Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 7 имом-хатиб ва ходимони масҷидҳои Суғдро бо ҷурми узвият дар созмони мамнӯи “Ихвонулмуслимин" ба зиндон маҳкум кард. Ба гуфтаи як манбаъи наздик ба тафтиши ин парванда, бо ҳукми додгоҳ Мақсуд Урунов – имом-хатиби масҷиди марказии шаҳри Конибодом, муовини вай - Аббос Абдураҳмонов ва хатиби ин масҷид - Ҳусейн Тӯхтаев, Абдуҷамил Юсуфӣ – имом-хатиби масҷиди марказии ноҳияи Ғафуров, Сулаймон Болтуев – имом-хатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Гулистон (Қайроққум), Ҳамзаалӣ Султонов – имом-хатиби собиқи масҷиди “Тақво”–и шаҳри Хуҷанд ва Маҳдӣ Болтаев – имом-хатиби масҷиди ҷамоти Навгилеми ноҳияи Исфара ба мӯҳлатҳои аз 3 то 3 солу 4 моҳи зиндони низомаш сахт маҳкум шуданд.
Ба гуфтаи ин манбаъ, додгоҳ ҳукм кард, ки шаш нафари аз онҳо хатмкардаи Донишгоҳи исломии шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ буда, дар охирҳои солҳои 1990 вориди ҳаракати динии “Ихвон ул-муслимин” шудаанд ва то лаҳзаи боздошт ба ҳмин ақида устувор будаанд. Дар ин миён танҳо Маҳдӣ Болтаев мадрасаи исломии шҳри Тошкандро хатм карда, шаҳрвандии Ӯзбакистонро низ доштааст.
Ин ходимони расмии дин моҳи марти соли ҷорӣ аз ҷониби нерӯҳои пулис дастгир шуда, тафтиши парвандаи онҳоро додситонии Суғд анҷом додааст. Таҳқиқи ин қазия зери мӯҳри махфӣ ҷараён дошт ва ба толори мурофиа аз ҷониби айбдоршавандагон танҳо вакилони дифоъ роҳ дода мешуданд. Ҷузъиёти фаъолияти ходимони дини зиндонишуда ошкор нашудааст.
Файзиннисо Воҳидова, вакили дифои Сулаймон Болтуев, имом-хатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Гулистон дар мусоҳибаи қаблиаш бо Радиои Озодӣ гуфта буд ки зерҳимояаш дар толори додгоҳ иқрор кардааст, ки воқеан ҳам узви ин созмон буд: “Вале, ба гуфтаи худи онҳо, фаъолияташон фақат аз даъвати сокинон ба ислом иборат буд. Дигар ягон амале, ки барои тағйири сохтори конститутсионии Тоҷикистон ё даъват ба кинаву адовати диниву мазҳабӣ бошад, содир накардааст. Намозгузориву ақидаашон ҳам пурра аз рӯи мазҳаби ҳанафӣ будааст. Фақат мақсад гузошта будаанд, ки бо роҳи даъвати осоишта шумораи пайравон ва намозгузорони исломиро дар кишвари худ зиёд гардонанд."
Боздоштҳои имом-хатибони масоҷиди Суғд аз ҷониби мақомот баҳори соли равон шурӯъ шуда, дар ҳоли ҳозир алайҳи ҳудуди 15 нафари онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст. Аммо бархе манобеъ шумораи ходимони динеро, ки барои бозпурсиҳо ва ё сӯҳбатҳо бо органҳои ҳифзи ҳуқуқ даъват мешаванд, ба маротиб зиёд мегӯянд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳанӯз далелҳои боздошти зиёди масъулони расмии масҷидҳоро шарҳ надодаанд. Тафтиши парванда ва мурофиаи додгоҳии онҳо ба таври махфӣ ва паси дарҳои пӯшида ҷараён мегирад.
Вале чаро мақомот маҳз ҳамин сол имом-хатибони масҷидҳоро, ки аз рӯи муқаррароти ҳукумати Тоҷикистон танҳо баъди тасдиқи худи мақомоти масъул ба кор мепардозанд, шурӯъ карданд? Дар ҳолате, ки худи сохторҳои ҳифзи ҳуқауқ аз шарҳи ин масъала бо матбуот худдорӣ мекунанд, намояндагони Кумитаи дин бовар доранд, ки барои ин далели
мӯътамад дар даст доранд. Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, имом-хатиби масҷиди марказии Шайх Муслиҳиддин ва раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд дар посух ба ин саволи Озодӣ гуфт, посухи аниқи ин саволро мақомти ҳифзи ҳуқуқ медонанд. Вай гуфт, дар Тоҷикистон “Ҳеҷ касро бесабаб боздошт намекунанд. Касе, ки ҷиноят карда бошад, ҷазо мегирад.”
Танҳо Абдусаид Амонов, сармутахассиси шӯъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар ҳукумати Суғд гуфт, ҳарчанд ҷузъиёти боздошт ва амалҳои мухолиф ба қонун содиркардаи онҳо барои вай равшан нест, вале “Мақомоти масъул дар як ҷаласа гуфтанд, ки ходимони боздоштшудаи масҷидҳо бо созмонҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнуи “Ихвон-ул-муслимин ” ҳамдастӣ доштаанд, гӯё бо намояндагони ин созмон дар хориҷа робита доштаанд ва аз онҳо маблағ гирифтаанд. Мақомоти масъул онҳоро бесабаб дастгир накарда, барои исбот намудани гуноҳи онҳо далелҳое дар даст доштаанд.”
Амонов гуфт, ки номзадии имом-хатибҳои масҷидҳоро ҳайъати муассисони ин сохторҳои динӣ ба мақомот пешниҳод мекунанд. Кумитаи дин танҳо баъди гирифтани хулоса ва ризояти мақомоти дахлдор он номзадро ба вазифаи имом-хатибӣ таъин мекунад.