Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сохтмони қароргоҳи президент дар Кӯлоб ниҳоӣ шудааст


Акс аз ҷараёни сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Кӯлоб. Моҳи августи соли 2015
Акс аз ҷараёни сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Кӯлоб. Моҳи августи соли 2015

Сохтмони қароргоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷамоати Чорбоғи шаҳри Кӯлоб тақрибан ниҳоӣ шудааст ва бояд то охири сентябр ба истифода дода шавад. Ин бӯстонсаро дар масоҳати 25 гектар ва бо ризояти Дирексияи сохтмони дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон бунёд мешавад.

Пӯлод Ҳафизов, муовини шаҳрдори Кӯлоб, рӯзи 31-уми август дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ҳоло корҳои сохтмонӣ босуръат ҷараён доранд. "Ин сохтмон соли гузашта оғоз ёфта буд ва дар онҷо 200 коргари маҳаллӣ фаъолият доранд," – афзуд ӯ.

Муовини шаҳрдори Кӯлоб мегӯяд, дар ин қароргоҳ дар баробари як боғи сабзу хуррам толори қабули меҳмонҳо низ вуҷуд дошта, коргарон ба бунёди ҳавзи шиноварӣ машғуланд. Пӯлод Ҳафизов гуфт, сохтмони ин қароргоҳ имкон хоҳад дод, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар онҷо меҳмону намояндагони ҳукуматҳоро ба ҳузур пазируфта, ҷаласа доир кунад. Ҳарчанд Ҳафизов маблағи сохтмони қароргоҳи раиси ҷумҳурро эълон накард, аммо гуфт, ки иншоот аз ҳисоби пули буҷаи ҳукумати Кӯлоб бунёд меёбад.

Аз Пуғус то...

Соли гузашта раиси ҷумҳур ба ин деҳа барои гузоштани санги асос омада буд. Пеш аз омаданаш роҳро мумфарш карданд. Дар гузашта ягон роҳи обод набуд.
Як сокини ҷамоати Чорбоғи КӮлоб

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла Варзоб, қароргоҳу бӯстонсарои худро дорад ва баъзе аз вохӯрӣ ва мулоқоташро бо раҳбарони кишварҳо дар онҷо баргузор мекунад. Ахиран дар бӯстонсарои раиси ҷумҳур дар Варзоб, ки бо номи "Пуғус" маъруф аст, як бинои бисёртабақа ҳам сохта шуд.

Бархе аз сокинони ҷамоати Чорбоғи шаҳри Кӯлоб мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир ҳарчанд ниёзи минтақа ба ҷои кор ва корхонаҳои саноатӣ бештар аст, вале мегӯянд, ҳадди ақалл бо баҳонаи сохтмони ин қароргоҳ роҳҳои атроф нав карда хоҳанд шуд. Ҷомӣ, як сокини Чорбоғ, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, "соли гузашта раиси ҷумҳур ба ин деҳот барои гузоштани санги асос омада буд. Пеш аз омаданаш роҳро мумфарш карданд. Дар гузашта ягон роҳи обод набуд, аммо ҳоло обод шудааст."

Коршинос Ҷумъахон Алимӣ мегӯяд, то кунун дар Кӯлоб танҳо қароргоҳи раиси вилояти Хатлон вуҷуд дошт ва ин барои аввалин бор аст, ки дар Кӯлоб қароргоҳи раиси ҷумҳур сохта мешавад. "Дар Кӯлоб қароргоҳи раиси вилоят буд, ки дар он намояндаи раис қарор дорад. Ин ба манфиати кор ҳаст. Вақте меҳмонҳо ба Кӯлоб меоянд, то рафтанашон дар он меистанд ва метавонанд, баъзе корҳо, аз ҷумла ҷаласаву суҳбатҳоро дар инҷо анҷом диҳанд ва истироҳат кунанд. Аз тарафи дигар амнияташон таъмин мешавад," - шарҳ дод ӯ.

Кӯлоб баъди 2700-солагӣ

Кӯлоб севумин шаҳри бузурги Тоҷикистон аст, вале дар муқоиса дар гӯшаҳои дигари Тоҷикистон рушди чандони иқтисодӣ надорад. Соли 2006 дар пайи таҷлил аз 2700-солагии шаҳри Кӯлоб умури сохтмонӣ дар ин минтақа густариш пайдо кард ва дар чанд соли баъд баъзе иншооти маданиву фарҳангӣ ва саноатӣ қомат афрохтанд. Аҳолии ин шаҳр ҳудуди 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Кӯлоб дар даврони Шӯравии пешин ба унвони яке аз вилоятҳои калонтарини Тоҷикистон шинохта мешуд. Вале дар солҳои 1990-ум, дар авҷи раванди истиқлолхоҳиҳо дар Тоҷикистон, Кӯлобу Қӯрғонтеппа бо ҳам муттаҳид шуда ва вилояти Хатлонро ташкил доданд. Ҳоло маркази вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа аст.

XS
SM
MD
LG