Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наздикони "Абу Холиди Кӯлобӣ" фишор болои худро рад мекунанд


Наздикони Нусрат Назаров, ҷавони сокини Кӯлоб, ки чанд вақти ахир наворҳои сӯҳбаташ зоҳиран аз Сурия нашр мешаванд, фишор болои худро рад мекунанд.

Ин ҷавон қаблан аз Сурия ба сӯҳбати Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, ки ҷанг дар Сурияро фитна хонда буд, бо ланҳни тунд посух гуфт ва ҳоло аз он нигарон аст, ки наздикони ӯву дигар ҳамсангаронаш зери фишор қарор доранд.

Дар як навори тоза ӯ аз фишор болои наздиконаш шикоят кардааст. Аммо Хайрулло Назаров, бародари ӯ ба Радиои «Озодӣ» гуфт, ҳеҷ гуна фишоре болои онҳо вуҷуд надорад ва ӯ мисли пеш бо мошини шахсиаш ба таксиронӣ машғул аст. Ҳарчанд, ӯ гуфт, мақомоти қудратӣ аз ӯ дар куҷо будани бародараш ва тамос доштан ё надоштан ба ӯро пурсидаанд, вале ӯ инро фишор болои худ намедонад.

Ҳамсари Нусрат Назаров ҳам дар як тамоси телефонӣ гуфт, ӯро даҳҳо бор дар бораи шавҳараш пурсидаанд, аммо касе ҳангоми ин пурсишҳо ӯву фарзандонашро озор надодааст.

Ин дар ҳолест, ки Нусрат Назаров дар навори тоза нашршуда, ки худро Абу Холиди Кӯлобӣ муаррифӣ кардааст, гуфтааст, дар ҳоле, ки тибқи қонунҳои Тоҷикистон ба кирдори фарзанди аз 18 сола боло ҷавобгар нест, аммо ба қавли ӯ наздикони «муҷоҳидон» ба хотири қарор доштани фарзандонашон дар Сурия зери фишор қарор доранд.

Ҳамчунин, ӯ ин оморро, ки гӯё дар ҷанги Сурия 190 нафар тоҷик ширкат дорад ва то имрӯз 3 нафараш кушта шудааст, рад кардааст. Ба гуфтаи ӯ дар Сурия зиёда аз 500 ҷавони тоҷик дар ҷангҳо ширкат мекунанд ва дар муҳорибаҳо то 30 нафар ҷавонони тоҷик «шаҳид» мешаванд.

Ин навори нашршуда дуввумин наворест, ки дар он ба ҷуз симои Нусрат Назаров, симои дигар иштирокчиёнаш пӯшида шудааст. Бо тамошои навори қаблӣ ҳамсар ва бародараш тасдиқ карда буданд, ки воқен ин ҷавон Нусрат аст.

Нусрат Назаров, соли 1976 дар Кӯлоб таваллуд шуда, соҳиби се фарзанд аст. Ҳамсараш мегӯяд, аз замоне, ки Нусрат ба Сурия рафт ва бедарак шуд, ӯ ба хонаи волидайнаш рафтааст ва се тифли ӯро бидуни падар бо ранҷ бузург мекунад.

Ба гуфтаи наздикони Нусрат, ӯ 10 моҳи пеш ин шаҳрро ба қасди муҳоҷират ба Русия тарк карда буд, аммо ҳоло садояш зоҳиран аз Сурия шунида мешавад
XS
SM
MD
LG