Ду сайёҳи украинӣ дар чорчӯби тарҳи "Возвращение в Афганистан" ("Бозгашт ба Афғонистон"), ки сомонаи интернетии украинии http://korrespondent.net анҷом медиҳад, аз Тоҷикистон ҳам боздид кардаанд. Ҳадаф аз ин тарҳ таҳқиқи зиндагии мардуми афғон аст, ки баъди чоряк асри ҷанги Шӯравӣ чӣ зиндагие дорад? Хабарнигор Владимир Красноголовий ва ҷаҳонгард Александр Лушин, ки қаблан дар роҳ ба Афғонистон аз Қирғизистон ҳам дидан карда буданд, баъди сафари Тоҷикистон дар матлабе таҳти унвони "7 факт дар бораи Тоҷикистон ва мардумаш" навиштаанд, ки "таассуроти мо дар бораи ин кишвар асосан бар пояи сериали "Наша Раша" ваё (ҳарчанд Равшану Ҷамшудро меписандем) бар пояи ахбори 15 соли пеш буд."
Красноголовий ва Лушин аз ончӣ ки тайи 2 рӯз дар Тоҷикистон диданд, 7 факти ҷолибро ҷудо кардаанд:
"1. Ду миллион тоҷик дар Русия кор мекунанд, вале дар худи Тоҷикистон корҳои роҳсозӣ, кабудизоркунӣ, корҳои сахти ҷисмонӣ ва баъзан ҳатто сохтмон бар ӯҳда чиниҳост. Онҳоро дар инҷо шӯхиомез ҳатто гастарбайтер ном мебаранд.
2. Вилояти Суғдро, ки дар водии Фарғона ҷойгир аст, аз пойтахти кишвар ду ағбаи зеботарин ҷудо мекунанд. ҳар кадом дар баландии 3000 метр. Роҳаш ҳамаҷо яксон нест, вале ба сурати умум бад нест. Дастикам аз роҳи Харков -Симферопол беҳтар аст. Ин роҳро ҳам чиниҳо нигоҳубин мекунанд. Нақби панҷкилометрӣ дар ағбаи Шаҳристонро ҳам онҳо сохтаанд ва ҳоло машғули тармим дар минтақаи ағбаи Варзобанд. Шояд мо ҳам раҳбарон ва коргарони Укравтодор - ширкати роҳҳои мошингарди Украинаро аз Чин биорем?
3. Эмомалӣ Раҳмон - беҳтарини беҳтаринҳо! Ҳамтои қирғизи ӯ Алмосбек Отамбоев, ки баъди ду инқилоб ба қудрат расид, аслан маълум нест, ки куҷост. Ислом Каримов аз Узбакистонро ҳам дар шиорҳову осорхонаҳо иқтибос мекунанд, вале... Эмомал Раҳмон - беҳтарини беҳтаринҳост! Ана, мебинед, ки ӯ гули шафтолуро мебӯяд, ана ӯ дар даст хӯшаҳои гандум дар байни саҳро истодааст ва бо дили пурорзу ба сӯи пеш нигоҳ мекунад.... 10 сол пеш ӯ чунин набуд. Зоҳиран дар синни 60 раисиҷумҳур эҳсосотӣ шудааст...
4. Душанбе шаҳри сохтмонҳост. Марказҳои тиҷорӣ ва евро-оффисҳо дар пойтахти ин яке аз номаълумтарин кишварҳои дунё мисли замбурӯғи баъди борон дар сари ҳар қадам рӯида истодаанд... Дар Душанбе бузургтарин китобхонаи Осиёи Марказӣ ва Қасри раёсатҷумҳурии хеле забо сохтаанд. Бинои мақбули вазорати хориҷа, боғҳои хеле забо ва пайкараҳои подшоҳони Сомонӣ ва шоирони тоҷику форс ва теъдоди бешумори фаввораҳо.
Шояд нуқтаи заъфи диктаторҳои ҳамин аст, ки вақте мехоҳанд аз худ хотираи хубе бигузоранд, ҳатман рӯ ба меъморӣ меоранд. Сулолаи Алиевҳо ҳоло Бокуро ба як Дубайи соҳили Хазар табдил медиҳад. Маълум мешавад, ба Раҳмонов низ эҳсоси зебоӣ бегона нест... Ӯ ҳатто аз Озарбойҷон пешсафиро дар ин сабқати фрейдистии бунёди бузургтарин милаҳои парчами дунё ба даст гирифт. Флагштоки соли 0211 сохтаи Тоҷикистон дар Душанбе 165 метр баландӣ дорад.
