Бино бар хабари Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида барои ширкат дар панҷумин даври машваратҳои солонаи ИМА-Тоҷикистон, ки ин бор дар Вашингтон баргузор мешаванд, ҳайате таҳти сарварии вазири корҳои берунаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ба он ҷо сафар кардааст. Аз ин ҳайат рӯзи 16 июн Ёвари вазири умури хориҷии ИМА Ниша Десай Бисвол пазироӣ кардааст.
Машваратҳои дуҷонибаи солонаи Амрико ва Тоҷикистон аз соли 2010 инҷониб бо навбат дар яке аз ин кишварҳо баргузор шуда, дар онҳо масъалаҳои равобити байни ду давлат ба гунае баррасӣ мешаванд, ки бояд эътимод бунёд кунанд, барномаи муштаракро пеш баранд ва барои ҳамкорӣ дар масъалаҳои дуҷониба ва минтақаӣ имконият ба вуҷуд оранд.
Ба ғайр аз гуфтушуниди ҳайатҳо интизор меравад, ки вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов рӯзи 17 июн бо ноиби вазири умури хориҷиии ИМА Энтонӣ Блинкен дидору гуфтугӯ кунад.
Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, гуфтугӯҳо ба масъалаҳои башарӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва сиёсии муносибатҳои дуҷониба тамаркуз хоҳанд дошт ва ИМА аз таҳкими равобит бо Тоҷикистон ҳамчун як коршарики муҳими худ дар минтақа, ки аҳамияти ҷаҳонии он рӯ ба афзоиш дорад, истиқбол мекунад,
Даври гузаштаи машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва ИМА аввали моҳи июни соли гузашта дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд. Ҷониби ИМА дар ин машварат Ниша Бисвал, ёвари вазири умури хориҷии Амрико дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ва ҷониби Тоҷикистонро Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии ин кишвар намояндагӣ карда буданд.
Хонум Ниша Бисвал дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, "муколамаҳои хеле ошкору самимона ва фаъолона доштем. Мо имконоти фаровонеро барои тақвияти равобити ҳарду кишвар мебинем. Дар ҷараёни машваратҳои дуҷониба мо дар бораи ҳамкориҳои амниятӣ миёни ҳарду кишвар, аз ҷумла дар бораи давраи гузариш дар Афғонистон, сӯҳбат кардем. Мо бо дӯстону ҳамкоронамон дар Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунем, то онҳо дар мавриди тавоноияшон ба ҳифозати марзҳо, коҳиши қочоқи маводи мухаддир, терроризм ва ифротгароии хушунатомез мутмаин бошанд. Мо дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди иқтисодӣ низ сӯҳбат кардем. Иёлоти Муттаҳида хеле мехоҳад, ки шукуфоӣ ва пешрафти мардуми тоҷикро бубинад. Мо ҳамчунин дар бораи иқдомоте сӯҳбат кардем, ки метавонанд сармоягузорӣ ба Тоҷикистонро ташвиқ кунанд.”
Нахустин даври машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва ИМА моҳи феврали соли 2010 дар Вашингтон шурӯъ шуда буд, ки дар он ҳамкориҳо дар бахшҳои амниятӣ, молиявӣ, энержӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ баррасӣ шуда буданд. Тоҷикистон бо ИМА аз соли 1992 равобити дипломатӣ оғоз кардааст. Муддати беш аз 20 соли ахир ИМА ба Тоҷикистон тавассути барномаҳо ва кумакҳои башардӯстона барои ҳимоят аз ниҳодҳои демократӣ, тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисоди Тоҷикистон беш аз 1 миллиард доллар ихтисос додаанд.