Додгоҳи Хуҷанд авоили ҳафтаи ҷорӣ собиқ имомхатиби як масҷиди панҷвақтаи ин шаҳрро ба иттиҳоми пайравӣ аз равияи дар Тоҷикистон мамнӯи "Салафия" ва таблиғи ақидаҳои ин гурӯҳ, барои 6 сол маҳкум ба зиндон кард. Абдуллоҳ Сайдуллоев бар пояи моддаи 307 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне "иштирок дар фаъолияти ташкилоти экстремистӣ", ба зиндон маҳкум шудааст.
Имомхатиби масҷиди "Сари санг" чаро зиндонӣ шуд?
Ба гуфтаи манобеъ аз додгоҳи Хуҷанд, Абдуллоҳ Сайдуллоев, сокини 35- солаи маркази вилояти Суғд, солҳои 2004 - 2007 дар Арабистони Саудӣ таҳсили динӣ карда, баъд аз бозгашт ба ватан, муддате имомхатиби масҷиди "Сари санг"-ро бар ӯҳда дошт ва дар масҷид ва манзилаш ба тарзи салафӣ намоз мегузорид.
Бар пояи хабарҳои расмӣ, шурӯъ аз соли 2016 гузашта дар вилояти Суғд беш аз 20 имомхатиб барои узвият дар созмони "Ихвон-ул-муслимин" ва пайравӣ аз равияи "Салафия" боздошт ва зиндонӣ гардиданд.
Як сокин дар додгоҳ бар зидди ӯ шаҳодат додааст, ки дар намозгузорӣ даст боло кардани ӯ вақти шурӯъ кардан ба намоз аз дигарон фарқ мекард ва ӯ ҳамин тавр намоз гузориданро дуруст дониста, ба дигарон талқин менамуд. Ба гуфтаи манобеи додгоҳ, Сайдуллоев баъд аз эълони ҳукм аз гуфтани сухани охирин худдорӣ ва сукут кардааст.
Ҳамчунин ӯ нахостааст, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқҳояш вакили дифоъ бигирад ва аз хидмати вакили дифои давлатӣ низ даст кашидааст. Ба маълумоти додгоҳ, ӯ 35-сола ва оиладор буда, соҳиби ду кӯдаки хурдсол мебошад.
Ҳангоми боздошти Сайдуллоев дар моҳи октябри соли 2017, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз манзили зисти ӯ ҳудуди 200 адабиёти динӣ ва бархе мамнӯъ дар Тоҷикистон, мисли китоби "Паноҳгоҳи мусалмон" дарёфт ва мусодира кардаанд. Додгоҳ мегӯяд, мақомот 2 бародари Абдуллоҳ Сайдуллоевро, ки дар кишварҳои арабӣ қарор доранд, таҳти пайгарди қонунӣ қарор додааст.
Ҳабси беш аз 20 имомхатиб дар Суғд
Бар пояи хабарҳои расмӣ, шурӯъ аз соли 2016 гузашта дар вилояти Суғд беш аз 20 имом барои узвият дар созмони “Ихвон-ул-муслимин” ва пайравӣ аз равияи "Салафия" боздошт ва зиндонӣ гардиданд.
Дар моҳи майи соли 2016 дар вилояти Суғд панҷ имом-хатиб- Алишер Олимов, Қобил Сангинов, Ғуфрон Анваров, Довуд Охунов ва Хуршед Боваров ба иттиҳоми узвият дар созмони “Ихвон-ул-муслимин” (Бародарони мусалмон), ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ аст, ба муддати 5 сол равонаи зиндон шуданд.
Дар моҳи июни ҳамон сол низ 7 имоми саршиноси вилояти Суғд бо иттиҳоми мушобеҳ ба муддатҳои 3 сол ва 3 солу 4 моҳ маҳкум ба зиндон шуданд. Моҳи октябри соли 2017 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо иттиҳоми пайравӣ аз равияи мамнӯи “Салафия” Илҳомиддин Абдуллоев, имоми масҷиди шаҳраки Чорухдаррон, шимоли Хуҷанд ва чор намозгузори ин масҷидро ба муҳлатҳои 3 – 3.5 сол паси панҷараи зиндон равон карданд.