Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се афсар ва як сарбоз -- гумонбарони марги ҳамхидмати худ


Дар робита ба марги Фаррухҷон Ҳайталиев се афсару сарбози нерӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ муттаҳам мешаванд.

Додситонии низомӣ нисбат ба 3 афсар ва сарбози қисми ҳарбии 2847-и мутааллиқ ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Баҳодур Касиров, муфаттиши Додситонии низомӣ, рӯзи 26 апрел дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ин афрод дар марги сарбози ҳамин қисми низомӣ Фаррухҷон Ҳайталиеви 21-сола муттаҳам мешаванд.

Аммо ин мақоми додситонӣ ба хотири халал ворид накардан ба раванди тафтишот, ки ҳанӯз ба поён нарасидааст, аз ифшои номи афроди муттаҳам худдорӣ кард.

Волидони Фаррухҷон Ҳайталиев иддао доранд, ки ӯ охирҳои моҳи январи соли ҷорӣ дар пайи латту кӯб аз ҷониби ҳамхидматонаш ба ҳалокат расидааст. Раҷабалӣ Ҳайталиев, падари Фаррухҷон Ҳайталиев, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки то хатми хидмати писараш ҳамагӣ ҳашт моҳ монда буд.

Акси Фаррухҷон Ҳайталиев
Акси Фаррухҷон Ҳайталиев

"Вақте ҷасади писарамро ба хона оварданд, дар бадани ӯ изи латту кӯбро мушоҳида кардем. Баъд аз он ки ҷасадро ба хона фиристоданд, касе ба суроғи мо наомад, то бипурсад, ки дар чӣ ҳол қарор дорем?," – нақл кард Раҷабалӣ Ҳайталиев.

Ӯ гуфт, ки писараш бо хоҳиши худ ба хидмат рафта буд ва интизор надошт, ба ин шакл посухи ташаббуси фарзандашро мебинад. Ҳамакнун пайвандони Фаррухҷон Ҳайталиев аз додситонӣ талаб доранд, ки қазияи фавти писарашонро мӯшикофона баррасӣ кунад.

Вале Абдураҳим Каримов, фармондеҳи қисми марзбонии 2847 дар ноҳияи Рӯдакӣ, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки Фаррухҷон Ҳайталиев бар асари латту кӯб нафавтидааст. Ба қавли ӯ, дар қисми низомии таҳти фармондеҳияш корҳои ғайриоинномавӣ вуҷуд надорад. Каримов афзуд: "Албатта, падару модар, ки ҳастанд, чунин шикоят мекунанд. Фаррухҷон аз “дедовшина” намурдааст. Аммо нисбат ба ин кор ҳоло прокуратура кор мебарад, ки дар тафтишот қарор дорад. Ҳамаи ин чизро тафтишот мушаххас хоҳад кард”.

Фаррухҷон зодаи деҳаи Шурқули ҷамоати деҳоти Саймуддин Раҳимови ноҳияи Темурмалик буда, 21 сол дошт. Дар хонавода Фаррухҷон писари калонӣ будааст.

Фавти Фаррухҷон Ҳайталиев дар ҳолест, ки додситонии низомии минтақаи Кӯлоб соли гузашта парвандаи ҷиноӣ нисбат ба се афсари қисмҳои низомии ин минтақаро ба иттиҳоми бадрафторӣ барои баррасӣ ба додгоҳ фиристода буд.

Тайи ду соли ахир чандин мавриди бадрафтории кӯҳнасарбозон дар баробари аскарони навомада дар артиши Тоҷикистон сабт шуда ва ин вазъ волидонеро, ки фарзандонашон ба синни аскарӣ расидаанд, нигарон мекунад. Вале мақомот ҳама гуна меҳтарсолорӣ дар қисмҳои ҳарбиро рад карда ва ҳатто Вазорати дифои Тоҷикистон гуфта буд, ки барои назорати рафтори сарбозон дурбинҳои назоратӣ насб кардааст.

XS
SM
MD
LG