Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафси бад дар як сол сари 129 мансабдорро "хӯрдааст"


Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, дар соли гузашта 129 мансабдор дар Тоҷикистон бо ҷурми даст доштан дар фасоду ришвахорӣ аз мақомҳои худ барканор шудаанд.

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, дар соли гузашта 129 мансабдори тоҷик бо иттиҳоми даст доштан дар фасоду ришвахорӣ аз мақом барканор шудаанд. Намояндагони ин оҷонсӣ дар мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи тиҷорат дар шаҳри Душанбе гуфтаанд, мансабдорон бештар бо иттиҳоми аз худ кардани маблағҳои давлатӣ ва асосан аз ҳисоби барзиёд нишон додани ҳаҷми корҳои сохтмонӣ ба воситаи “мувофиқаи пешакии мансабдорони давлатӣ бо ширкатҳои сохтмонӣ” аз мақомҳои худ барканор шудаанд. Ба таъбири як намояндаи Оҷонсӣ, сари ин мансабдоронро "нафси бад" хӯрд.

Ба гуфтаи ин масъулон, дар соли 2014 вазоратҳои маорифу тандурустӣ аз нигоҳи олудагӣ ба фасод “чемпион” будаанд. Бино ба омори овардаи онҳо, соли гузашта дар соҳаи маориф 101 ҷинояти коррупсионӣ, дар вазорати тандурустӣ 70 ҷиноят ва дар низоми бонкии Тоҷикистон 129 чунин ҷиноят сабт шудааст. Дар вазорати корҳои дохилӣ, ба гуфтаи онҳо, дар соли 2014 48 мавриди даст задани маъмуронаш дар фасод ошкор шудааст.

Тоҷикистон дар гузоришҳои байналмилалӣ дар радифи 20 кишвари фасодзадатарини дунё ном бурда мешаванд. Вале намояндагони Оҷонсӣ дар мулоқот бо донишҷӯён 2 зина болотар рафтани Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалии кишварҳои фасодзадаро аломати пешравӣ дониста гуфтаанд, “ин бозгӯ аз он аст, ки шиддати коррупсия дар кишвар костатар гардидааст.”

Аммо Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон ба он айбдор мешавад, ки дар мубориза бо ин падидаи манфӣ асосан ба "шикор"-и "моҳичаҳо", барои мисол, коркунони ҷамоатҳову военкоматҳо ва духтурону омӯзгорон тамаркуз кардааст ва ба "наҳанг"-ҳои бузургтари дарёи фасоди ин кишвар, ки дар мақомҳои хеле баланд ва ба маблағҳои хеле бузург машғули фасоданд, зӯраш намерасад.

Мулоқоти намояндагони Оҷонсӣ бо донишҷӯён
Мулоқоти намояндагони Оҷонсӣ бо донишҷӯён

Мулоқот бо донишҷӯён ва аз он пеш бо аҳли ҷамоат дар ноҳияи Рӯдакӣ ба хотири шарҳи “Стротегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020” дар рӯзҳое сурат гирифтанд, ки фаъолияти Оҷонсии мубориза бо фасод дар нишасти рӯзи 17 феврали Шӯрои Амният аз сӯи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба боди шадиди интиқод кашида шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа тақрибан аз ҳамаи ниҳодҳои интизомии давлаташ танқид кард ва аз ҷумла дар пайи суханронии Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии мубориза бо фасод ҳушдор дод, ки вақте дар ҷиноятҳои коррупсионӣ вақте кормандони худи Оҷонсии зидди фасод ба даст меафтанд, ин ниҳод барои кишвар чӣ зарурат дорад? Ӯ афзудааст, "оҷонсиро худам таъсис додам ва худам барҳам медиҳам.”

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар. 17 феврали 2015
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар. 17 феврали 2015

Президенти Тоҷикистон дар ин нишаст гуфтааст, кор ба ҷое кашида, ки ба кормандони оҷонсии зиддифасод ва додситониҳои навоҳии тобеи ҷумҳурӣ аз ҷамоатҳо талаби ҷудо кардани қитъаҳои заминро кардаанд ва ба ин далел 4 раиси ҷамоат аз дасти онҳо Тоҷикистонро тарк карда, ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, ба Русия фирор кардаанд. Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон аз кормандони Оҷонсӣ ва додситониҳо даъват карддааст, ки боздошту ба маҳкама кашиданро кам кунанд ва “дар ҷои холӣ барои ҳукумат проблема насозанд.”

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни суханронии тундаш амр дод, то ҳамаи муовинҳои додситони кулл ва додситонҳои вилоятҳоро “бо назардошти камбудиҳои ҷиддӣ дар ин соҳа” аз мақом барканор кунанд.

Як рӯз баъд аз ин нишаст додситонҳои шаҳри Душанбеву вилоятҳои Суғду Хатлону Бадахшонро барканор карданд ва гуфта шуд, масъалаи муовинҳои додситони кулл дар наздиктарин иҷлосияи Маҷлиси миллӣ – маҷлиси болоии порлумони Тоҷикистон, ки рӯзи 5 март баргузор шуда ва охирин иҷлоси ҳайъати кунунии он хоҳад шуд, баррасӣ хоҳад шуд.

Аммо маълум шуд, ки маъракаи поккорӣ дар суфуфи раҳбариии ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон баъди ҷаласаи Шӯрои Амният танҳо бо додситонии кулл маҳдуд намешавад. Рӯзи 18 феврал, ба дунболи барканории 4 додситон, дафтари матбуоти раисиҷумҳур хабари сабукдӯш шудани Тоҳир Ҷобирзода -- муовини якум ва Раҷабалӣ Ширинову Миллопар Бандишозода -- муовинҳои мудири Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия низ нашр шуд. Аз ин миён танҳо Тоҳир Ҷобирзода маълум аст, ки аз номи ҳизби ҳокими халқии демократӣ дар ҳавзаи Бохтари вилояти Хатлон номзад ба вакилии порлумон буда, зоҳиран ба Маҷлиси намояндагон меравад.

Абдуфаттоҳи Ғоиб
Абдуфаттоҳи Ғоиб

Аммо тағйироти кадрӣ дар Оҷонсии зидди фасод ба вокуниши бештар манфии маҳфилҳо рӯбарӯ шуд, ки бо ишора ба номзадии Тоҳир Ҷобирзода ба интихоботи порлумонӣ мегӯянд, вақте як мансабдори давлатӣ дар мазҳари ом ба камбудиҳои ҷиддӣ айбдор ва ба ин далел садукдӯш мешавад, ҳизби ҳоким чигуна метавонад ӯро ҳамчун номзади худ дар интихобот пешбарӣ ва таблиғ кунад?

Дар 5 соли охир дар Тоҷикистон, бино ба омори расмӣ, аз сӯи тамоми мақомоти интизомии кишвар 11 741 ҷинояти коррупсионӣ сабт шуда, ба гуфтаи Абдуфаттоҳи Ғоиб, танҳо оҷонсии зиддифасод дар ин 5 сол зарари молиявӣ ба ҷайби давлат ба маблағи 1 миллиард сомониро ошкор ва 600 миллионашро барқарор кардааст.

Дар раддабандии ахири созмони “Transparency International”, ки вазъи фасод дар кишварҳои дунёро пайгирӣ мекунад, Тоҷикистон дар байни 175 кишвар дар мақоми 152-юм ҷой гирифтааст.

XS
SM
MD
LG