Мирзо Ашӯров, раиси идораи обу корези шаҳри Қӯрғонтеппа гуфт, исми Аҳтам Ҳамроқулов ва ё падари ӯ дар феҳрасти муштариёни қарздор аз ҳаққи истифодаи обу корез вуҷуд надорад ва ин хонавода аз сӯйи муассисаи зери раҳбарии вай ҷарима баста нашудааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иддаои худи футболбоз, шоми 1 октябр баъди ду голи задааш ба дарвозаи дастаи маҳаллии «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар бозии нимфинали Ҷоми Тоҷикистон миёни «Вахш» ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки бо пирӯзии дастаи дуюм анҷом ёфт), интиқоли барқ ба манзили ин футболбоз, ки зодаи Қӯрғонтеппа аст, қатъ гардида, идораҳои барқ ва обу корези ин шаҳр Ҳамроқуловро «ба нишони интиқом» 2849 сомонӣ ҷарима ҳам бастаанд.
Аҳтам Ҳамроқулов рӯзи 8 октябро ба Озодӣ гуфт, ӯ шоми 1 октябр, пас аз пирӯзӣ бар «Вахш», ду бозигари дигари «Регар-ТадАЗ»-ро ба манзили падариаш даъват кард, вале соатҳои тақрибан нӯҳи шом якбора намояндагони ҳукумат ва идораҳои барқу оби шаҳр ба манзили онҳо даромаданд. Ба қавли футболбоз, «онҳо бо гилагузорӣ аз ин ки Аҳтам Ҳамроқулов ҳарчанд зодаи Қӯрғонтеппа ва дастпарвари клуби «Вахш» буд, ба дарвозаи дастаи қаблиаш 2 гол зад, ҳисобкунаки барқи манзили падарии ӯро муҳр зада, хатти барқро буриданд.»
Аммо Мирзо Ашӯров, роҳбари идораи обу корези шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, на ӯ ва на масъулони шаҳрдорӣ ба касе дастури қатъи об ё ҷаримабандии Аҳтам Ҳамроқуловро надодааст. «Ман ҳатто намедонам, ки Ҳамроқулов кист ва дар кадом даста бозӣ мекунад? Мо ба ҳеҷ кас хусумат надорем ва чунин кори пастро анҷом намедиҳем. Албатта, дар шаҳр ҳастанд нафароне, ки ҳаққи истифодаи обу канализатсияро пардохт намекунанд ва қарздоранд. Мо онҳоро огоҳӣ медиҳем, тамом. Имсол хатти обгузари чанд объектро бастем, аммо инҳо асосан иншооти маишӣ, ба мисли ошхонаю тарабхона, корхонаҳо буданд, на хонаҳои шаҳрвандон. Агар ягон одами тасодуфӣ худро намояндаи идораи обу корез муаррифӣ карда, аз хонаводаи ин футболбоз маблағ гирифта бошад, метавонанд, ба мақомот шикоят кунанд», - афзуд Мирзо Ашӯров.
Дар ҳамин ҳол, Музаффар Идрисов, яке аз масъулони идораи фурӯши барқи шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, хабарҳо дар бораи «қатъи барқасдона ва интиқомҷӯёна»-и нерӯи барқ дар манзили Аҳтам Ҳамроқулов асос надоранд. Аммо вай ҳамзамон гуфт, ки «мувофиқи банди 1.9.2-и Қоидаи истифодабарии қувваи барқ, ки соли 1998 аз ҷониби Ҳукумати кишвар тасдиқ шудааст, баъди огоҳӣ додан аз саривақт пардохт нашудани маблағи истифодашудаи қувваи барқ назоратчӣ ҳуқуқ дорад, ки барқи хонаи муштарии қарздорро хомӯш кунад.» Музаффар Идрисов афзуд, ки идораи фурӯши барқи шаҳри Қӯрғонтеппа ба муассисаи болоии худ ҳисоботдиҳанда аст ва ягон дастури ғайрирасмӣ ё хилофи қонунро ҳатто агар аз ҷониби мансабдори ҳукуматие содир шавад, иҷро нахоҳад кард.
Дар маъмурияти дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа низ гуфтанд, ки нороҳатие аз ду голи ба дарвозаи ин тим задаи Аҳтам надоранд, ҳарчанд вай дастпарвари ҳамин клуби футбол аст. «Аҳтам Ҳамроқулов соли 2011, дар замоне ки клуби мо бо мушкилоти шадиди молиявӣ рӯ ба рӯ шуд ва дар пардохти маоши бозигарон таъхир ба амал омад, ҳамроҳ бо футболбозони таҷрибадори дигар тарки даста кард. Мо тасмими ӯро дуруст қабул кардем ва ягон хафагӣ дар миён набуд. Вай ҳамеша бо рӯҳи пирӯзихоҳ ба майдон мебарояд ва шояд ҳамин хислаташ аст, ки то ба дараҷаи футболбози тими миллии Тоҷикистон расид. Он рӯзи бозии нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон, ки дар Қӯрғонтеппа буд, ба дарвозаи «Вахш» ду гол задани Аҳтам Ҳамроқулов шояд на ҳама мухлисони дастаи моро хуш омад, вале ин футбол аст», - афзуд манбаъ.
Бозигарони клуби «Вахш» мегӯянд, ба бозии ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон бо дастаи «Регар-ТадАЗ» бидуни сармураббӣ рафтанд. Зеро Салоҳиддин Ғафуров, сармураббӣ, Аслиддин Ҳабибуллоев, мураббии калон ва Аҳад Ҳамроқулов, мураббии дарвозабонҳо, ҳарсе андармони омодасозии тими мунтахаби ҷавонони то 19-сола ба бозиҳои интихобии Осиё буданд ва то рӯзи 13 октябр дар Эрон мунтахаби кишварро ҳамроҳӣ мекунанд. Набудани мураббиҳои даста, ба иддаои бозигарон, яке аз сабабҳои аслии шикасти «Вахш» аз «Регар-ТадАЗ» дар Қӯрғонтеппа буд, ҳарчанд бозии якум бо пирӯзии қӯрғонтеппагиҳо бо ҳисоби 3 бар 2 анҷом ёфта буд.
Ҳоло дар ҳайати дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, қаҳрамони ҳафткаратаи футболи Тоҷикистон, се дастпарвари тими «Вахш» - Аҳтам Ҳамроқулов, Акмал Сабуров ва Бахтиёр Қаландаров - бозӣ мекунанд. Ҳамчунин легионери узбакистонӣ Фарҳод Юлдошев низ аз «Вахш» ба «Регар-ТадАЗ» гузашта буд.
Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, дастпарварони тими «Вахш» дар ҳайати «Регар-ТадАЗ» солона то ва беш аз 6 ҳазор доллари амрикоӣ ҳақмузд дарёфт мекунанд. Дар ҳоле ки маоши миёнаи бозигарони тими «Вахш» моҳе на беш аз 800 сомониро ташкил медиҳад ва он ҳам бо таъхири зиёд ба футболбозон мерасад.
"Интиқом" аз Аҳтам Ҳамроқулов
Аҳтам Ҳамроқулов шоми 8 октябр дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, баъди бозӣ барои шустани пирӯзӣ бар «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар даври ниманиҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон ду бозигари дигари «Регар-ТадАЗ» - Сардорбек Эминов ва Фарҳод Юлдошевро ба манзили падариаш даъват кард, вале соатҳои тақрибан нӯҳи шом, ки онҳо ҳанӯз дар гирди дастурхон нишаста буданд, якбора намояндагони ҳукумат ва идораи барқу идораи обу корези шаҳр ба манзили онҳо даромадаанд. Онҳо бо гилагузорӣ аз инки Аҳтам Ҳамроқулов ҳарчанд бачаи Қӯрғонтеппа буд, ба дарвозаи дастаи қаблиаш 2 гол зад, ҳисобкунаки барқи манзили падарии ӯро мӯҳр зада, хатти барқро буридаанд.
Ҳамин тавр, Аҳтам Ҳамроқуловро барои напардохтани пули барқ 1259 сомонӣ ва барои қарзаш аз идораи обу корез(водоканал) 1590 сомонии дигар ҷарима бастаанд. Аҳтам Ҳамроқулов мегӯяд, ин муҷозоти ӯ ягон асос надошт, чунки манзили ӯву волидайнаш аз обу барқ ягон сӯм қарздор набуд.
Аҳтам Ҳамроқулов аз ин рафтори «ғайриварзишӣ»-и мақомоти шаҳри Қӯрғонтеппа ба Федеросиюни футболи Тоҷикистон расман шикоят бурд. Ӯ шоми 8 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, танҳо баъди мудохилаи раҳбарони Федеросиюни футболи Тоҷикистон ва шахсан раиси ин ниҳод Рустами Эмомалӣ ва онҳам баъди анҷоми бозии ниҳоии Ҷоми футбол мақомоти Қӯрғонтеппа манзили падарии ӯ дар Қӯрғонтеппаро дубора ба шабакаи барқ пайваст карданд.
Тими «Регар ТадАЗ» дар бозии ниҳоӣ, ки иттифоқан р варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа доир шуд, аз тими «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар соли 2007 Рустами Эмомалӣ таъсисаш додааст, бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Иттифоқан Аҳтам Ҳамроқуловро дар бозии ниҳоӣ ҳанӯз дар дақиқаи 56-ум барои таҳқири сардовар Равшан Эшматов, ки низ иттифоқан аз шаҳри Қӯрғонтеппа аст, аз майдон хориҷ карданд.
Аҳтам Ҳамроқулов зодаи шаҳри Қӯрғонтеппа буда, аз шогирдони мактаби футболи тими «Вахш» аст, ки аз тобистони соли 2011 бар асоси қарордод ҳамчун ҳамлагар дар тими «Регар-ТадАЗ» бозӣ мекунад. Ҳамроҳқулов ба ҳайъати тими миллии Тоҷикистон низ даъват шудаааст ва феълан ба бозии дӯстона бо тими Қирғизистон омодагӣ мегирад. Ин бозӣ рӯзи 15 октябр дар Бишкек доир хоҳад шуд.
Аҳтам Ҳамроқулов дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, мушкили ӯ бо мақомоти зодгоҳаш – шаҳри Қӯрғонтеппа – пурра ҳалл шудааст, вале ба ҳар сурат, аз ин ба баъд дар бозиҳои тими феълиаш бо «Вахш» хеле бо эҳтиёт бозӣ хоҳад кард.