5.Тоҷикистон хеле дилкушоду меҳмоннавозанд. Алакай дар соати аввали вурурд ба қаламрави Тоҷикистон мо дар рустои Кучқоқ меҳмон шудем ва ба зиёфате уфтодем, ки шом ба шарафи моҳи Рамазон ороста буданд. "Меҳмон атои Худосту омаданаш бо иродат ва рафтан бо иҷозат аст," - мефармояд як мақоли шарқӣ. Дар тамоми қаламрави Тоҷикистон ҳатман аз шумо аҳволпурсӣ хоҳанд карду дар бораи Украина мепурсанд ва ба як пиёла чой даъвататон мекунанд. Рад накунед ин даъватро: сӯҳбат бо тоҷикон ҳаловати бузург дорад! Дар бисёри маворид бароятон аз шоироне, чун Рӯдакиву Фирдавсӣ байтҳо хоҳанд хонд, шояд ҳатто Александр Пушкинро иқтибос биоранд. Ба русӣ. Баъди бозгашт аз онҷо шумо дигар ҳеҷ гоҳ бо писханд "Насляника"( таъбири маъруф дар сериали "Нашар Раша" - Озодӣ) нахоҳед гуфт.
6. Тоҷикҳо дар бораи сиёсат қариб сӯҳбат намекунанд. Дақиқтараш дар бораи сиёсати Тоҷикистон. Агар шумо ба онҳо қисса кунед, ки ин ҳама дар Украина чӣ қадар ҷолиб аст, тоҷикҳо метавонанд ташреҳ кунанд ки :"Эҳ, ҳама ҷо чунин аст..." Аммо бидуни ҷузъиёт. Ҳарчанд мардуми маҳаллӣ сиёсати ҳамсояҳо, Русия ва Украинаро хуб таҳлил мекунанд.
Намунааш ин сӯҳбат бо ронандаи таксист:
- Бубин, дар Тоҷикистон нафақаи ҳадди ақал 35 доллар аст! Ба 35 доллар чӣ метавон харид? (Нархҳои ин ҷо тақрибан шабеҳи нархҳои миёнаи Украинаанд)
- Вале дар иваз бӯстонсарои президентро чӣ қадар бошукӯҳ аст!
- Ман шунида будам, ки бӯстонсарои президенти шумо аз ин ҳам пуршукӯҳтар аст! Чӣ ном дошт... Междугорйе?
7. Дар Душанбе, ба эътиқоди бисёриҳо, ҷинояткорӣ нест. Сайругашт дар шаҳр, дар воқеъ, хушатон меояд. Бадмасту талбандаҳо қариб ба чашм намерасанд. Аммо як навъи комилан нодири талбандагиро, ки фишкаи Душанбест, метавон дар инҷо дид! Ман инро дар ҳеҷ куҷои дигар надида будам. Дар маркази шаҳр ба назди шумо метавонад маъмури милиса биояд, худро муаррифӣ кунад ва экскурсия пешниҳод намояд. Ӯ дар бораи давлати бузурги Сомониён дар асрҳои IX-X, дар бораи сохтмонҳову фаввораҳои нав қиссаатон хоҳад кард ва якбора дар ин байн:
- Медонӣ, ман маоши хеле кам мегирам. Ҳамагӣ 80 доллар. Маоши кам аст, не? Ҳоло моҳи Рамазон аст, ягон сӯм деҳ, ҳар қадар ки дилат шавад, шом ягон об менӯшам...
Ё вақте мехостем ба боми осмонбӯси Душанбе -Плаза бароем, то ки шаҳрро аз баландӣ акс бигирем. Сӯҳбати мо бо муҳофиз:
- Аксбардорӣ умуман манъ аст. Вале эҳтиромамонро ба ҷо меоред, не?
- Танҳо ба хотири эҳтиром, 10 сомонӣ медиҳем.
- Охир, мо 6 нафарем. 10 ба 6 ҳатто тақсим намешавад...
-Мо ки амрикоӣ нестем, сайёҳони бепул аз Украинаем... Хайр, мо рафтем...
- Эй, бародар, куҷо? Бародарона иҷозататон медиҳем. Меҳмоннавозӣ ин охир анъанаи миллии мост. Вале 10 сомониро дар лифт ба ин бача диҳед. Онҷо камера нест..."
Аксҳои дигари дар Тоҷикистон бардоштаи ин ду сайёҳро инҷо бубинед: