Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулло Ҳайдар: Дар Сурия ҳарду тараф "Аллоҳ Акбар!" гуфта меҷанганд (ВИДЕО)


Мулло Ҳайдар Шарифзода, рӯҳонии маъруф мегӯяд, азбаски намедонад, ки дар Сурия чӣ мегузарад, наметавонад дар бораи ҷиҳод будан ё набудани ҷанг дар ин кишвари арабӣ ҳукм кунад, вале мусалмон набояд мусалмонро бикушад.

Мулло Ҳайдар Шарифзода, сархатиби масҷиди марказии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, дар Сурия ҳарду тараф бо нидои "Аллоҳ Акбар!" алайҳи ҳам тир мекушоянд ва сахт аст гуфтан, ки он ҷо ҷиҳод ҳаст ё на, вале ба ақидаи ӯ, мусалмон набояд мусалмонро бикушад.

Мо вақте намози асри рӯзи якшанбеи 1-уми июн ба масҷиди Имоми Аъзами шаҳри Кӯлоб ворид шудем, ки Мулло Ҳайдар Шарифзода дар мавриди Сурия ва посухи ҷавоне ба Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, ки худро дар шабакаи «Одноклассники» «муҷоҳид» медонист, сӯҳбат мекард.

Ӯ бо хитоб ба намозгузорон мегуфт: "Авлоду аҷдоди мо дар ҳамин мазҳаб буд ва мо ҳам бояд дар ҳамин мазҳаб бошем. Ҷавон шумо мухтор ҳастед, аммо мо гуфта наметавонем, ки мусалмон ба мусалмон ҷанг кунаду ин ҷиҳод бошад. Онҳо, ки ҳар чизе мегӯянд, нисбат ба мо забони онҳо дар ихтиёри мо нест. Мо ҳамин қадар гуфта метавонем, ки мусалмон мусалмонро накушад. Ба ҳамин хотир ҳам шояд Домулло Мирзо ҳам ба назар гирифта чизе гуфта бошад, ки онҳо ҷавоб гардонидаанд. Аммо мо дар мазҳаби худ устуворем ва чизе Худованд қабеҳ донистааст, анҷом намедиҳем."

Мулло Ҳайдар Шарифзода баъд аз намоз бо саволҳои Радиои Озодӣ низ посух гуфт.

Озодӣ: Манзури шумо дар ин мавъиза ҳамон ҷавононеанд, ки гӯё дар Сурияанд ва алайҳи ҳукумати Башор Асад, ба қавли худашон "ҷиҳод" мекунанд? Ҳоҷӣ Мирзо ин гурӯҳи ҷавононро гумроҳ донист ва ҷанг дар Сурияро на ҷиҳод, балки фитна хонд. Назари шумо дар ин бора чист?

Мулло Ҳайдар:
Мо ин чизро рости гап аниқ намедонем, ки ин ҷиҳод мешавад ва ё на. Барои он ки он ҷо намедонем, ки кӣ бо кӣ меҷангад? Он тараф ҳам "Аллоҳ Акбар!" гуфта меҷангад ва ин тарафаш ҳам "Аллоҳ Акбар!" гуфта тир мезанад. Пас кадоми инро мо кофир гӯем? Ҳеҷ кадоми инҳоро мо чизе гуфта наметавонем. Фақат ин ҷо гурӯҳҳое мусалмононро ба фирқаву гурӯҳҳо ҷудо карда, ҷанг меандозанд. Ҳадиси паёмбари Худо ҳаст, ки ба саҳобаҳо гуфтааст, вақте ислом мунташир шуд ва дар мулки исломӣ ҷанг шавад, шумо шамшерҳоятонро шиканед. Бисёри саҳобаҳо ҳам пас аз ине ки каме муноқиша миёни худашон рух медод, шамшерҳояшонро мешикастанд. Мо имрӯз намедонем, ки киро мекушем. Барои ҳамин дар ин бора чизе гуфта наметавонам.

Ҷиҳоди бузург бояд кард, на ҷанги хурд!

Озодӣ: Ин назари шумо дар ҳолест, ки қаблан гуфта будед, касе дар Сурия ҷанг мекунад, ба чаҳор китоби Худованд муқобил мебарояд. Аммо шояд назари шуморо тамошои наворе, ки бо лаҳни таҳдидомез ҷавоне зоҳиран аз Сурия ба унвони Ҳоҷӣ Мирзо дар шабакаҳои ҷитимоии интернет нашр кардааст, тағйир дода бошад? Оё аз сӯҳбати рӯшантар дар ин мавзӯъ ҳарос доред ва ё воқеан чизе намедонед?
Дарвозаи масҷиди марказии Кӯлоб
Дарвозаи масҷиди марказии Кӯлоб
Мулло Ҳайдар: Дар воқеъ, оне ки ман намедонам, он ҷо чӣ мегузарад, шумо ҳам намедонед. Ҳеҷ кас ҳам намедонад. Сӯҳбате, ки ҳоло кардам ва дар ҳама ҷумъаҳо мегӯям, ҳамин ҷанге, ки дар Тоҷикистон гузашт, баъзеҳо худро муҷоҳид ном карда буданд. Онҳо киро куштанд, ки муҷоҳид шуданд? Пайғомбари Худо(с) аз як ҷиҳод баргаштанд, ки муслимин хеле талаф ёфта буданд. Ҷаноби Расулуллоҳ (с) гуфтанд, ки мо аз ҷиҳоди хурд баргаштем, ба ҷиҳоди бузург шурӯъ мекунем. Саҳобаҳо гуфтанд, ки ин ҷиҳоди хурдаш ин бошад, ки мо ин қадар талаф додем, ҷиҳоди калонаш чигуна мешуда бошад? Он Ҳазрат (с) гуфтанд, ки ҷиҳоди бузург ин аст, ки ҳар нафар бо нафси худ ҷиҳод мекунад. Агар шахсе муҷоҳид шудан бихоҳад ба нафси худаш ҷиҳод кунад. Ақл боло нафс поён. Агар ақл бо нафс мубориза барад, тибқи гуфтаҳои паёмбари Акрам, ин беҳтарин ҷиҳод аст. Танҳо гуфтаниам, ки касе ҷиҳод мехоҳад, биёяд дар ватани худ, назди наздикони худ ва бо нафси худ мубориза барад.

