Ба иттилои сомонаи расмии ҳукумати Русия, лоиҳаи ин қонун аз ҷониби Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия таҳия гардидааст.
Ҳамакнун бо қабули ин қонун, аз саркашии муҳоҷирон барои сабт дар феҳристи андозсупорандагон пешгирӣ мешавад ва мақомоти андоз имкон пайдо мекунанд, ки қонунӣ будани фаъолияти кории муҳоҷиронро зери назорати ҷиддӣ бигирад.
Қарор аст, ин дигаргунӣ дар қонуне, ки вазъи ҳуқуқии будубоши шаҳрвандони хориҷиро дар ҳудуди Русия ба танзим медарорад, ворид карда шавад. Зимнан, тайи чанд моҳи ахир ин бори аввал нест, ки ҳукумати Русия мехоҳад ҳузури муҳоҷирони кориро дар ҳудуди кишвараш ба танзим дарорад.
Дар моҳи январи соли 2013 низ президенти Русия Владимир Путин ба Думаи давлатии кишвараш лоиҳаи қонунеро пешниҳод карда буд, ки барои вайрон кардани қоидаҳои сабти шаҳрвандон, миқдори зиёди ҷаримаро пешбинӣ мекард. Ҷониби Кремл ин санади пешниҳодшударо чорае дар мубориза бо хонаҳои «резинӣ», ки теъдоди зиёди муҳоҷирон дар он сабти ном шудаанд, шарҳ дода буд.
Бар иловаи ин, дар авохири моҳи декабри соли 2012 раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин гуфта буд, ки дар солҳои наздик вуруди хориҷиён ба Русия танҳо тариқи шиносномаҳои хориҷӣ сурат мегирад.
Дар ҳамин ҳол, вакилони ҳизби «Русияи воҳид» мехоҳанд, лоиҳаи қонунеро омода намуда ва ба Думаи давлатӣ пешниҳод созанд, ки тибқи он муҳоҷирон маҷбуранд маоши худро танҳо ба воситаи кортҳои пластикӣ дастрас намоянд.
Ин ҳам дар ҳоле, ки чанде пеш ҷониби Тоҷикистон ва Русия бо имзои созишномае дар шаҳри Маскав, мӯҳлати сабтиноми шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Русия то 15 рӯз тамдид карданд. Ҳамакнун бар пояи созишномаи нав, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми сафар ба Русия метавонанд дар зарфи 15 рӯз худро дар ниҳодҳои марбутаи ин кишвар сабти ном кунанд.
Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Русия, то моҳи октябри соли 2012 дар ҳудуди ин кишвар наздикӣ 3,5 миллион муҳоҷир ба таври доимӣ иқомат дошта ва ҳамасола ҳудуди 10-12 миллион нафар муҳоҷирон ба Русия меоянд, ки 70-80 дар сади онҳоро шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ташкил медиҳад.