Ба гуфти ин ниҳод, полиси кишвар дар вилояти Твер як коргоҳи ғайриқонуниро ошкор кардааст, ки он ҷо як гуруҳ шаҳрвандони хориҷӣ ба либосдӯзӣ машғул буданд. Ин коргоҳ дар дохили биное фаъолият дошт, ки ин биноро ширкати маъруфи истеҳсол ва фурӯши либос “Дисамбар” ба иҷора гирифта буд. Кормандони хадамоти муҳоҷират ҳамроҳ бо полис дар ин коргоҳ беш аз 70 нафар хориҷиро бо шумули шаҳрвандони Узбакистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркия боздошт кардаанд, ки ҳамаи онҳо дар ҳудуди ин кишвар ғайриқонунӣ ба сар мебурданд, хабар медиҳанд расонаҳо.
Айни ҳол муҳоҷирони боздоштшуда барои ғайриқонунӣ ҳузур доштан дар ҳудуди кишвар ҷарима шудаанд ва мақомот барои муайянсозии созмондиҳандагони ин кор таҳқиқотро шуруъ кардааст.
Дар ҳамин ҳол, дар ҳудуди ноҳияи Лосино-Петровски наздикии Маскав низ як чунин коргоҳ аз ҷониби полис ва кормандони хадамоти муҳоҷират ошкор шудааст. Ба гуфти мақомот, ин ҷо муҳоҷирони тоҷикистоние машғули кор буданд, ки гуруҳе бо роҳи қонунӣ ва теъдоде ғайриқонунӣ вориди Русия шудаанд.
Бояд гуфт, ки муҳоҷирони корӣ барои фаъолияти ғайриқонунӣ дар хоки Русия пайваста аз ҷониби кормандони полис ва Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия боздошт ва муҷозот мегарданд ва дар баъзе аз маворид теъдоде аз онҳо аз ҳудуди ин кишвар депорт ё берун ронда мешаванд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иттилои расонаҳо, рӯзи шанбеи 9 феврал мақомоти Русия панҷ муҳоҷири тоҷикро, ки дар як амалиёти зидди ифротгароӣ дар Санкт Петербург боздошт шуда буданд, ба Тоҷикистон фиристодааст.
Зимнан, ба гуфти Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, дар давоми соли 2012 бо сабабҳои мухталиф 3130 шаҳрванди кишвар аз ҳудуди Русия берун ронда шудаанд.
Аммо дар баробари аз ҷониби мақомот муҷозот гаштан, дар баъзе аз маворид корфармоён низ нисбати муҳоҷирон ҷабру ситамро раво мебинанд. Тавре Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch зимни як гузориш гуфт, ҳазорон нафар муҳоҷирони кории кишварҳои хориҷӣ ва аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия дар сохтмонҳои олимпии шаҳри Сочӣ кор мекунанд, ба фиреби корфармоён рӯ ба рӯ шудаанд. Онҳо дастмузди худро чанд боз моҳ нагирифтаанд ва корфармоён онҳоро беш аз меъёр кор фармудаанд. Ин созмон бо 66 муҳоҷири меҳнатӣ сӯҳбат кардааст ва баъзеи онҳо гуфтаанд, ки 12-соатӣ кор мекунанд ва ба корҳое сафарбар шудаанд, ки вазнин асту дастмузди ночиз дорад. Гоҳо ҳамин дастмузди ночизро ҳам ба онҳо ба ҳар баҳона пурра намедиҳанд.
Дар ҳамин ҳол ҳукумати Русия бо ворид кардани дигаргунӣ дар қонуне, ки вазъи ҳуқуқии будубоши шаҳрвандони хориҷиро дар ҳудуди Русия ба танзим медарорад, ба мақомоти андоз иҷоза додааст, қонунӣ будани фаъолияти кории муҳоҷиронро зери назорати ҷиддӣ бигирад ва аз дастмузди онҳо андоз ситонад.
Зимнан, вакилони ҳизби «Русияи воҳид» низ тасмим гирифтаанд, лоиҳаи қонунеро омода ва ба Думаи давлатӣ пешниҳод созанд, ки тибқи он муҳоҷирон маҷбуранд маоши худро танҳо ба воситаи кортҳои пластикӣ дастрас кунанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки чанде пеш ҷониби Тоҷикистон ва Русия бо имзои созишномае дар шаҳри Маскав, муҳлати сабти номи шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Русия то 15 рӯз тамдид карданд. Ҳамакнун бар пояи созишномаи нав, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми сафар ба Русия метавонанд дар зарфи 15 рӯз худро дар ниҳодҳои марбутаи ин кишвар сабти ном кунанд. Ва аммо то куҷо ин созишнома мушкили муҳоҷиронро осон мекунад, саволест, ки қазовати он ба ихтиёри вақт аст.