Як сомонаи исломгароҳо бо забони русӣ як видеои севунимдақиқаиро нашр кардааст, ки дар он бо намоиши 4 шиносномаи хориҷӣ ва як шиносномаи дохилии Тоҷикистон аз расидани ҷангиёни нав аз Тоҷикистон ба ҷанги Сурия хабар медиҳад.
Исми навор ба тоҷикӣ бо иштибоҳ “Шеррони Ислом дар чиходи Аш Шам (Сурия)” ва “бародаро дар дохили (давлати исломи дар Ирок ва Шам) мебошанд.” навишта шуда, дар оғоз як нафар, ки чеҳрааш дида намешавад, бо забони махлути тоҷикиву русӣ “инаҳа, корочи” мегӯяд. Баъдан якеи дигар ба забони тозатари русӣ, вале бо гӯиши зоҳиран хоси зодагони Қафқози шимолӣ мегӯяд, “бародарони нав, иншоаллоҳ, барои ҷиҳод омадаанд. Мо ин шиносномаҳои кофирии тоҷикиро месӯзонем, зеро мақсади мо ин аст, ки мо ба он макони куфр бар намегардем. Мақсади мо ба шаҳодат расидан дар ҳаминҷост.”
Сипас маросими сӯзондани шиносномаҳои тоҷикӣ барпо мешавад, ки ба гуфтаи гӯяндагон, бояд азми қотеъи ҷангиёни оянда барои то охир ҷиҳод кардан ва орзуи онҳо барои шаҳодат дар ҷабҳаҳои ҷанги Сурияро намоиш диҳад.
Ибтидо нафаре ки дар аввал бо тоҷикӣ сӯҳбат карда буд ва яке аз ҳозирин ӯро “Хайриддин” садо мекунад, пешниҳод дод, ки сӯзондани ҳуҷҷатҳоро аз шиносномаи ӯ шурӯъ кунанд. Сӯзондани шиносномаҳо дар ин навор таҳти даъватҳои “Аллоҳ Акбар!” ва шарҳҳое, мисли “Иншоаллоҳ, мо то ба куфр дар Тоҷикистон ҳам хоҳем расид” ва сӯҳбати зоҳиран як тоҷик ки ба тоҷикӣ мегӯяд, “Обшегражданский мондагӣ аст, дараш метен?” анҷом мешавад. Сипас онҳое ки ба русӣ сӯҳбат мекунанд, нафарони тоза омадаро табрик мегӯянд, ки онҳо “аз куфру фитна раҳида, шаҳрвандони давлати исломии Ироқу Шом” шуданд.
Дар ҷараёни сӯзондани шиносномаҳо садои сӯҳбати чанд нафари мухталиф ба забони тоҷикӣ шунида мешавад, ки бо шӯхиву ханда чигуна сӯхтани аснодашонро шарҳ медиҳанд. Аз ҷумла бо масхара ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам хитоб мекунанд, ки “Бубин!”
Навори ахир тоза рӯзи 7 апрел дар Интернет нашр шудааст. Ташхиси воқеияти навор ва инки оё он кай ва дар куҷо ва оё дар ҳақиқат дар Сурия гирифта шудааст, ғайримумкин буда, дар навор ҳам бидуни эълони исми соҳибонашон танҳо муқоваи шиносномаҳо нишон дода мешавад.
Аммо нашри ин навори нав дар ҳолест, ки як сомонаи дигари ҷангиёни хориҷӣ дар поёни моҳи март аз ҳалокати як шаҳрванди Тоҷикистон бо номи мустаори “Абӯ Аҳмад Тоҷикӣ” дар ҷанги Сурия хабар дод. Ба дунбол сокинони маҳаллаи нӯҳуми шаҳри Кӯлоб ба Озодӣ хабар доданд, ки дар акси “Абӯ Аҳмад Тоҷикӣ” сокини 26-солаи ин маҳалла Бахтиёр Шеровро шинохтаанд, ки ягон ду сол қабл ба Русия рафта, тайи чанд моҳи охир бедарак шуда буд.
