кофтуков карданд ва худашро ба шӯъбаи пулис бурданд.

Ёров меафзояд: “Дар ин маврид гуфтанӣ ҳастам, ки шояд “зери коса нимкоса”-е бошад.Чунки масъала на фақат гирифтани тарафи муҳоҷирон, балки масъалаҳои пулию молӣ низ ҳаст. Шояд нафароне мехостанд, ки аз ин созмон соҳиби пулу мол шаванд. Гузашта аз ин, гаҳ-гоҳе Шарипов бар зидди раҳбарони Тоҷикистон ҳам гапҳое мезанад ва ҳатто гуфта буд, ки дар Тоҷикистон бояд инқилоб шавад. Барои ҳамин ҳукумати Тоҷикистон ҳам аз ҳукумати Русия дархост намекунад, ки аз ин созмон ҳимоят кунад.”

Ин созмон бори аввал дар соли 2001 бо номи “Тоҷик диаспора” ташкил шуд ва тадриҷан фаъолияташро равнақ дод ва дар соли 2008 чун ҷунбиши ҷамъиятии умумирусиягӣ бо номи “Муҳоҷирони кории тоҷик” сабти ном кард. Дар ҳамон сол “Иттиҳоди тоҷикони Русия” низ чун созмони ҷамъиятии умумирусиягии тоҷикон бо раҳбарии Абдулло Давлатов сабти ном карда буд, вале сабти номи онро соли 2013 дар вазорати адлия боздоштанд.

Соли гузашта талошҳо барои ташкили як созмон ё ҷамъияти дигари умумирусиягии наздик ба сафорати Тоҷикистон мушоҳида шуд ва қарор буд он аз ҳисоби ҷамъиятҳои минтақаӣ ба раҳбарии Муқим Майбалиев-раҳбари ҷамъияти Твер ташкил шавад, вале он натиҷа надод.

Каримҷон Ёров мегӯяд, ташкили ҷамъияти наздик ба сафорат ба баъзе ниҳодҳои Русия писанд наомад ва онҳо намехостанд, ки шаҳрвандони Русия, яъне тоҷикони дорои душаҳрвандӣ дар қаламрави Русия бо

Иззат Амон
Иззат Амон

майлу хостҳои сафорати як кишвари хориҷӣ ҷамъият ташкил кунанд ва фаъолият кунанд. Вале ҳамин гуна ҷамъиятҳо озариҳову арманиҳо ё миллатҳои дигари кишварҳои дигари Шӯравии пешин доранд ва онҳо низ чун шаҳрвандони Русия дар ҳамкорӣ бо сафоратхонаҳои кишвари бумии худ фаъолият мекунанд.

Иззат Амон, таҳлилгари умури муҳоҷират дар Русия бовар надорад, ки бо ин нуқсҳои оинномавӣ, ҷамъияти Каромат Шариповро бибанданд, чун имкони ислоҳи онҳо дар анҷумани ин ҷамъият вуҷуд дорад. Вале агар ҳадафи ниҳоии ниҳодҳои зидахли Русия бастани фаъолияти ин созмон бошад, барояшон мушкилӣ вуҷуд надорад. Вай мегӯяд, дар давраи фаъолият худ ҳар гоҳ, ки дар ҷое бар сари муҳоҷирони тоҷик мусибате меомад, созмони “Муҳоҷирони кории тоҷик” ба он ҷо мешитофт ва ёрӣ ҳам мерасонд.

XS
SM
MD
LG