Ҳарчанд раҳбарони аҳзоби парлумонӣ аз дигаргуниҳо дар қонуни ҳизбҳои сиёсӣ пазироӣ карданд, намояндагони мухолифин ин тағйиротро фишори бештар болои фаъолияташон донистанд. Ин тағйир назорат бар фаъолияти молии ҳизбҳои сиёсӣ ва сарчашмаҳои таъминоти онҳоро шиддат мебахшад ва ёриҳои молиявӣ ба аҳзоби сиёсиро маҳдуд мекунад.
Бар асоси ин тарҳ, ки онро палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 17 июн қабулкард, ҳизбҳои сиёсӣ ҳар маблағеро, ки дарёфт мекунанд, бояд дар шакли расид (квитанция) ва санади ҳисоби бонкӣ қатъӣ карда, дар охири сол гузоришро дар мавриди даромадҳояшон дар матбуот нашр кунанд.
АЗ 2 ТО 10 ҲАЗОР ДОЛЛАР
Аз ҷониби дигар кумаки шахси воқеӣ дар як сол барои ҳизб набояд аз 300 нишондиҳанда, яъне дар ҳудуди 2 ҳазор доллар ва аз шахсони ҳуқуқӣ аз якуним ҳазор нишондиҳанда, яъне 10 ҳазор доллар бештар бошад.
Шокирҷони Ҳаким, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, дар вокуниш ба ин тағйирот дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "ягон зарурат барои ин тағйирот вуҷуд надошт. Чунки бе ворид намудани ин иловаҳо ҳам соҳибкорон ва ашхосе, ки фаъолияти иқтисодӣ доранд, аз дастгирии молиявии ҳизбҳои мухолиф худдорӣ мекунанд. Дар Вазорати адлия низ намояндагони ваколатдори мақомоти амниятӣ ва милитсия кор мекунанд ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ таҳти назорати онҳо мебошанд."
Ҷаноби Ҳакимов, ҳамин тавр, тағйироти ахирро иқдоми нодуруст арзёбӣ кард, ки "барои пешрафти бисёрҳизбӣ дар Тоҷикистон монеа мешавад". Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ҳарчанд аз тасвиби тағйирот ба қонуни аҳзоби сиёсӣ дар шароити, ба қавли ӯ, "мушкил" ҷонибдорӣ кард, аммо гуфт, бояд даромади пулии ҳамаи ҳизбҳо тафтиш шавад, на фақат аз мухолифон.
Шабдолов, ки ҳизбаш дар интихоботи моҳи марти соли ҷорӣ натавонист вориди парлумон шавад, афзуд, "мо тарафдори он ҳастем, ки даромади пулии ҳизбҳо тафтиш шавад. Фақат ба ин шарт, ки ҳамаи ҳизбҳоро баробар тафтиш кунанд. Баъзе ҳизбҳоро тафтиш карда, баъзеяшро озод нагузоранд. Дар ин сурат метавонад қонун одилона бошад, вагарна ба фоида нест."
ВАЗИР: БОЯД ДОНЕМ, КИ...
Парлумони Тоҷикистон дар ҳоле иловаҳо ба қонуни ҳизбҳои сиёсиро тасвиб кард, ки ин тарҳ муддати тӯлонӣ дар баррасии Маҷлиси Намояндагон қарор дошт. Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳадафи ин тарҳро дар дақиқ намудани сармоягузорӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти молии аҳзоби сиёсӣ маънинидод кард. Ӯ гуфт, "бояд донем, ки дар кадом асос ва пояи молиявӣ ҳизбҳои сиёсӣ фаъолият карда истодаанд. Мақсади асосӣ ин роҳ надодани маблағҳои ғайриқонунӣ, барои мисол, аз хориҷи кишвар, аз сӯи гурӯҳҳои тундгаро ва сарватмандоне ҳаст, ки метавонанд ба ҳаёти сиёсӣ дахолат кунанд. Ин масъалаҳое ҳастанд, ки бояд ҳамаро ба ташвиш оранд ва ҳатман зери танзими ҳуқуқӣ қарор бигиранд."