Бахтиёр Шеров чорумин шаҳрванди ҳисобшудаи Тоҷикистон аст, ки дар ҷанги Сурия ҷон мебозанд. Қаблан дар бораи ҳалокати ду зодаи шаҳри Кӯлоб ва як сокини ноҳияи Восеъ дар Сурия гузориш шуда буд. Мақомоти Тоҷикистон шумори ҷангиён аз Тоҷикистон дар ҷангҳои зидди режими Башор Асад дар Сурияро ҳудуди 200 нафар тахмин мезананд. Дар Интернет ҳатто қиссаи як тоҷики 9-сола бо номи Аҳмад чарх мезанад, ки гӯё дар Сурия дар лобалои бозиҷояш бо кӯдакони дигар барои "муҷоҳидон"-е ки аз Туркияву Русия ба Сурия барои "ҷиҳод" омадаанд, тарҷумонӣ мекардааст.
Ҳузури атбоъи Тоҷикистон дар фосилаи 4400 километр дурӣ дар ҷанги шаҳрвандии Сурия мақомоти Душанберо сахт нигарон кардааст. Як мояи дигари нигаронӣ, бахусус барои мақомоти амниятии вилояти Хатлон ин аст, ки дар робита ба ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурия бештар аз ҳама дар бораи зодагони минтақаи Кӯлоб сӯҳбат мешавад. Ҳамаи 4 тоҷике, ки аз ҳалокаташон дар Сурия хабар расидааст, аз ҳамин минтақа мебошанд. Дар навори ахир, ки дар бораи ба Сурия расидани ҷангиёни нав аз Тоҷикистон хабар медод, низ ҳозирин бештар бо гӯиши хоси минтақаи Кӯлоб ҳарф мезананд.
Дар авоили моҳи март мақомоти умури дохилаи Кӯлоб аз боздошти Давлат Чолов, бародари фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ Қурбон Чолов бо иттиҳоми талоши ҷалби ҷавонони маҳаллӣ ба "ҷиҳод" дар Сурия хабар доданд. Давлат Чолов дар соли 2003 бо ҷурми таҷовуз ба номус ва куштор маҳкум ба зиндон шуда, вале баъди раҳоияш ба тиҷорат пардохтаву силсилаи дӯкону ошхонаҳо доштааст ва барои таъмини нуқтаҳои савдояш ба Туркия равуо мекард. Манобеи Озодӣ мегӯянд, гӯё ӯ аз Туркия муддате ба Сурия сафар кардааст.
Қабл аз он, дар поёни соли 2013 Додгоҳи олии Тоҷикистон 5 донишҷӯи собиқи макотиби олии Сурияро бо ҷурми ширкат дар ошӯбҳои зидди режими Башор Асад боздошт ва дусолӣ маҳкум ба зиндон карда буд. Баъдан дар як барномаи телевизионӣ Баҳриддин Мӯъминов, зодаи ноҳияи Восеъ ва яке аз ин маҳкумшудагон эътироф кард, ки ҳам ӯву ҳам падараш узви ҳизби мухолифи наҳзати исломианд.
Ҷангҳо алайҳи ҳукумати Башор Асад, ки аз ақалияти мазҳабии шиаҳои алавӣ намояндагӣ мекунад, аз баҳори соли 2011 ба ин сӯ, се сол боз идома дошта, бино ба ҳисобҳо, дар ин ҷанг то имрӯз беш аз 130 000 нафар кушта шудаанд. Бахши аъзами мухолифони Асад аз пайравони мазҳаби суннианд, ки аксари аҳолии Сурияро ташкил медиҳанд, вале дар тақсими қудрат саҳми нисбат ба алавиҳо камтар доранд. Ҷалби ҷангиён аз хориҷ, аз ҷумла аз Тоҷикистон, ба ҷанги Сурия низ асосан таҳти шиорҳои даъват ба ваҳдати сунниҳо дар муқобили аҳли ташайюъ сурат мегирад.