Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии Суғд: ду корманди ниҳод дар паи ошӯби зиндон барканор шуданд


Додситонии вилояти Суғд мегӯяд, дар пайи ошӯб дар зиндони рақами 3-и Хуҷанд, ки бар пояи иттилои расмӣ, 25 кушта ва чандин маҷруҳ бар ҷо гузошт, 2 корманди масъули ин ниҳод аз вазифа сабукдӯш карда шудаанд.

Гулчеҳра Ғоибназарова, масъули маркази хабариву таҳлили ин ниҳод рӯзи 17 декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Завқибек Шарифзода – додситони назорати маҳбасҳо ва Маъмур Аъзамзода – ёвари калони додситони Суғд оид ба назорати риояти қонун дар маҳкамаҳои тафтишотӣ аз вазифаҳои худ барканор гардиданд. Ӯ афзуд, ҳоло вазифаҳои онҳоро муваққатан кормандони дигар иҷро мекунанд.

Ӯ хабарҳои қаблан расонаишуда дар мавриди барканор шудани шаш корманди додситонии Суғд дар пайи ошӯб дар зиндони низомаш сангини Хуҷандро бепоя хонд ва афзуд, танҳо ҳамин ду масъули додситонӣ сабукдӯш шудаанд. Ин хабарро ба Радиои Озодӣ қаблан ду манбаъ дар додситонии кулли Тоҷикистон хабар дода буд. Гулчеҳра Ғоибназарова сабукдӯш шудани ин масъулони додситонии Суғдро дар пайи таҳқиқи ошӯби хунини сарзада дар зиндони рақами 3-и Хуҷанд рабт дод, вале аз ироаи ҷузъиёти дигар худдорӣ кард. Ӯ гуфт, ки ба парванда мӯҳри махфӣ зада шудааст ва ошкор кардани ҷузъиёти ҷараёни тафтишот феълан имкон надорад.

Додситонии назорати маҳбасҳо як ҷузъи ҷудогонаи тобеи додситонии Суғд - масъулияти назорати риояи қонун дар маҳбасҳоро бар уҳда дорад, вале вазифаи ёвари калони додситони Суғд умдатан ба назорати қонун дар боздоштгоҳи муваққатии рақами 2-и Хуҷанд маҳдуд мешавад. Дар ин боздоштгоҳ афроди айбдоршаванда замони тафтиши парванда ва то равон кардан ба маҳбасҳо нигоҳ дошта мешаванд.

​Мақомот аз изҳори он ки сар задани ошӯб дар зиндон ба барканор гардидани масъули назорати риояти қонун дар боздоштгоҳи муваққатӣ чӣ рабт дорад, худдорӣ меварзанд. Рӯзи 6-уми декабр як манбаъ дар Додситонии кулли Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз ошӯб дар маҳбаси Хуҷанд фаъолияти масъулони раёсатҳо ва шӯъбаҳои Додситонии кул мавриди баррасӣ қарор гирифт ва аз ҷумла ба сардори Раёсати назорати маҳбасҳои Додситонии кул Шамс Нурализода танбеҳи қатъӣ дода шуд.

15-уми ноябр Файзулло Сафарзода, сардори зиндони низомаш сангини шаҳри Хуҷанд аз вазифа барканор ва билофосила бо амри додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд. Сипас бо иҷозаи додгоҳи Хуҷанд 6 корманди дигари ин зиндон, аз ҷумла Фарҳод Садиров, сардори шуъбаи низом боздошт гардиданд. Биноба иттилои додгоҳ, алайҳи Файзулло Сафарзода, Фарҳод Садиров ва 5 ҳамкори онҳо бар асоси моддаи 322, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - "Хунукназарӣ, ки аз беэҳтиётӣ боис ба марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гаштааст", парванда боз шудааст.

Ин модда дар сурати исботи гуноҳ ҷарима ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ солро дар назар дорад. Ин хабар дар ҳолест, ки охири моҳи ноябр мақомоти интизомии Тоҷикистон алайҳи 7 корманди маҳбас ва дастикам 10 зиндонии маҳбаси рақами сеи Хуҷанд дар маҷмӯъ бо 11 иттиҳом аз ҷумла - "монеъ шудан ба фаъолияти муассисаҳои ислоҳӣ", "куштор", "расондани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ", "зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳукумат" парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Мансурҷон Умаров ба ҷои Иззатулло Шарифзода раҳбари зиндонҳо шуд

Баъди беш аз ду ҳафтаи ошӯби хунин дар маҳбаси Хуҷанд, дар раёсати зиндонҳои Тоҷикистон ҳам тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Иззатулло Шарифзода, муовини вазири адлия ва сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ, ки аз соли 2006 дар ин мақом кор мекард, “ба далели бознишаста шудан” аз вазифааш озод гардид. Мансурҷон Умаров, ноиби аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, сардори нави раёсати зиндонҳо ва ҳамзамон муовини вазири адлияи Тоҷикистон таъйин шуд.

Таҳқиқи ошӯб дар зиндони рақами 3-и Хуҷандро гурӯҳи тафтишотии Додситонии кулли Тоҷикистон пеш мебарад ва ба гуфтаи манобеи наздик ба он, ин парванда муҳри махфӣ гирифтааст. Манобеи наздик ба таҳқиқ мегӯянд, масъулони назорати риояти қонун дар маҳбасҳо шикоятҳои маҳбусон дар бораи қонуншиканиҳо ва рафтори ғайриқонунӣ нисбат ба онҳоро нодида мегирифтанд ва норизоиву қаҳру ғазаби бархе маҳбусон ба ошӯб кашонид.

Ошӯб дар маҳбаси низомаш сангини рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд шаби 7 ба 8-уми ноябр сар зада, нахуст ду зиндонбон ва замони фурӯнишонии ошӯб 23 зиндонӣ кушта шуданд. Ҳамчунин, чандин зиндонбон ва маҳбусон захмӣ гардиданд. Мақомоти тоҷик гуфтанд, гурӯҳи ошӯбгарон, ки дар миёни онҳо асосан маҳкумшудаҳо барои узвият дар созмонҳои ифротӣ ва мамнӯе ба мисли гурӯҳи “Давлати исломӣ” мебошанд, мехостанд аз зиндон фирор кунанд. Вале манобеи ғайрирасмӣ мегӯянд, ки бадрафторӣ нисбат ба зиндониҳо ва поймолкунии ҳуқуқашон сабаби аслии сар задани ошӯб гардид.

​Ошӯб дар зиндони низомаш сангини Хуҷандро яке аз пурқурбонитарин ҳодисаҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон меноманд. Раҳбарони корпусҳои дипломатии мустақар дар Тоҷикистон аз мақомоти ин кишвар хостанд, ки ин ҳодиса ҳамаҷониба ва аз рӯи қонун баррасӣ шавад.

XS
SM
MD
LG