Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 30-юми июн дар эъломияе дар Телеграм навишт, ки Сӣ Ҷинпин аз 4 то 6-уми июл дар Душанбе мемонад. ВКХ-и Чин рӯзи якшанбе хабарро тасдиқ кард, аммо гуфт, Ҷинпин рӯзи 2-юми июл аввал ба Қазоқистон меравад. Ҷое, ки нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар назар аст.
Сафари раҳбари Чин, ба иттилои ВКХ-и Тоҷикистон, бо даъвати раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, "мулоқоти дуҷониба ба таври маҳдуд ва васеъ" дар назар аст. Вазорат гуфта, ки раҳбари Чин "дар чорабиниҳои дигари расмӣ" ширкат хоҳад кард, вале тафсилот надодааст.
Ба эҳтимоли қавӣ раиси ҷумҳури Чин дар маросими ба истифода додани бинои нави ҳукумат ва порлумони Тоҷикистон ширкат хоҳад кард. Сохтмони ҳарду бино соли 2018 оғоз шуда буд. Мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки Чин барои сохтмони бинои нави порлумон ва ҳукумат 1,5 миллиард юан (беш аз 200 миллион доллар) ҷудо кардааст.
Дар Душанбе бунёди ин ду иншоотро "дастгирии беғаразонаи молии кишвари дӯсту ҳамсоя" номиданд, аммо мунтақидон онро як навъ нуфузи дигари Чин ба Душанбе гуфтанд.
Тоҷикистон дар солҳои охир як кишвари вобастаи сармояҳои Чин дониста мешавад. Аз 3 милиларду 200 милилон доллар (то оғози соли 2024) қарзи берунии ҷумҳурӣ бахши асосии он ба Пекин марбут аст.