Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия торнамои беш аз 80 расонаи хориҷиро баст


Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, аз 25-уми июн дастрасиро ба торнамо ё вебсайти 81 расонаи аврупоӣ, ки гуё “ба таври мунтазам дар бораи амалиёти махсуси низомӣ (Русия ҷангашро дар Украина чунин меномад) иттилои дурӯғ паҳн мекунанд” дар ин кишвар маҳдуд кард.

Ин иқдом дар посух ба тасмими охири Иттиҳоди Аврупо гирифта шудааст.

Иттиҳоди Аврупо 24-уми июн дастрасиро ба сомонаҳои чаҳор хабаргузории русӣ – “ Voice of Europe”, “РИА Новости”, “Известий” ва “Российской газети” дар қаламрави ИА маҳдуд кард.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Русия, ҳамакнун сомонаи расонаҳои чандин кишвари аврупоӣ, аз ҷумла Олмон, Фаронса, Испания, Италия, Чехия, Шветсия, Лаҳистон, Финландия, Малта, Ирландия ва воситаҳои ахбори умумиаврупоӣ дар Русия масдуд мешаванд.

Мақомоти Русия гуфтаанд, дар сурати бекор шудани маҳдудияти дастрасӣ ба сомонаҳои русӣ дар Аврупо тасмими онҳо низ бозбинӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG