Аммо манобеи ғайрирасмӣ теъдоди хориҷиёни корҷӯро дар Тоҷикистон наздики 15 000 нафар тахмин кардаанд, ки аксари онҳоро шаҳрвандони Чин ташкил медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, Давлат Назриев, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 15 феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, «Тоҷикистон на танҳо таъминкунандаи қувваи корӣ барои кишварҳои хориҷист, балки дар навбати худ қабулкунандаи қувваи корӣ аз кишварҳои хориҷӣ ба ҳисоб меравад.» Ба гуфтаи ҷаноби Назриев, дар соли 2012 аз ҷониби раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷие, ки барои ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ, тиҷорат ва дигар намудҳои фаъолият ба Тоҷикистон сафар доштанд, 12 983 адад раводиди меҳнатӣ ва тиҷоратӣ ба расмият дароварда шудааст.
Номбурда афзуд, «илова бар ин, бояд дар назар дошт, ки шаҳрвандони як қатор кишварҳо, аз ҷумла, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон раводид намегиранд».
Тибқи маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, дар соли 2012 барои шаҳрвандони хориҷӣ 4800 квотаи меҳнатӣ муайян гардида буд. Ҳамзамон, дар соли 2012 аз ҷониби хадамот ба 5221 шаҳрванди хориҷӣ иҷозатномаи корӣ дода шудааст, ки аз ин теъдод 421 иҷозатнома дар асоси созишномаҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону кишварҳои хориҷӣ ҷудо гардидаанд. Дар Тоҷикистон аз Чин – 2962 нафар, Афғонистон – 868 нафар, Эрон – 267 нафар, Туркия — 244 нафар, Узбакистон – 204 нафар, Покистон – 134 нафар, Ҳиндустон – 73 нафар, Қирғизистон – 66 нафар, Русия – 51 нафар, Амрико – 34 нафар дар соли 2012 дар асоси иҷозатнома ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудаанд.
«Сабаби чунин фарқият байни теъдоди онҳое, ки раводид ва иҷозатнома гирифтаанд, он аст, ки иҷозатнома дар ҳолати аз се моҳ зиёд кор кардан дода мешавад. Яъне, бисёре аз онҳое, ки барои кор ба Тоҷикистон меоянд, ба корҳои мавсимӣ машғул буда, дар мӯҳлатҳои то се моҳ ҷумҳуриро тарк мегӯянд», - таъкид кард Давлат Назриев.
Шаҳрвандони хориҷӣ асосан дар сохтмони иншоотҳои гидроэнергетикӣ, лоиҳаҳои инфрасохторӣ, соҳибкориву тиҷорат ва хизматрасонӣ фаъолият мекардаанд.
Ҳамзамон, дар мавриди замони тасвиби созишнома миёни Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи муҳоҷират, ки дар он иҷозати фаъолияти корӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон то 3 сол пешбинӣ мешавад, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ҳоло созишнома дар дасти баррасии ҷонибҳо қарор дорад ва баъд аз ба охир расидани тамоми мувофиқаҳо доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он, ба иҷро хоҳад даромад.
Давлат Назриев дар мавриди аз кай ҳукми қонунӣ гирифтани созишнома дар бораи ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, ки 8 феврали соли равон ба имзо расида буд, гуфт, созишномаи мазкур баъд аз гузаронидани тамоми расмиёти дохили давлатии ҳар ду ҷониб ба ҳукми қонун медарояд. Бар пояи созишномаи нав шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми сафар ба Русия метавонанд, дар зарфи 15 рӯз худро дар ниҳодҳои марбутаи ин кишвар сабти ном кунанд.
Дар ҳамин ҳол, Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон теъдоди шаҳрвандони кишварро, ки дар соли 2012 ба хориҷа ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд, наздики 900 ҳазор гуфтааст. Оморҳои дигар шумори муҳоҷирони тоҷик танҳо дар Русияро беш аз 1 миллион нафар баровард мекунанд. Маблағи аз хориҷи кишвар ба ватан фиристодаи муҳоҷирон дар соли гузашта 3,6 миллиард долларгуфта мешавад, ки баробари 48 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон будааст.