Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон ҳамлаи маргбори Доғистонро "золимона" хонд


Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҳамла дар Доғистонро маҳкум кард.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҳамла дар Доғистонро маҳкум кард.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҳамлаи маргбор ба ибодатгоҳи яҳудиён ва масеҳиён дар Доғистони Русияро “золимона” хонда, гуфтааст, ки онро “қотеъона маҳкум мекунад.”

Шоми 23-юми июн гурӯҳи мусаллаҳе ба як каниса ва ду калисо дар Доғистон ҳамла карданд, ки дар натиҷаи он 15 нафар кушта шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар номаи ҳамдардӣ ба Владимир Путин, президенти Русия гуфтааст, ки “ҳамлаи золимонаи террористӣ дар Махачқалъа ва Дарбанд”-ро бо “андӯҳи амиқ” дарёфтааст.

Мақомоти Русия мегӯянд, ҳамлагарон кушта шудаанд ва ҳодиса таҳқиқ мешавад.

Президенти Тоҷикистон гуфтааст, ки кишвараш 30 сол боз бо “терроризм мубориза мебарад” ва дар ин замина бо Русия ҳамкории фаъолона мекунад.

Ҳеч гурӯҳе ҳанӯз ҳамлаи маргбор дар Доғистонро бар душ нагирифтааст.

Мақомоти Русия низ расман ангезаи ҳамларо шарҳ надодаанд.

XS
SM
MD
LG