Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон (6 АКС)


Раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 26 феврал муовинони нави раҳбарони додситонии кулл, Оҷонсии зидди коррупсия ва Горди миллиро муаррифӣ кардааст.

Рӯзи 26 феврал раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон афродеро, ки ахиран ба мақомҳои баланди раҳбарӣ дар ниҳодҳои интизомиву тафтишотӣ ва низомии Тоҷикистон пешбарӣ ё таъйин шудаанд, ба ҳузур пазируфт. Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот аз ҷумла муовинони нави додситони кулл, муовини аввали раиси Оҷонсии зидди коррупсия ва ноиби фармондеҳи Горди миллиро муаррифӣ кард.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҷумла Наимӣ Аламхони Қодириён муовини аввали раиси Оҷонсии зидди корупсия Тоҷикистон таъин шудааст. Аламхон Наимӣ то кунун беш аз 20 сол таҷрибаи кор дар вазорати молияро дошта, як сол қабл муовини вазири молияи Тоҷикистон таъин шуда буд.

Ҳамчунин Назарзода Ҳотам Назрулло ба мақоми муовини аввали додситони кулл ва Осимзода Муҳаммадиброҳим ва Ваҳҳобов Валӣ Маннонович ба симати муовинони додситони кулл пешниҳод шудаанд. Ҳамин тавр Мирзозода Сафаралӣ Раҳим ба мақоми муовини додситони кулл - сардодситони низомии Тоҷикистон пешниход шудааст.

Номзадии онҳо бояд дар наздиктарин иҷлосияи Маҷлиси миллӣ, ки рӯзи 5 март дори мешавад ва охирин иҷлоси ҳайати кунунии маҷлиси болоии парлумони Тоҷикистон хоҳад шуд, баррасӣ шавад. Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, номзадҳо ба мақоми додситони кулл ва муовинони ӯ аз ҷониби раисиҷумҳур пешниҳод ва аз сӯи Маҷлиси миллӣ тасвиб мешаванд.

Ҳамчунин дар ин ҷаласаи ҳукумат се муовини фармондеҳи Горди миллӣ ва комиссарҳои низомии вилоятҳои Суғду Бадахшон ва навоҳии водии Ҳисор низ аз ҷониби президент таъин ва муаррифӣ шудаанд.

Аз ҷумла Лангариев Файзалӣ Салмонович, намояндаи хонаводаи як замон пурнуфузи Лангариевҳо, аз фармондеҳони маъруфи Фронти халқӣ дар минтақаи Кӯлоб, ба мақоми раиси Кумитаи марказии Ташкилоти мададгори мудофиа (собиқ ДОСААФ) пешниҳод шудааст.

Ҳамин тавр, Назаров Назар Бадалович комиссари ҳарбии вилояти Суғд ва Шарипов Саъдулло Зарифович муовини фармондехи Горди миллӣ оид ба ақибгоҳ таъин шудаанд.

Ҳамчунин дар ин мулоқот роҳбарони нави воҳидҳои сохтории додситони кулл, додситонҳои вилоятҳои Бадахшону Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияиҳои Рӯдакиву Ҳисору Турсунзода муаррифӣ шуданд.

Тағйироти нави кадрӣ, ба гуфтаи масъулони дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, бар асоси натиҷаҳои ҷаласаи рӯзи 17 феврали Шӯрои амният аст, ки дар он раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон башиддат аз фаъолияти мансабдорони баландпояи ҳукуматаш интиқод кард ва дар ҳамон ҷаласа амр дод, ки тамоми муовинҳои додситони куллро иваз кунанд. Худи додситони кулл Юсуф Раҳмонов ҳамагӣ дар моҳи январ ба ҷои Шерхон Салимзода ба ин мақом таъин шуда буд.

Алакай рӯзи 18 феврал, яъне ҳамагӣ як рӯз баъд аз ҷаласаи Шӯрои амният Қурбон Шарифзода, Сироҷиддин Нурзода, Муҳаммад Арбобзода ва Мирзошариф Шарифов -- додситонҳои Суғду Хатлон ва Бадахшону Душанбе, Тоҳир Ҷобирзода -- муовини якум ва Раҷабалӣ Ширинову Миллопар Бандишозода -- муовинҳои директори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз мақомҳои худ барканор карда шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои Амният бо як лаҳни тунд хитоб ба додситонҳо гуфт, тавзеҳ бидиҳанд, ки ин қадар қасру кӯшкро аз кадом ҳисоб бунёд кардаанд? Ба қавли раиси ҷумҳур, вай далелҳое дорад, ки мақомдорҳо алайҳи мардум парвандаҳои сохта боз карда, аз онҳо пул талаб мекунанд. Раисиҷумҳур додситонҳо ва дигар мансабдоронро ҳамчунин ба ин айбдор кард, ки аз мақомоти маҳаллӣ бо фишор қитъаи замин тамаъ мекунанд ва ҳатто 4 раиси ҷамоат, ба гуфтаи ӯ, аз тарси таъқиби ин мансабадорон ба Русия фирор кардаанд.

Ҷаноби Раҳмон гуфт: “Худи кормандони прокуратура даст ба коррупсия ва заминфурӯшӣ задаанд. Ба наздикӣ дар Душанбе се корманди Оҷонсии мубориза бо коррупсияро ҳамроҳ бо прокурор бо ҳамин ҷурм боздошт карданд... Шумо намебинед, намедонед! Чашмҳоро кӯр ва гӯшҳоятонро кар мекунед!”

Эмомалӣ Раҳмон дар он ҷаласа ҳамчунин хитоб ба Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии зидди фасод гуфт, кори ин идораро ислоҳ кунад, вагарна "ман ин оҷонсиро худам сохтам ва худам барҳам медиҳам."

XS
SM
MD
LG