Озодӣ: Гуфтед, ки дар мавриди ҷанги Сурия ҳарфи дақиқе гуфта наметавонед, аммо аз хатари равияву гурӯҳҳо сӯҳбат кардед?

Мулло Ҳайдар:
Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ гуфтаанд. Мо як бор даҳшати ҷангро дидем. Азизон мегӯянд, одаме, ки як бор дӯғ хӯрду сӯхт, аз шир эҳтиёт мекунад. Бояд ибтидо мо дар тараддуди пешгирии ин масоил дар якҷоягӣ бо тамоми мардуми оддии сарзамини Тоҷикистон мебудем. Чаро ки мардуми ин сарзамин аз ҳаводиси гузашта бисёр азобҳо кашидаанд, талафоти зиёде доданд. Набояд фаромӯш кунем он рӯзҳоро. Барои ҳамин аз нигоҳи ман, бояд мардуми сарзамини Тоҷикистон атрофи хутабо, ки президент бовар карда, масҷиду минбару меҳробро ба онҳо додааст, муттаҳид бошем. Дар мазҳаби Имоми Аъзам, ки олами Исломро ба иттиҳод даъват мекунад, ҳама муттаҳид бошем. Барои нагаравидан ба ин равияҳо мутафаккирини соҳибандеша, давлату ҳукумат бояд тафаккур кунанд, то коре кунем, ки сулҳу ваҳдат аз даст наравад.

Озодӣ: Аммо чаро дар ҳоле ки маълум нест, дар Сурия, ба қавли шумо, чӣ мегузарад, боз ҳам бештар хабар мерасад, ки ҷавонони Кӯлоб дар он ҷангҳо ширкат доранд. Чаро бештар ҷавонони ин минтақа ҷалб шудаанд?

Мулло Ҳайдар:
Чандин сол пеш маҷаллаҳоеро дар Эрон хонда будам, ки менавиштанд, мардуми Хатлон хеле боғайрату шуҷоанд. Як чизи хубе навишта буданд, ки ин мардум чигуна ҷасорату шуҷоат доранд. Аз тарафи дигар, мардуми Кӯлоб пояи давлатдории Тоҷикистони демократии имрӯза ҳастанд. Шояд қисман ғаразхоҳон бихоҳанд, ки ин мардумро нооором кунанд, то ин ки сабабгори суст шудани пояҳои давлатдорӣ бигардад. Масҷидҳои зиёд ҳам имрӯз бар зарари кор шуда истодааст.

Шумораи масҷидҳо: Кам бошаду...

Озодӣ: Воқеан, борҳо шумо изҳор доштед, ки ҷонибдори зиёд шудани масҷидҳо дар Тоҷикистон нестед...
Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов
Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов
Мулло Ҳайдар: Бале, ҷонибдори кам будани масҷидҳо дар Тоҷикистонам. Бубинед, ки агар Саудия бошад, ҳар масҷиде, ки бошад, кам аст, зеро бо вуҷуде ки дар ҳар 50 метр як масҷид аст, боз мардум аз нарасидани ҷой дар кӯчаҳо намоз мехонанд. Аммо дар мо масҷиди бисёр маҳаллагароиро ба вуҷд овардааст. Ҳатто бархе ақида доранд, ки дар масҷиди маҳаллаи худашон намоз нахонанд, намозашон қабул нест. Ҷанозаеро, ки ба ин масҷид биёранд, мардуми он маҳалла омада, намоз намехонад. Агар ақидаҳои васвасавӣ пайдо намебуд, агар чи қадаре масҷид бошад кам аст. Ин ақидаҳое, ки миллати тоҷик, миллати мусалмонро ба ҷудоӣ мекашад, фикри моро дар бораи масҷиди зиёд тағйир медиҳад. Аз тарафи дигар мо имрӯз масҷиди зиёд месозему намедонем, ки онро кӣ соҳиб мешавад. Соҳибе, ки пайдо мекунад, бояд ҳанафимазҳаб бошад ва ба парокандагии мардум сабаб нашавад.

Озодӣ: Бо чунин изҳори назарҳо шуморо аз рӯҳониёне унвон мекунанд, ки ҳамеша аз амалҳои ҳукумат пуштибонӣ мекунед.

Мулло Ҳайдар:
Аз ҳукумат пуштибонӣ мекардагиҳо мазҳаби Имоми Аъзамро пуштибонӣ мекунанд, зеро ки дар мо мазҳаби Имоми Аъзам мазҳаби давлатӣ аст. Баъзеҳои дигараш мегиранд як андешарову тафриқа меандозанду гурӯҳбозӣ мекунанд. Як бор хуни бародар рехт, хуни писару падар рехт, боз душманони миллати Ислом мехоҳанд, ки ҳамин такрор ёбад.
XS
SM
MD
LG