Абулфайз Атоев, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 9 апрел дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ дар робита ба навори сӯзондани паспортҳои хориҷии ин кишвар гуфт, ки ин навор як навъ саҳнасозӣ ба хотири коҳиш додани эътибори Тоҷикистон дар саҳнаи байналмилалӣ мебошад.
Вай афзуд, ки ин амал аз тарафи афроде анҷом дода шудааст, ки бо гурӯҳҳои террористии бегона ҳамроҳ шуда, зидди сиёсати Тоҷикистон ва эҳтироми байналмилалии Тоҷикистон рафтор кардаанд.
Абулфайз Атоев афзуд, ки борҳо президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба хотири нагаравидани ҷавонони Тоҷикистон ба гурӯҳҳои тундрави хориҷӣ аз мақомоти Тоҷикистон ва падару модарон даъват кардааст, то фарзандони худро, ки дар мактабҳои мазҳабӣ таҳсил мекунанд, ба Тоҷикистон баргардонанд.
Абдулфайз Атоев, ки қаблан дар сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон ифои вазифа мекард, ҳамчунин гуфт: «Вақте ки ман дар сафорати Афғонистон фаъолият мекардам, 20 ҷавони тоҷикро ба Тоҷикистон баргардондам, ки мабодо бо гурӯҳҳои тундрав напайванданд.»
Рӯзи 7 апрел дар як сомонаи исломгароҳо бо забони русӣ як видеои севунимдақиқаӣ нашр шуд, ки дар он бо намоиши 4 шиносномаи хориҷӣ ва як шиносномаи дохилии Тоҷикистон аз расидани ҷангиёни нав аз Тоҷикистон ба ҷанги Сурия хабар медиҳад. Дар ин навор шиносномаҳои хориҷиро намоишкорона месӯзонанд, ки ба гуфтаи гӯяндагонаш, бояд азми қотеъи ҷангиёни оянда барои то охир ҷиҳод кардан ва орзуи онҳо барои шаҳодат дар ҷабҳаҳои ҷанги Сурияро намоиш диҳад. Сӯзондани шиносномаҳо дар ин навор таҳти даъватҳои «Аллоҳу Акбар!» сурат мегирад.
Ташхиси воқеияти навор ва инки оё он кай ва дар куҷо ва оё дар ҳақиқат дар Сурия гирифта шудааст, ғайримумкин буда, дар навор ҳам бидуни эълони исми соҳибонашон танҳо муқоваи шиносномаҳо нишон дода мешавад.
Аммо нашри ин навори нав дар ҳолест, ки як сомонаи дигари ҷангиёни хориҷӣ дар поёни моҳи март аз ҳалокати як шаҳрванди Тоҷикистон бо номи мустаори “Абӯ Аҳмад Тоҷикӣ” дар ҷанги Сурия хабар дод. Ба дунбол сокинони маҳаллаи нӯҳуми шаҳри Кӯлоб ба Озодӣ хабар доданд, ки дар акси “Абӯ Аҳмад Тоҷикӣ” сокини 26-солаи ин маҳалла Бахтиёр Шеровро шинохтаанд, ки ягон ду сол қабл ба Русия рафта, ахиран бедарак шуда буд.
Ҳамин тавр, дар поёни соли гузашта Додгоҳи олии Тоҷикистон 5 донишҷӯи собиқи донишгоҳҳои Сурияро бо ҷурми ширкат дар ҷангҳои зидди Башор Асад дусолӣ ҳукми зиндон дод. Дар авоили моҳи март мақомоти шаҳри Кӯлорб Давлат Чолов, бародари фармондеҳи маъруфи Фронти халқӣ Қурбон Чоловро бо иттиҳоми ҷалби ҷавонони маҳаллӣ ба ҷанги Сурия дастгир карданд.
То имрӯз дар бораи ҳалокати дастикам 4 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурия гузориш шудааст. Мақомоти Тоҷикистон шумори ҷангиёни тоҷикистонӣ дар сангарҳои ҷанг алайҳи раисиҷумҳури Сурия Башор Асадро ҳудуди 200 нафар тахмин мезананд.