Вазири адлия бар ин аст, ки "тамоми масоили сиёсӣ дар Тоҷикистон бояд дар доираи қонунгузориҳои сиёсӣ ва дар дохили кишвар ҳал шуда", набояд ҳизбҳо аз хориҷ маблағгузорӣ шаванд. Зеро, ба иддаои Рустам Шоҳмурод, ҳар маблағе, ки аз беруни Тоҷикистон ворид мешавад, "ҳадафи мушаххас дорад".
Ҳарчанд вазири адлия иқрор мекунад, ки тағйироти мазкур бо аҳзоби мухолиф мувофиқа нашудааст, аммо меафзояд "ин масъала дер боз мавриди баррасӣ қарор дорад ва дар сомоанаи вазорат низ нашр шуда буд."
ҲИМОЯТИ ЛАТИФЗОДА ВА ИСМОНОВ
Тибқи тағйироти ахир аҳзоби сиёсии Тоҷикистон муваззаф шудаанд, ки то 20-уми март дар васоити ахбори омма даромадҳои солонаи худро мунташир намоянд. Дар навбати худ саҳеҳияти ин маълумот аз ҷониби мақомоти дахлдор санҷида хоҳад шуд.
Рустам Латифзода, раҳбари Ҳизби аграрӣ ва узви Маҷлиси Намояндагон, мегӯяд, то имрӯз даромади ҳизбаш ошкор будааст ва ба ин далел тағйироти мазкур барои онҳо нигаронкунанда нест. "Мо ягон дороӣ ва маблағҳое надорем, ки шоистаи пинҳон кардан бошад. Албатта, ҳама чизи нав бо мушкил қабул карда мешавад, вале шояд муддате мегузарад ва маълум мешавад, ки чунин иқдом ба хотири нигаҳ доштани амният гирифта шуда буд ва хеле муҳим аст."
Саидҷаъфар Исмонов, раҳбари Ҳизби демократ ва вакили парлумон, бо он ки мегӯяд, тағйироти ахир ба қонун маҳдудиятеро барои аҳзоб эҷод мекунад, аммо бо таваҷҷӯҳ ба таҳаввулоти ахир дар минтақа ва ҷаҳон қабули онро муҳим номид. Ӯ гуфт, "ҳоло таҳдидҳо мавҷуд аст. Дар фаъолияти аҳзоби сиёсӣ пулҳои номаълум ҳаст ё нест, инро бояд исбот кард, вале бояд гуфт, имконияти ворид шудан вуҷуд дорад. Зеро вақте як нафар раиси ҳизб мешавад, ба он маънӣ нест, ки ӯ авлиё аст ва мо намедонем, ки ӯ чӣ ғараз дорад."
Шадид шудани назорати фаъолияти молии аҳзоби сиёсӣ аз тариқи қонун дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта парлумон ба “Қонуни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” низ тағйирот ворид кард, ки маҳдудиятҳоеро дар фаъолияти созмонҳои иҷтимотӣ дар назар дорад. Ду лоиҳаи тағйироти ахир, ҳам ба Қонуни аҳзоби сиёсӣ ва ҳам ба Қонуни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби вазорати адлияи Тоҷикистон таҳия ва ба парлумон пешниҳод шудаанд.
Дар зимн, дар Тоҷикистон 8 ҳизби сиёсӣ расман сабти ном шуда, фаъолият мебаранд. Аз ин 5 ҳизби сиёсӣ -- Ҳизби халқии демократӣ, аграрӣ, демократӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва суотсиалистӣ дар парлумон соҳиби курсианд. Се ҳизби дигар, коммунист, наҳзати исломӣ ва сотсиал - демократ дар интихоботи парлумонии 1 марти соли ҷорӣ натавонистанд ба Маҷлиси Намояндагон роҳ ёбанд. Нозирони умур шадид кардани назорати молиявии аҳзоби сиёсиро бештар ба маънии зери назорат гирифтани фаъолияти аҳзоби мухолиф, ба хусус Ҳизби наҳзати исломӣ ва сотсиал-демократ медонанд.